Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен: "Тавсияи созмонҳоро дар робита ба ҳамҷинсгароён иҷро карда наметавонем" ВИДЕО


Зариф Ализода
Зариф Ализода

Омбудсмени Тоҷикистон гуфт, ки тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди ақаллиятҳои ҷинсиро иҷро карда наметавонанд, чун ахлоқи ҷомеа ба ин иҷоза намедиҳад. Аммо ӯ гуфт, ин ба маъное нест, ки ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон таъқибу муҷозот мешаванд.

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 31-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ҳамаи мо хуб медонем, ки дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Эъломияи ҳуқуқи башар аз нигоҳи ахлоқӣ ворид кардани баъзе маҳдудиятҳо қобили қабул аст. Ҳам барои амният, ахлоқ ва ҳам саломатӣ. Фикр мекунам, мо дар солҳои наздик ин чизро қабул карда наметавонем."

Ализода афзуд, дар ҷомеаи Тоҷикистон намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ ҳастанд, вале касе онҳоро барои тамоюли ҷинсиашон таъқиб намекунад ва озор намедиҳад.

"Ин ба ахлоқи ҷомеаи мо мувофиқ нест. Вале ин ба маъное нест, ки мо онҳоро ҷазо диҳем ё таъқиб кунем", - гуфт омбудсмени Тоҷикистон.

Дар солҳои охир созмонҳои байналмилалӣ аз шиканҷа ва таъқиб шудани баъзе ҳамҷинсгароҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Як кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта дар як гузориш ҳамҷинсгароҳоро “қурбонии шиканҷа, бадрафторӣ ва шантаж” номид.

Феҳристи беш аз 300 ҳамҷинсгаро дар дасти мақомот

Аз ҷумла, дар моҳи майи соли гузашта Кумитаи маҳви шиканҷа ва бадрафторӣ ба Тоҷикистон машварат дод, ки бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии худ баробарии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ақаллиятҳои ҷинсиро риоя ва қонунҳои мувофиқ барои ҳифзи ҳуқуқи онҳоро таҳия намояд. Аз давлати Тоҷикистон ҳамчунин хостанд, ки шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба ҳамҷинсгароҳо, аз ҷумла аз тарафи баъзе мақомотро ошкоро маҳкум кунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Омбудсмени Тоҷикистон: "Тавсияяҳоро дар робита ба ҳамҷинсгароҳо иҷро карда наметавонем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

“Тоҷикистонро зарур аст, ки ба хабари бадрафторӣ ва шиканҷа шудани ҳамҷинсгароҳо чораҳои фаврӣ андешад. Таҳқиқ кунад ва мурофиаи додгоҳӣ баргузор намояд. Иҷоза надиҳад, ки онҳо таъқиб шаванд”, - омадааст дар Кумитаи маҳви шиканҷа ва бадрафторӣ.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2017 феҳристи беш аз 300 узви ақаллиятҳои ҷинсиро тартиб дода ва гуфта буданд, ки ин афрод ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъди онки ин феҳрист мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, "феҳристро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд".​

"Легализатсия намешаванд"

Рӯзи 31-уми январ, ба дунболи нишасти хабарии Омбудсен, дафтари матбуотии ин ниҳод гуфт: "Манзури ваколадор оид ба ҳуқуқи инсон ин буд, ки тибқи тавсияҳои сохторҳои шартномавии СММ онҳо бояд таъқиб карда нашаванд. Дар қонунгузории Тоҷикистон ҳеҷ меъёре ҷиҳати таъқиб намудани ЛГБТ (афроди мутааллиқ ба гурӯҳи аққалиятҳои ҷинсӣ) вуҷуд надорад. Танҳо ҳангоми «фоҳишагӣ» (танфурӯшӣ) дастгир шудан, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Инчунин бо назардошти меъёрҳои ахлоқӣ ва фарҳанги миллӣ онҳо расмӣ (легализатсия) карда намешаванд (яъне, никоҳи мард бо мард, зан бо зан). Ва ин хилофи санадҳои байналмилалӣ низ намебошад."

"Рафтори мақомот ба дигар аъзои ҷомеа намуна мешавад"

Дар ҳамин ҳол, бархе фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, барои фароҳам омадани шароити амну мусоид барои зиндагии афроди марбут ба гурӯҳи ақаллиятҳои ҷинсӣ пеш аз ҳама чунин фаҳмише бояд вуҷуд дошта бошад, ки афроди марбут ба ин гурӯҳ ҳам инсон ҳастанд. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, вақте мақомоти огоҳу таҳсилкарда дар робита бо ақаллиятҳои ҷинсӣ мавқеи маҳкумкунандаи баҳсбарангез доранд, дар сатҳи поин ваё бахши дигари ҷомеа ин мавзӯъ метавонад шакли табъизу таҳқирро касб кунад.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, "бубинед, дар Русия дар телевизионҳо мақомоти баландпоя ва ҳам афроди саршиносу маъруф баромада ақаллиятҳои ҷинсиро ошкоро таҳқир ва дар ҳақашон бадгӯӣ мекунанд. Баъди ин, бисёр шудааст, ки дар кӯча ба духтар ё писаре, ки аз назари онҳо узви ЛГБТ аст, ҳамла мекунанд. Ин шахс медонад, ки аксарият дар ҷомеа ӯро тарафдорӣ мекунанд, бехабар аз он ки ин амали ӯ ҷиноят ва табъиз аст. Мо набояд дар ҷомеаи худ ба ин роҳ диҳем."

Ҳомии дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Дилрабо Самадова ҳам гуфт, дар кишвари мо сарфи назар аз он ки шахс кадом шакли ҳаёт ва кадом тарзи зиндагиро интихоб мекунад, баробарҳуқуқ бо афроди дигари ҷомеа аст. Ва бояд баробар бо дигарҳо ҳимоят шавад.

Як духтари ҳамҷинсгарои сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ, зиндагии ӯ дар Тоҷикистон зиёд мушкил надорад, ба шарте ки атрофиён аз мансубияти ӯ ба ин гурӯҳ огоҳ набошанд.

"Ҳамаи наздикону хешовандони ман ин рафтори маро медонанд ва ман озодона мегардам. Вале аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё бо бегонагон инро ташвиқ намекунам. Медонам, ки агар ба нафари бегона нақл кунам, маро маҳкум мекунанд. Барои духтарон чандон мушкил нест, вале барои писарон мушкил аст", - нақл кард ӯ.

Дар Тоҷикистон дар як мурофиаи камназире моҳи апрели соли 2018 Додгоҳи ноҳияи Сино майор Шоҳрамазон Боронов, капитан Нарзуллои Асламзод ва шарики онҳо Диловар Мирзоевро 165 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Додгоҳ гуфт, ин шаҳрвандон дар қаллобӣ гунаҳкор мешаванд, вале дар шарҳи гуноҳи онҳо гуфта шуд, як шаҳрванди Тоҷикистонро таҳдид ва шантаж кардаанд, ки дар бораи ҳамҷинсгароии ӯ маълумоти бадномкунанда пахш мекунанд.

XS
SM
MD
LG