Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ранги зардамро бубину... 7500 маризи зардпарвин


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки теъдоди гирифторони бемории зардпарвин ва ё гепатити "А" дар кишвар 25 дарсад афзоиш ёфтааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати назорати санитарӣ – эпидемиологии вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин беморӣ дар ҳар панҷ сол хуруҷ мекунад ва имсол шумори мубталоёнаш ба 7 500 расидаааст, ки 85 дарсадашон кӯдакони то 14-солаанд. Дар ҳамин давраи соли 2012 шумори маризон зардпарвин дар Тоҷикистон зери 6 000 гуфта мешуд.

Ҷаноби Ҷаъфаров таъкид мекунад, ки омили аслии мубтало ба зардпарвин истифода аз обҳои олуда аст: «Зардпарвин аз маризиҳои сироятиест, ки тавассути об сироят меёбад. Авҷи ин беморӣ маъмлун дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ мушоҳида мешавад.»

Афзоиши шумори беморони зардпарвин дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
Линки мустақим


Шаҳло Раҳимова, як сокини 28-солаи ноҳияи Шаҳринав, ки тоза аз бемористон берун шудааст, мегӯяд, духтурон иллати гирифтории ӯ ба бемории зардпарвинро истеъмоли оби олуда донистанд. Шахло мегӯянд, аз ташхиси духтурон розист, зеро обе ки онҳо менӯшанд, гоҳҳо тавассути заминҳои пахта чанд партовгоҳро шуста, ба оби дарё ҳамроҳ мешавад. Шаҳло мегӯяд, «ман аввал дар хона табобат гирифтам, нашуд, баъд ба беморхона рафтам. Онҷо қариб ду ҳафта хоб кардам, ба ман гуфтанд, ки бемориям тоза хуруҷ кардааст ва ҳанӯз шадид нест.» Баъди ду ҳафта табибон аз бемористон ҷавобаш додаанд, зеро, ба гуфтаи онҳо, дар миёни маризони ҳолашон шадидтар мондани ӯ баръакс ба зарараш тамом мешавад.

Холисамоҳ Кабирова, як сокини шаҳри Душанбест, ки ду фарзандаш пайи ҳам ба маризии зардпарвин ва ё гепатити "А" ва "В" гирифтор шудаанд: «Дидам, ки ранги рӯи писарам зард шудааст, болои ин қувват надошт, доим хоб мекард. Баъд анализҳояшро супоридам, ки зардпарвин бароварданд ва ба беморхона хобониданд». Аммо, мегӯяд хонуми Холисамоҳ, писараш дар беморхона сиҳат наёфт ва наздиконаш тавсия доданд, то ӯ писарашро бо табобати гиёҳдармонӣ муолиҷа кунад.

Холисамоҳ ба ин далел ба табибони мардумӣ рӯ овард: «Ҳатто дар беморхонаи «Шифо» бистарӣ ва муолиҷа кардем, аммо онҷо гуфтанд, ки писари шуморо на ҷигар, балки шушаш бемор аст. Писари калониям, ки гирифтори гепатити «А» буд, аз табобати гиёҳҳо, алафҳои шифобахш сиҳат шуд. Баъде ки писари хурдиям ҳам мариз шуд, ба духтур набурдам. Ҳоло парҳез мекунад, тухм ва гӯшти гӯсфанд намедиҳам».

Аммо табибон мегӯянд, зардпарвин бемории ҷиддист, ки дар сурати табобати нодуруст метавонад ба марги инсон биорад. Ба ин далел, мегӯянд онҳо, шахси беморро бояд дар бемористони вижаи амрози сироятӣ таҳти муроқибати шабонарӯзии табибони касбӣ муолиҷа кунанд, на бар асоси «ресепт»-ҳои машкуки ба истилоҳ «табибони мардумӣ».

Ба бовари мутахассисон, омили дигари афзоиши бемории зардпарвин дар ин авохир зиёд шудани партовҳо дар маконҳои бозии кӯдакон дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон аст. Партовгоҳҳо низ метавонанд як манбаъи олуда шудани мардум ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла зардпарвин шавад.

Холмурод Алиҷонов, сардори шӯъбаи гигиенаи коммуналии хадамоти назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, хуруҷи зардпарвинро ба се сабаби аслӣ вобаста медонанд: истифода аз оби нопоки ошомиданӣ, риоя накардани қоидаҳои маъмулии беҳдошти шахсӣ ҳангоми истеъмоли ғизо, махсусан об ва меваю сабзавот ва сеюм - «сироятёбӣ аз нафари бемор ба шахси солим як воситаи дигари паҳншавии ин беморӣ аст. Вақти дар тамос шудан бо нафари бемор бояд хеле эҳтиёт кард, аммо на ҳама инро риоя мекунад».

Ҳарчанд масъулони вазорати тандурустӣ омори фавтидагон аз бемории зардпарвинро дар даст надоранд, аммо мегӯянд, чунин ҳолатҳо ками дар каманд. Ба гуфтаи табибон, табобати сад дарсади мубталоён ба гепатити "А", "Б" ва "С" дар Тоҷикистон ройгон нест, аммо масъулони вазорати тандурустӣ мегӯянд, нафароне, ки аз имтиёзҳои вижае бархӯрдоранд, ба таври ройгон табобат мешаванд.

Мақомоти беҳдоштӣ эътироф мекунанд, ки тавони ба сурати мутамарказ эм кардаин мардум аз зардпарвинро надоранд. Онҳо покиза нигаҳ доштани обро як василаи ҷилавгирӣ аз густариши бемории зардпарвин ва ё гепатити "А" дар Тоҷикистон меноманд. Зеро, мегӯянд мақомот, шумори гирифторони зардпарвин дар минтақаҳое, ки шабакаҳои хубтари обрасонӣ доранд, хеле камтар будааст.
XS
SM
MD
LG