Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: "Дар минтақа аз ҳама кам тоҷикон арақ менӯшанд" (ВИДЕО)


Тибқи гузориши солонаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ кишваре дониста мешавад, ки аҳолияш аз ҳама кам нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунанд.

Дар гузориши солонаи Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт ё худ World Health Organization (WHO), ки рӯзи 12-уми май нашр шуд, омадааст, ки дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар нафар солона 2,8 литр спирт менӯшад. Миёни кишварҳои минтақа Қирғизистон ва Туркманистон 4,3 литр, Узбакистон 4,6 ва аз ҳама зиёд дар Қазоқистон ҳар нафаре солона 10,3 литр спирт истеъмол мекардааст. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи гуфтаҳои коршиносони СУБ, танҳо дар соли 2012 аз истеъмоли машруботи спиртӣ 3,3 миллион нафар фавтидаанд.

Дар гузориши Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт, ки мизони истеъмоли нӯшокиҳои алкоҳолӣ дар 196 кишвари аъзои ин созмонро арзёбӣ кардааст, гуфта мешавад, ки ба ҳисоби миёна дар сол ҳар нафари аз 15-сола боло 6,2 литр спирти тоза менӯшад. Аммо камтар аз нисфи аҳолии сайёра, 38,3 дарсад аз нӯшокиҳои спиртӣ истифода мекардаанд. Таҳлилгарони ин созмон менависанд, ки агар ин шумораро миёни истеъмолгарони нӯшокиҳои спиртӣ тақсим кунем ба ҳар нафаре 17 литр дар сол рост меояд.

Таҳлилгарони Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфтаанд, ки кишварҳои Апрупо дар истеъмоли алкоҳол ҳамоно пештозанд. Сокинони Белорусия, яке аз кишварҳои аврупоӣ дар қуллаи баланди рекорд аз ҷиҳати истеъмоли машруботи алкоҳол қарор доранд. Ҳар як сокини аз 15 сола болои Белорусия солона 17,5 литр спирти тоза менӯшидаанд.
Дар ҷои дувум молдованҳо қарор доштаанд, ки солона 16,8 литр ҳар яке истеъмол мекардаанд ва сокинони Литва бо 15,4 литр дар сол дар ҷои севуманд. Кишвари Русия дар ҷаҳон дар ҷои чорум қарор дорад, ки солона ҳар яке аз сокинони ин кишвар 15,1 литр спирт менӯшидаанд.

Дар зинаи поёнии истеъмолгарони алкоҳол кишварҳои шарқӣ қарор доштаанд. Аз ҷумла сокинони Эрон ба ҳисоби миёни дар як сол 1 литр, Афғонистон 0,7 литр ва Покистон 0,1 литр спирти тоза менӯшидаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон талабгорони шаробу арақ коҳиш ёфтааст ва таҳлигарон омили аслии онро ба мазҳабитар шудани ҷомеаи Тоҷикистон рабт медиҳанд. Ҳоло сокинон мегӯяд, агар солҳои гузашта шаробнӯшӣ як василаи роиҷи фароғату хушҳолӣ ва рафъи хастагиҳо буд, солҳои он ба як амали шармовар табдил шуда, атрофиён ба шаробнӯш бо нафрат менигаранд ва аз сӯҳбат бо ӯ парҳез мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҳоло 24 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ фаъолият доранд, ки солона ҳудуди 100 ҳазор декалитр машруботи спиртӣ истеҳсол мекунад. 100 декалитр баробари як тонна аст. Аммо ба гуфтаи соҳибназарон дар солҳои 80-уми асри гузашта Тоҷикистон 13 миллион декалитр шароб ё май истеҳсол мекард, ки аксараш ба хориҷа содир мешуд. Барои мисол, майи машҳури «Ғончӣ» дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ соҳиби 19 медали сифат шуда буд. Дар муқоиса бо замони шӯравӣ, истеҳсоли шароб дар Тоҷикистон 200 маротиба поён рафтааст.
XS
SM
MD
LG