Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳама медонад, Онишенко як бозичаи бечораи сиёсист"


Абдулло Давлатов, раиси "Иттиҳоди тоҷикони Русия".
Абдулло Давлатов, раиси "Иттиҳоди тоҷикони Русия".

Дар мулоқоти ахири Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бо раҳбарони созмонҳои иҷтимоии ақалиятҳои миллӣ, масъалаҳои тағйирот дар қонунҳои муҳоҷирати Русия, боздоштҳои ахири муҳоҷирони хориҷӣ дар Маскав баррасӣ шуд

Вале мавзӯи аслии баҳс дар ин мулоқот омӯзиши ҳатмии забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ буд. Дар остонаи ин мулоқот Сергей Собянин-иҷрокунандаи мақоми шаҳрдори Маскав ҳушдор дод ва гуфт, муҳоҷирони корие, ки забони русиро намедонанд, аз Маскав ихроҷ хоҳанд шуд.

Дар мусоҳибае аз Абдулло Давлатов-раиси “Иттиҳоди тоҷикони Русия”, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, пурсидам оё ширкаткунандагони мулоқот дар бораи ин ҳушдори Собянин изҳори назар карданд?

Давлатов: Бале, дар ин бора ҳам сӯҳбат шуд ва ман шахсан изҳор доштам, ки чунин баёнияҳо аз ҷониби шаҳрдории Маскав нодуруст аст. Дар мулоқот гуфтанд, ки воқеан ҳам ҳамин гуна баёния будааст. Вале гуфтанд, ки ба қавле як ду вожаро аз ҷумлаи пурра гирифтаанд ва он нуқси ҳуқуқӣ пайдо кардааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи Собянин ин будааст, ки агар касе ба забони русӣ эҳтиром намегузорад ва аз омӯзиши забони русӣ ё қонунҳои амалкунанда сарпечӣ мекунад, онҳоро намехоҳанд, дар Маскав роҳ диҳанд. Хуб, на танҳо муҳоҷирони хориҷӣ, худи шаҳрвандони Русия ё сокинони Маскав низ қонунро бояд риоят кунанд. Дар атрофи ин масъала сӯҳбатҳои зиёд шуд. Хадамоти муҳоҷирати шаҳрдории Маскав кӯшишҳои зиёд дорад, калисои провославии масеҳӣ ҳам барномаҳо таҳия шудааст ва онҳо пешниҳод мекунанд, ки дар шаҳри Маскав марказҳои омӯзиши забони русӣ боз шавад. Ҳоло бо кӯмаки онҳо як маркази омӯзишӣ дар назди ВДНХ, яке дар метрои Пролератская, дигаре дар метрои Рихина ва якеи дигар дар наздикии маркази “Иттиҳоди тоҷикони Русия” дар наздикии метрои Университет ифтитоҳ кардем ва дар ин марказҳо муҳоҷирони корӣ метавонанд ба таври ройгон забони русиро омӯзанд.

Озодӣ: Оё муҳоҷирон омода ҳастанд ба ин марказҳо оянд ва забон омӯзанд?

Давлатов: Мушкилӣ он аст, ки мо наметавонем ба он ҳамватанонамонро пурра ҷалб кунем. Вақте, ки бо онҳо сӯҳбат мекунем ва мегӯем, ки биёед ҳамин ҷо забон омӯзед, имтиҳонҳоятонро бо кӯмаки мо супоред ва сертификати забони русиро гиред, онҳо кам алоқамандӣ нишон медиҳанд. Муттаассифона, рӯҳияи мардуми он тавр аст, ки онҳо мехоҳанд пора диҳанду ҳамин сертификатҳоро гиранд. Вале шаҳрдории Маскав чандин бор ҳушдор додааст, ки дигар ин корҳо намегузаранд ва маълумотномаҳои омӯхтани забони русиро дигар бо пул пайдо намекунед ва эҳтиёҷмандон бояд баъди забономӯзӣ соҳиби сертификат шавад.

Озодӣ: Шояд бештар муҳоҷироне чунин рафтор мекунанд, ки ба таври қонунӣ кор намекунанд ва аз омӯзиши забон худро дар канор нигоҳ медоранд. Бо шадидтар шудани муқаррарот онҳо дар оянда ба мушкил рӯ ба рӯ нахоҳад шуд?

Давлатов: Барои онҳо мушкил пеш меояд. Вале мо танҳо онҳоеро ба омӯзиши забон ҷалб мекунем, ки дар чаҳорчӯбаи қонун дар ин ҷо фаъолияти корӣ ва буду бош доранд. Онҳое, ки ғайриқонунӣ ҳастанд, бо афсӯс ёдоварӣ мекунам, ки ба онҳо аз тарафи сохторҳои муҳоҷират ва мӯҳлатҳо ҳам дода шуда буд. Қонунҳо сангин шудаанд ва ҳар касе, ки ин муқарраротро риоят намекунад ва ё намехоҳад, дигар ба онҳо касе кӯмаки ғайриқонунӣ карда наметавонад ва онҳо бояд худро дар чаҳорчӯбаи қонун бигиранд. Барои осон шудани кор бо ҳамватанонамон ҳатто мо бо кормандони маркази имтиҳонҳои забони русӣ сӯҳбат кардем ва онҳо тайёр ҳастанд, ки дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати шаҳрдории Русия ба сохтмонҳо, ба бозорҳо ва ҷойҳои кори муҳоҷирони мо бираванд ва дар он ҷо аз муҳоҷирони мо имтиҳони забони русӣ бигиранд.

Озодӣ: Оё раҳбарони ақалиятҳои миллӣ дар бораи баёнияҳои ғайричашмдошт ва гаҳ-гоҳи Геннадий Онишенко-раиси “Роспотребнадзор” роҷеъ ба бемориҳо дар мулоқот бо Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия низ сӯҳбат карданд?

Давлатов: Албатта сӯҳбат карданд ва ин масъала тақрибан дар ҳар мулоқот ба миён гузошта мешавад. Дар оянда ҳам ин корро мекунем. Масалан, 27 июн дар Шӯрои Миллатҳо дар Қасри миллатҳои Маскав як мулоқоти Мизи гирд дар назар дошта шудааст. Дар ин мулоқот ман маърӯза мекунам. Ман ин маърӯзаро аз ҳоло фиристодаам ва он бояд чоп ҳам шавад, дар он ҷо ман ба бемасъулиятии мансабдорон таъкид кардаам, ба воситаҳои ахбори умум, ки ба ҳангомасозӣ машғуланд. Агар аз нуқтаи назари қонун ба ин масъалаҳо нигоҳ кунем, онҳо душмании байни миллатҳо ва байни мазҳабҳоро бармеангезанд. Барои ҳамин барои таъмини амнияти давлат ва оромӣ нисбати онҳо чора дида шавад.

Суол: Ба фикри шумо ҳангомаҳое, ки ахиран Онишенко дар бораи гирифтории муҳоҷирони тоҷик ба бемории домана ба роҳ андохт, то чӣ андоза ба ҳақиқат дуруст меояд?

Давлатов: Хуб, Онишенкоро ҳама медонад, ки як бозичаи бечораи сиёсист ва аз вай гаҳ-гоҳе истифода мекунанд. Албатта, ин наметавонад, бемориҳои муҳоҷирони тоҷикро “сафед” кунад, лекин мо медонем, ки дар Русия ҳам дар як минтақааш ҳатто хатари рӯ задани бемории вабо пеш омда буд. Шаҳрвандони худи Русия сабабгори он буданд. Ҳатто дар кӯдакистонҳо бемориҳои сирояткунанда сабаби марги тифлон шудааст. Ин ҳам ҳаст. Барои ҳамин ин ҷо айби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон нест.
XS
SM
MD
LG