Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси тасвири бадани урён дар як Донишкадаи Тоҷикистон. ВИДЕО


Донишҷӯёни яке аз донишкадаҳои рассомии Тоҷикистон тасвири одами нимурёнро меомӯзанд.

Тасвири бадани нимурёни инсон бахше аз дарсҳои ин рассомони оянда аст. Агар бархе аз ин муҳассилин, ин бахшро барои фаъолияти ояндаи худ муҳим донанд, барои гурӯҳи дигар, ширкат дар ин дарс осон нест ва бархе ҳам аз ширкат дар он шарм медоранду фирор мекунанд.

Дарси тасвири бадани урён дар як Донишкадаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00


Донишҷӯён ҷузъиёти ин дарси худро аксаран ошкор намекунанд, чун медонанд, ки бархурди ҷомеа мусбат нахоҳад буд.

Абдулносир, яке аз донишҷӯёни мактаби рассомӣ, намехоҳад аз ин дарсҳо дур монад.

Бо он ки дар ин бора ба дигарон зиёд ҳам ҳарф намезанем, аммо омӯхтани онҳо бароямон зарур аст. Мо дар ин дарсҳо метавонем тасвири пусти одамро омӯзем. Аз марду зан он якхел нест”--, мегӯяд ӯ.

Дар ин дарсҳо як модел ё симонишин бо тани нимаурён ширкат мекунад ва донишҷӯён ҳам дар ҳузури омӯзгор дар рӯ ба рӯи модел қарор гирифта, тасвири тани ӯро машқ мекунанд.

Ин дарс аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқ ва дар барнома ворид шудааст.

Елена Раҳимова, санъатшиноси тоҷик мегӯяд, донишҷӯён дар аввал қисмҳои алоҳидаи одамро тасвир мекунанд. Масалан чашм, гӯш, банди дасту пой, косахонаи сар.

«Дарси махсус аст, ки анатомияи бадан номида мешавад. Онҷо донишҷӯён бояд сохти одам ва сохти мушакҳоро омӯзанд. Ин дарс дар аксари кишварҳо омӯхта мешавад. Аммо дар мо инро як чизи ғалатӣ меҳисобанд, ҳол он ки ин танҳо як дарс аст,-- афзуд ӯ.

Аммо ба гуфтаи ин санъатшинос, на ҳамаи донишҷӯён ва мардум ин дарсро хуб қабул мекунанд. Донишҷӯён дар ин дарс ҳамчунин барои дарёфти модел ё симонишин ҳам мушкил мекашанд. На ҳамеша симонишин ё (натуршиса)-ҳо розӣ мешаванд, ки баданашонро ба ҷамъияти рассомон нишон диҳанд.

Як сокини пойтахт, ки аз ӯ шартан Марина ном мебарем, тайи се соли охир симонишин ё мудел шудааст. Ӯ мегӯяд, қаблан дар яке аз корхонаҳои давлатӣ фаъолият дошт. Аз он ки худаш ҳам расм кашиданро дӯст медорад, бо баъзе аз рассомон каму беш робитаи дӯстӣ пайдо кард.

Ба нақли ӯ, пас аз он ки вай дар яке аз намоишгоҳҳо ба рассоми шиносаш дар бораи вазъи молиявиаш ҳарф задааст, ба ӯ пешниҳоди кор намуданд. Бо вуҷуде, ки аз ин касбаш соҳиби маош ҳам шудааст, аммо намехоҳад, ки дигарон аз ин кораш огоҳ бошанд: “Ба ҳар ҳол мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем, инҷо бадани урёнро тасвир кардан мамнӯъ аст. Худое накарда, расмҳои шумо дар интернет роҳ ёбанд, дар тамоми кишвар шарманда мешавед".

Ба эътиқоди ӯ, ҳарчанд, пешааш эҳтиёткориро талаб мекунад, вале ба ин бовар аст, ки касбаш як бахши муҳими санъати тасвирӣ аст.

Ӯ мегӯяд, “нафароне ҳастанд,ки инро намефаҳманд, намедонанд, ки ин чиз зебоист, санъат аст, ишқ ба санъат аст”.

Тасвири бадан анъанаи нав нест ва аз даврони қадим ҳамчун намунаи осори зебои ҳунар пазируфта шудааст. Аммо мутахассисон мегӯянд, дар ҷомеаи суннатӣ бештари нафарон инро қабул надоранд ва дар аксари ҳол рассомонро барои кашидани ин гуна тасвирҳо маҳкум мекунанд.

«Ҳамаи мо нафарони зиндаем ва имкони бемор шуданро дорем, ба назди табибон меравем. Духтурон ҳам бадани моро урён мекунанд, аммо ба маънии бад ки нигоҳ намекунанд, мо барояшон як беморем. Дар мавриди рассомон гуфтаниям, ки барои ӯ симонишин зан ё марди урён нест, балки як мавзуъест, ки бояд тамоми зебоияшро тасвир кунад,-- мегӯяд Елена Раҳимова, санъатшиноси тоҷик.

Қаҳрамони дигари мо Зафар Набиев ҳам дар ин ҷода таҷрибаи сесола дорад. Ба фарқ аз қаҳрамони аввал ҳозир аст, ки ному насабаш ошкор шавад. Ӯ мегӯяд, дар бораи касбаш ҳам ба дигарон мегӯяд, аммо на ҳама кори ӯро қабул доранд.

"Баъзе аз наздиконам ва ҳатто гирду атроф мегӯянд, ки бечора натуршик шудааст, ман мегӯям, ки не, ин ҳам кор аст, аз кор шарм доштан даркор нест. Кор ки кардӣ, нон мехурӣ, кор накардӣ, намехурӣ",-- гуфт Зафар.

Маъмулан симонишинҳоро тариқи эълон пайдо карда, бо шартнома ба кор қабул мекунанд. Дар шартнома портрет, намуди комили бадан ва қисми урёни бадан ҳатмист, аммо кам касон ба ҳамаи ин шартҳо розианд.

Ширинбек Сафаров, мудири бахши симонишинон мегӯяд, танҳо солхурдаҳо ба ҳамаи шартҳо розӣ мешаванд ва ҷавонон хеле каманд.

Нафароне ҳам ҳастанд, ки аз рӯйи ҳавас ва дидани зоҳири худ аз чашми рассомон ба симонишинӣ мераванд, вале қаҳрамонҳои мо мегӯянд, зиндагӣ маҷбурашон кардааст то ин пешаро интихоб кунанд.

XS
SM
MD
LG