Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи хунини Лас-Вегас 58 нафар ҷон бохтанд. ВИДЕО


Раиси пулиси шаҳри Лас-Вегас эълом кард, ки дар тирандозӣ дар наздикии меҳмонхонаи "Мандалай-Бэй"-и ин шаҳр, 58 нафар кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ шудаанд. Шабакаи телевизионии CNN бо эълони ин хабар ишора кард, ки ин рӯйдод, хунинтарин ҳодисаи тирандозӣ дар таърихи Амрико ба шумор меравад.

Дар ҳоли ҳозир парвози ҳавопаймоҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии ин шаҳр қатъ шудааст. Сабабҳои ин тирандозӣ то ба ҳол маълум нест.

Тибқи гузоришҳо, номи фарди тирандоз Стивен Паддок аст ва 64-сола мебошад. Қаблан пулиси Лас-Вегас гуфта буд, ки шахси гумонбар дар ин ҳамларо куштааст. Ба гуфтаи пулис, ин фард аз сокинони шаҳр буд. Пулис пештар эълом карда буд, ки дар ҷустуҷӯи як зани осиёитабор аст, ки ҳангоми тирандозӣ ҳамроҳи шахси ҳамлакунанда будааст. Ба гуфтаи пулис, шахси ҳамлакунанда аз рӯзи 28-уми сентябр дар ин тараф меҳмонхона зиндагӣ мекард ва дар утоқи ӯ даҳ мил силоҳ пайдо шудааст. Кормандонии интизомӣ баъди ҳамла ба утоқи ӯ, ҷасадашро пайдо карданд.

Ба гуфтаи пулис, фарди ҳамлакунанда аз табақаи сиву дувуми меҳмонхонаи Мандалай-Бэй бо силоҳи автоматикӣ, тамошогарони фестивали мусиқиро ҳадаф қарор додааст. Тирандозӣ ҳудуди соати 22-и якшанбе ба вақти маҳаллӣ дар наздикии ин фестивали мусиқӣ рух дод, ки дар ҳавои боз баргузор шуда буд. Гуфта мешавад, ки дар ин фестивали мусиқӣ 22 ҳазор нафар ширкат карда буданд.

Тирпарронӣ дар Лас Вегас - 50 кушта ва беш аз 100 захмӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Як шоҳиди айнӣ мегӯяд, ки то панҷ дақиқа садои тирпаронӣ шунида мешуд. Садҳо нафар аз ҷои тирандозӣ гурехтанд ва видео ва аксҳое дар ин маврди дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд. Чанд корманди пулис дар ҷараёни тирандозӣ захмӣ шудаанд, ки вазъияти як нафари онҳо вахим гуфта мешавад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар "Твиттер"-и худ бо қурбониёни тирандонии Лас-Вегас ибрози ҳамдардӣ кардааст. Раиси ҷумҳури Амрико дастур додааст, ки парчамҳои Амрико ба эҳтироми қурбониён ба ҳолати нимаафрошта дароянд. Қарор аст оқои Трамп рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми октябр ба Лас-Вегас сафар намояд. Дар ҳоли ҳозир парвози ҳавопаймоҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии ин шаҳр қатъ шудааст. Сабабҳои ин тирандозӣ то ба ҳол маълум нест.

XS
SM
MD
LG