Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обкашӣ бо хар баъди чандин "Соли оби тоза"


Бо вуҷуди эълони чандин "Соли оби тоза" дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ба бисёре аз мардуми Тоҷикистон як амри мушкил боқӣ мемонад. Хонандаи Радиои Озодӣ Бахтиёри Абдусаттор дар як матлаб вазъи таъмини об дар дар рустои Пистамазор, дар канори шаҳри Кӯлобро ба риштаи тасвир кашидааст.

"Об манбаи ҳаёт буда, инсоният ва мавҷудоти рӯи замин наметавонад бе он зисту зиндагонӣ намояд. Дар ҷое, ки об аст, табиист, ки дар он ҷо ҳаёт ва корҳои созангагиву бунёдкорӣ ҳукумфармост. Маҳз бо дарки ҳамин нуқта соли 2003-2005 аз ҷониби президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар Соли оби тоза эълон карда шуд ва дар ин замина низ дар як қатор гӯшаву канори ҷумҳурӣ мардум бо оби нӯшокӣ таъмин гаштаву қисмати дигар то ҳол аз он бенасибанд.

Ин мушкилӣ дар худ раванди ҷаҳониро касб кардаву тибқи як барномаи давлатӣ солҳои 2005-2015 10 солаи амалиёти Оби тоза дар ҷаҳон қабул карда шуд. Мушкилоте, ки сари он ҳарф мезанем, ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Аз соли 1993 инҷониб хоҷагии беш аз 100 нафараи деҳаи Пистамазори хоҷагии Мир Саид Алӣ Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб ба ин мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштаву то кунун ба дардашон касе аз масъулони соҳа намерасад.
Барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, бошандагони ин рустои дурдасти кишвар чандин маротиба ба мақомотҳои марбутаи давлатӣ, аз ҷумла роҳбарияти хоҷагии Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, шаҳрдори Кӯлоб ва масъулини вилояти Хатлон арзу шикоятҳо намудаанд. Вале ҳамаи он бе натиҷа. Сокинони деҳот ягона роҳи ҳалли онро дар ҳамдастӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ нақша ва таҳрезӣ намуданд, ки он ҳам дер давом накард. Соли 2008 ширкати байналмилалии кӯмакрасони «Миссияи Шарқ» ба миқдори 8 ҳазор доллари амрикоӣ барои дубора ҷорӣ намудани оби нӯшокӣ тариқи қубурҳои обгузар, ки аз замони Шӯравӣ, то кунун боқӣ мондааст, ҷудо намуд. Бо маблағи ҷудогашта, як ҳуҷра барои таҷҳизотҳои обҷорикунанда, чанд мошин шағал ва семент харидорӣ гаштаву сохтумонаш аз ҳисоби қувваи кории мардуми ҳамин деҳа ба роҳ монда шуд. Ин нақшаи амалишуда давоми як ҳафта идома карду сокинони деҳа ҳамарӯза ду се соат бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешуданду халос. Мушкилот аз будаш баттар шуду хубтар не.
Бояд хотирасон кард, ки дар солҳои навадуми асри гузашта дар ин рустои дурдасти кишвар чорвои калони шохдор «ферма» парвариш карда мешуд ва роҳбарияти хоҷагии деҳот ба хотири талаф наёфтани ҳайвонот, оби деҳаро тариқи насосҳои обкаш аз сатҳи 2 ҳазор метр ба ҳар гӯшаи деҳот ҷорӣ мекард ва сокинон низ бе мушкилӣ аз он истифода мекарданд. Баъди пош хӯродани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фаро гирифта буд, ин деҳаи дурдасти кишвар аз мадди назар дур мондаву мушкилоти бошандагонаш рӯз то рӯз бештар гардид.

Ин масъала чандин маротиба дар вохӯриҳо бо собиқ роҳбари шаҳри Кӯлоб ва Хатлон Абдулло Ҳамид ва Ғайбулло Афзалов баррасӣ гаштааст ва барои расидагарӣ намудан ба ҳолу аҳволи мардум ваъдаҳо додаанд, аммо то ҳол иҷро нагаштааст. Аламовараш барои бошандагони деҳа ин аст, ки барои ба ҷо овардани хизмати ҳатмии ҳарбӣ раисони ҷамоату деҳот ва масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ роҳи деҳаро фаромӯш накардаву ба суроғи ҷавонписарон меоянд. Ва ҳамасола дар ду мавсими даъват се-чор нафарро аз ин деҳа ба сафи Артиши миллӣ гусел мекунанд. Солҳои қаблӣ низ аз меваҳои шаҳдбор ва кишти ғаладонааш, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии мардуми ҳамин деҳа ҷамоварӣ мешуд, ба фоидаи давлат равона мегардид ва то кунун аз фоидаҳои ба дастоварда аз ҳисоби заминҳо лалмӣ андози давлат то кунун супорида мешавад. Имрӯз, ки он дар амал пиёда карда намешавад, ҳеҷ нафаре пайдо нашуд, ки ба дардашон даво бахшад.

Толибилмони деҳа ба ҷойи он, ки паси мизи таълимӣ нишаставу барномаҳои таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро аз худ намоянд, мутаасифона шумораи бештарашон тан ба тақдир додаву аз субҳ то шом ба кашонидани об машғул мегарданд. Чун ин хурдсолону ҷавонон рӯзи худро ба чунин корҳо сарф менамоянд, пас аз ояндаи дурахшони онҳо чиро метавон интизор буд. Дар ҳар давру замон ҷавононро ояндасози давлату миллат маънидод мекунанд. Модоме, ки масъулини соҳа имрӯз ба дарки пешбарандагони сиёсати давлатӣ, тақдирсозони ояндаи ҷомеа таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд, тақдири ин маҳалу бошандагонаш пас фардо чӣ мешуда бошад?


Дар деҳаи мазкур сол ба сол шумораи оилаҳо меафзояд ва шумораи нафаскаш аз 800 нафари солҳои қаблӣ то имрӯз ба ҳазор нафар мерасад. Ва чашмае, ки дар пастии ду ҳазор метр мавҷуд аст, имкони дар фасли тобистон таъмин кардани мардумро бо оби нӯшокӣ ба пуррагӣ надорад. Сокинон аз субҳи барвақт то шом ва аксари вақт то ними шаб дар лаби чашма навбат меистанд. Дар фасли гармо ҳамасола чорвои деҳа аз норасоии об талаф меёбад ва ба хоҷагии мардум хисорот ворид мекунад. Барои бартараф сохтани мушкилот, ки давоми чандин сол аст, ки онҳоро домангир мебошад, аз ҳар як хоҷагӣ ба маблағи 1000 сомонӣ худи мардум ҷамъоварӣ намуда, то ба имрӯз беш аз 68 ҳазор сомон аз ҳисоби бошандагон дастрас шудааст.

Хатти обе, ки мардум мехоҳанд онро ба деҳаи худ ҷорӣ намоянд, аз деҳаи ҳамосоя наздик ба 3 ҳазор метрро ташкил медиҳад. Тирамоҳи соли гузашта, хоҷагии комуналии шаҳри Кӯлоб ба ин миқдори пул 720 метр қубури обгузар бо ғунҷоиши 2,5 милиметра харидорӣ намудаву онро аллакай насб намуданд. Ва қисмате аз онҳо дар барфу борон аллакай занг задааст ва касе сари он андеша намекунад. Мардум бошад, дар интизори ваъдаҳои шаҳрдори Кӯлоб ва Хатлон ҳастанд, ки миқдори маблағи ваъдагиро аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо намудаву идомаи корро ба анҷом мерасонанд, аммо кай суолест бе ҷавоб.

Бахтиёри Абдусаттор, сокини деҳаи Пистамазор.
XS
SM
MD
LG