Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки Салиби Сурх ба манотиқи офатзадаи Хатлон


Федератсиюни Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳушдор додааст, ки мумкин аст, дар рустоҳои осебдида дар фалокати табиӣ дар вилояти Хатлон бемориҳои сироятӣ хуруҷ кунад.

Ин муассисаи хайрия, ки ба кӯмак садҳо мардуми мӯҳтоҷ дар ноҳияҳои Шӯроободу Восеъ ва Ҳамадонӣ шитофтааст, мегӯяд, ба иллати набуди манбаи оби поки ошомиданӣ, шароити бади беҳдоштӣ, вайрон шудани ҳоҷатхонаҳои мардум ба асари сел ва зери гил мондани онҳо, хатари баланди хуруҷи бемориҳои сироятӣ ба миён омадааст.

Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар рӯзи 18 апрел бо нашри як баёнияи катбӣ гуфт, аҳолии рустоҳои осебдида, умдатан аз оби чашма истеъмол мекунанд, вале сел оби ин чашмаҳоро олуда кардааст ва мардум баъзан ночор аз ҳамин об истеъмол мекунанд. Бар асари селу лағжиши хок дар се ноҳияи Хатлон 427 хонавода ва дар маҷмӯъ 2562 нафар осеб диданд. Аз ҳама бештар рустои Одинабой дар Шӯробод зарари зиёд дид, ки дар онҷо 13 нафар дар як шаб ба асари сел лағшиши хок ҷон доданд. Ду қурбонии дигари фалокатҳо аз Ҳамадонӣ ва Восеъ ҳастанд.

Федератсиюни Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мегӯяд, бар асоси арзёбиҳои пешакӣ 276 хонавода дар Восеъ, 104 хонавода дар Шӯрообод ва 47 оила дар ноҳияи Ҳамадонӣ бар асари сел осеб дидаанд. Шаш хона комилан аз байн рафта ва садҳо хонаи дигар нимайвайрон шудаанд. Як маркази тиббиву се километр роҳ ва 80 гектар замини кишт ҳам дар натиҷаи сел осеб дидаанд. Аҳолии ин минтақаҳои осебдида ҳамчунин 306 сар аз чорвои хонагӣ, яке аз сарватҳои аслии худро талаф додаанд.

Федератсиюни Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гуфтааст, ки қасд дорад, ҳамроҳ бо Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба мардуми оседида, бо арзиши бештар аз 80 ҳазор доллар, кӯмакҳои беҳдоштӣ, аз қабили бастаҳои гигиенӣ ва дигар лавозимот тақсим кунад ва онҳоро аз хатароти мавҷуд аз бемориҳои сироятӣ огаҳ намояд.

Ин барномаи кӯмакӣ аз рӯзи 13 апрел шурӯъ шудааст ва то 17-уми июл идома мекунад. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар миёни мардуми мӯҳтоҷ ва бесарпаноҳмонда хайма тақсим кардаанд ва мегӯянд, ки кор барои рафъи оқибатҳои фалокат ва кӯмак ба зарардидаҳо идома дорад/

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG