Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - ташнае дар саргаҳи об


Ҳар сокини дувуми Тоҷикистон ва ё 51 дарсади аҳолии кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Ин омори расмиест, ки рӯзи 26 июн дар парлумон садо дод.


Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон дар ин иҷлосаш созишномаи ҳукумат ва Бонки Аврупоии Рушдро ба тасвиб расонд, ки барои дастрасии беҳтари сокинон ба оби тоза 28 миллион доллар қарзи боимтиёз додааст.


Тоҷикистон - ташнае дар саргаҳи об
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим


Алимурод Тағоймуродов, мудири кулли корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию комуналӣ, зимни ҳимоят аз ин созишнома гуфт, ин маблағҳо ба хотири беҳтар кардани шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон истифода мешаванд: «Мақсади ин грантҳо татбиқи лоиҳаҳои беҳтар намудани шабакаи оби нӯшокӣ мебошад. То имрӯз бо чунин барномаҳо 30 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаро гирифта шудаанд. Ва мақсади асосӣ низ ин аст, ки дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон чунин лоиҳаҳо амалӣ шаванд ва таъмини аҳолӣ ба оби тоза беҳбуд ёбад, ки ин ба иҷро шудани дурнамо ва барномаҳои дар сатҳи давлатӣ қабулшуда боис мегардад.»

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир барои дастрасӣ ба оби тоза дар Тоҷикистон 8 лоиҳаи сармоягузорӣ, ба маблағи беш аз 120 млн доллари амрикоӣ дар ҳоли иҷрост. Аммо суоле, ки чаро бо доштани 60 дар сади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ва гранту қарзҳои боимтиёз солҳои гузашта Тоҷикистон то ҳол натавонистааст мардумашро бо оби ошомиданӣ таъмин кунад, то кунун як посухи мушаххас пайдо накардааст.

Ҳамчунин мардум чандон бовар надоранд, ки ин грантҳо битавонанд рӯзе инфраструктураи тақсими обро ба сатҳи даврони шӯравӣ бирасонанд. Ҳарчанд ҳукумат қавл додааст, ки дар чорчӯби барномаи миллӣ то 7 соли дигар 90 дарсади аҳолии Тоҷикистонро бо оби пок таъмин мекунад. Барои ислоҳоти ин соҳа Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 1 миллиард доллар ниёз дорад.


Яраш Пӯлодов, раиси Пажӯҳишгоҳи оби вазорати обу обёрии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, фарсуда будани шабакаҳои обтаъминкунӣ, ки ним аср истифода шудаанд, дастрасии мардумро ба оби пок мушкил сохтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Пӯлодов, тибқи талаботи фаннӣ, ин шабакаҳо бо истифода аз технологияи муосир бояд ҳар сари чанд вақт иваз карда шавад. Яраш Пӯлодов гуфт, «аммо барои ин кор маблағҳои хеле зиёд ва базаи моддиву техникӣ лозим аст. Ва мушкилот низ дар он аст, ки онро яку якбора ҳал кардан имкон надорад. Ҳамчунин ҳамсола зиёд шудани аҳолии Тоҷикистон низ ба раванд таъсири худро мерасонд, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол дар баробари сокинон ҳамчун дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ низ талабот барои истифодаи об бештар мешавад.»

Яраш Пӯлодов мегӯяд, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон соҳиби захоири бузурги об аст, аммо танҳо 17 дарсади ин захираро истифода мекунад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон метавонист аз содироти об ба хориҷ низ манфиат бубинад. Вале, меафзояд ҷаноби Пӯлодов, барои расидан ба ин ҳадафҳо чанд мушкил дар пешорӯ қарор дорад. Вай мегӯяд, «бояд бигӯям, аллакай чунин барномаҳо ва нақшаҳо мавҷуд аст ва дар дар солҳои ахир дар сатҳи ҳукумату вазоратхонаҳо матраҳ мешавад. Аммо ду омил аст, ки барои дар амал татбиқ намудани ин идеяҳо монеа эҷод мекунад. Мо бояд аввал бозорро ташкил намоем ва барои ин аз ҷиҳати молиявӣ ва техникӣ мо бояд замина дошта бошем. Мутаассифона, ҳоло чунин имкониятро Тоҷикистон надорад ва зарур аст, ки мо сармояи хориҷиро ҷалб кунем.Аммо ман боварӣ дорам, ки дар 10 -15 соли оянда Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодаи босамари об ба яке аз кишварҳои қудратманд табдил меёбад.»


Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ахиран бахши қувайтии ширкати “MAI Resources International”-и Швейтсария барои содироти оби кӯли Сарез ба халиҷи Форс изҳори омодагӣ кардааст. Ва мавзӯъи таъмини Кувайт бо оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти президенти Тоҷикистон бо раҳбари Шӯрои мушовирони ин ширкати швейтсарӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин соли гузашта миёни Тоҷикистону Эрон тавофуқоте дар бораи интиқоли як миллиард метри мукааб об ба Эрон ҳосил шуда буд. Қаблан вазири энержии Эрон Маҷиди Номҷӯ гуфт, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон қарор кардаанд як долони муштараки об ва барқро ҳам бунёд кунанд. Аммо иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, аз ҳамоҳангсозӣ бо ҳамсоягон то сармоягузорӣ ва бунёди чунин “долон” муддати тӯлониеро фаро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG