Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон таҳдид кард, ки созишнома бо Амрикоро бекор мекунад


Азимыон Аскаров дар додгоҳ
Азимыон Аскаров дар додгоҳ

​Тақдими ҷоизаи ҳомии ҳуқуқи башар ба Азимҷон Аскаров аз сӯи Амрико хашми Бишкекро барангехт ва Қирғизистон таҳдид кард, ки барои ин кор Созишномаи соли 1993-ро яктарафа бекор мекунад.

Қирғизистон ба нишони эътироз аз тақдими ҷоизаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров гуфт, ки Созишномаи иқтисодии имзошуда дар соли 1993 миёни Бишкеку Вашингтонро яктарафа бекор хоҳад кард. Азимҷон Аскаров аз сӯи мақомоти Қирғизистон барои ташкили муноқишаҳои маргбори соли 2010 дар ҷануби он кишвар айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Вале Вазорати корҳои хориҷии Амрико 16 июл ба Аскаров ҷоизаи ҳомии ҳуқуқи башар дар соли 2014-ро тақдим кард. Азбакси ӯ дар зиндон ба сар мебарад, ин ҷоизаро писараш Шерзод гирифт.

Ҳукумати Қирғизистон 17 июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки аз чунин рафтори Иёлоти Муттаҳида нороҳат аст ва таҳдид кард, ки Созишномаи иқтисодии дар соли 1993 имзошуда миёни ду кишварро якҷониба бекор хоҳад кард. Аз замони имзои ин созишнома Қирғизистон ҳар сол аз Амрико ҳудуди сад миллон доллар ёрӣ мегирифтааст.

Бар илова, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Ричард Майлз -- кафили сафорати Амрико дар Бишкекро эҳзор кард, то бар зидди тасмими Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида эътироз намояд.

Азимҷон Аскаров дар зиндон
Азимҷон Аскаров дар зиндон

Дар изҳороти расмии ҳукумати Қирғизистон гуфта мешавад, тақдими ҷоизаи муътабар ба Азимҷон Аскаров, ки аз сӯи додгоҳ "барои барангехтани адовати қавмӣ" ва "иштирок дар қатли корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ" ба ҳасби абад маҳкум шудааст, "ба чорчӯби равобити дӯстонаи Қирғизистону Амрико намеғунҷад".

То ҳоло ҷониби Амрико ба ин изҳороти ҳукумати Қирғизистон ҳеч вокуниш нишон надодааст.

Дар мусоҳибае бо Брюс Панир, коршиноси Радиои Озодӣ дар умури Осиёи Марказӣ пурсидем, чаро ин ҷоиза хашми ҳукумати Қирғизистонро барангехт ва онҳо ҳатто дар бораи бекор кардани қарордоди ҳамкории миёни Қирғизистону Амрико сӯҳбат мекунанд?

Брюс Панир: "Ҳукумати Қирғизистон аз тасмими Амрико дар бораи ҷоизаи Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқи башар барои он ба ғазаб омадааст, ки Вашингтон ба як зиндонӣ дар Бишкек ҷоиза додааст ва ӯ ду сол боз дар маҳбас ба сар мебарад. Ҳукумат ва додгоҳи Қирғизистон мегӯянд, ки Аскаров дар созмон додани муноқишаҳои қавмии соли 2010 дар ҷануби ин кишвар даст дорад. Гузашта аз ин, ҳукумати Қирғизистон барои ба зиндон андохтани Аскаров то ҳол аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар хеле интиқод шунидааст. Ҳукумати Амрико ҳам ба вай барои он ҷоиза дод, ки аз ин созмонҳо ҳимоят мекунад ва Амрико бо ин кор мехоҳад ба мардуме, ки аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, нишон диҳад, ин ҳукм барои Аскаров одилона набуд."

Озодӣ: Вазорати корҳои хориҷии Амрико кадом ҷанбаҳои фаъолияти Аскаровро дар назар гирифт ва ба вай ин ҷоизаро дод?

Брюс Панир: "Албатта, Аскаров солҳои тӯлонӣ ба ҳимояи ҳуқуқи башар машғул буд. Ҳамин ҷанбаи фаъолияти вайро Амрико эътироф мекунад. Вай то замони ҳабс дар ҷануби Қирғизистон солҳои дароз ҳуқуқи башарро дифоъ мекард. Бо назардошти вазъ, ки ҳоло Аскаров дар зиндон нишастааст, ҳукумати Қирғизистон гумон мекунад, ки Вашингтон ба ҳукумати ин кишвар фишори сиёсӣ ворид менамояд, то Азимҷон Аскаровро аз зиндон раҳо кунанд. Барои ҳамин, аз ин ҷоиза хушҳол нест. Ин ҷоиза бори дигар тавассути Амрико парвандаи Аскаровро дар арсаи байнулмилалӣ матраҳ мекунад ва ҳукумати Қирғизистон, ки аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ хеле зиёд интиқод шунидааст, гумон мекунад, ки акнун бо додани ин ҷоиза ба Аскаров раванди интиқод дубора шурӯъ мешавад ва ин ҳамаро бояд таҳаммул кунад."

Озодӣ: Оё ба ин изҳороти ҳукумати Қирғизистон ҷониби Амрико вокуниш нишон додааст?

Брюс Панир: "Албатта, сафири Амрико дар Қирғизистон аз эҳзораш ба вазорат нороҳат аст ва изҳори норизоятӣ кард. Ин як тасмими нохушоянди ҷиддӣ аз тарафи ҳукумати Қирғизистон буд. Вале мо мунтазири вокуниши расмии Вашигтон ҳастем, ки дар соатҳои оянда нашр хоҳад шуд. Ҳоло дар Амрико тоза субҳ дамидааст. Ман бовар дорам, ки то поёни рӯзи вақти Амрико онҳо вокуниш нишон медиҳанд."

XS
SM
MD
LG