Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии Яҳё Машрапов дар робита ба ҳамлаи Истанбул. АКС


Акси ҳамлагари эҳтимолӣ
Акси ҳамлагари эҳтимолӣ

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Яҳё Машрапов, як сокини ин кишварро дар робита ба ҳамлаи хунини Истанбул бозпурсӣ кардаанд. Қаблан нусхаи шиносномаи Машрапов дар интернет ҳамчун гумонбари эҳтимолии ҳамла ба клуби шабонаи Reina нашр шуда буд. Дар ин ҳамла, ки шаби Соли нав сурат гирифт, 39 нафар, аксар хориҷиҳо кушта шуда, 69 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ба иддаои гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ", ин ҳамларо "як сарбози хилофат" анҷом додааст.

​Роҳат Сулаймонов, намояндаи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 3 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "баъди пайдо шудани иттилоъ корҳои тафтишотӣ шуруъ шуданд. Маҳалли иқомати ӯ муайян ва баъдан аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ гардид. Ҷузъиёти сӯҳбат дертар эълон мешавад."

Яҳё Машрапов дар сӯҳбат бо вебсайти Turmush-и Қирғизистон гуфтааст, ҳарчанд тайи рӯзҳои охир ба Туркия равуо дошт, аммо дар ҳамла ба клуби шабонаи Rеina-и Истанбул даст надорад. Ӯ гуфтааст, "дар фурудгоҳи Истанбул буд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тӯли як соат бозпурсӣ намуданд. Парвози ҳавопаймо ба Бишкек низ ба таъхир афтод. Онҳо фаҳмонданд, ки маро дар робита ба ҳамлаи шаби Соли нав бозпурсӣ доранд ва чеҳраи ман гӯё бо акси гумонбар монанд аст. Баъдан онҳо узрхоҳӣ карда, маро ба ҳавопаймо шинонданд."

Пештар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта буд, эҳтимоли аз ҷониби шаҳрванди ин кишвар анҷом шудани таркиши рӯзи 1 январ дар Истанбули Туркияро мавриди санҷиш қарор додааст. Сулаймонов, инчунин, гуфт, аз ҷониби онҳо хабари дар интернет пайдо шудани акси шиносномаи гумонбари эҳтимолии ҳамла дар Истанбул ҳам таҳқиқ мешавад. Дар аксе, ки ба интернет роҳ ёфтааст, нусхаи паспорти шаҳрванди Қирғизистон мечархад, ки дар он эҳтимол чеҳраи гумонбар дида мешавад. Ин шиноснома тоза дар моҳи октябри соли 2016 содир шуда, то соли 2026 эътибор дорад.

Бархе коргарони интернетӣ ҳадс мезананд, ки ин шахс метавонад ҳамон ҳамлагар бошад ва шаҳрванди Қирғизистон аст. Аммо мақомоти ҳеҷ як кишвар ҳанӯз ин хабарро тасдиқ намекунанд. Танҳо дар изҳороти рӯзи 2 январи мақомоти полиси Туркия гуфта шуд, ки ҳамлагари эҳтимолӣ шаҳрванди Узбакистон ё Қирғизистон ва як узви ДИИШ мебошад.

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи марде ба клуби шабонаи Reina дар Истамбул, 39 нафар, аксар хориҷиҳо кушта шуда, 69 нафар ҷароҳат бардоштанд.

8 нафар боздошт шудааст

Рӯзи 2 январ муовини нахуствазири Туркия Нӯъмон Кӯртулмуш дар як нишасти матбуотиаш дар Анкара гуфт, ки аз рӯи ин қазия 8 нафар боздошт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тамоми маълумоти асосӣ дар бораи шакли зоҳирии террористи ҳамлгара мушаххас шудааст. Кӯртулмуш гуфт, ки умедвор аст на фақат худи ҳамлагар, балки шарикон ва ҳам шабакаи кӯмаккунандаи ӯ ҳам мушаххас ва дастгир мешавад.

Масъулияти ҳамларо ДИИШ ба дӯш гирифт

Ба иддаои гурӯҳи ҷангии "Давлати исломӣ", ин ҳамларо "як сарбози хилофат" анҷом додааст. Рӯзи 2 январ бо пахши изҳороте гурӯҳи ҷангии "Давлати исломӣ" масъулияти анҷоми ҳамла ба клуби шабонаи шаҳри Истамбулро дар шаби 1 январ ба ӯҳдаи худ гирифт. Чанд соат баъди ин мақомоти Туркия акси ҳамлагари эҳтимолиро ҳам нашр кард, ки то ҳанӯз дар озодӣ ба сар мебарад.

Аз ин пеш хабаргузории Ассошейтед пресс бо такя ба нашрияҳои "Hurriyet” ва “Karar” рӯзи 2 январ навишт, ки эҳтимолан ҳамла ба ширкатдорони базмро, ки ҷони 39 нафарро гирифтааст, як зодаи Ӯзбакистон ё Қирғизистон анҷом додааст. Хабаргузорӣ навишт, ки ба бовари мақомоти Туркия, миёни ин ҳамла ва таркиш дар фурудгоҳи байналмилалии Отатурк дар моҳи июн умумияте дида мешавад.

Ҳамлагар ҳанӯз ҳам дар озодӣ аст. Куштор тахминан соати яки шаб баъд аз фарорасии соли нав дар маҳаллаи Ортакои Истамбул рух дод. Нафари ҳамлагар бо либоси Бобои Барфӣ ва бо як автомати дарозмил вориди клуб шуда, ба сӯи 500 то 700 ширкатдори базм оташ кушод, ки саргарми таҷлили иди соли нав буданд. Баъзе нафарон дар ғояти тарс ба хотири наҷоти ҷони худ аз пул ба обҳои Босфор ҷаҳиданд.

Дар баробари куштори ширкатдорони ҷашн, дар беруни клуби “Reina” дар Истамбул дар лаҳзаҳои аввали фарорасии соли нави 2017, ин шахс як ходими полис ва як марди дигарро куштааст.

Ин кушторро ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG