Хабаргузории расмии Сурия -- САНА шомгоҳи якшанбеи 13-уми октябр гузориш дод, ки артиши ин кишвар нерӯҳоеро барои муқобила бо ҳуҷуми Туркия, ба шимоли ин кишвар фиристодааст. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Олмон ва Фаронса дар нишасти хабарии муштараке нисбат ба паёмадҳои ин амалиёти низомӣ, ҳушдор доданд.
Хабаргузории САНА дар хабари кӯтоҳи худ ҳеҷ ҷузъиёти дигаре ироа накарда ва дар "Твиттер"-аш низ танҳо аз қавли гузоришгараш навиштааст, "воҳидҳои Артиши арабии Сурия барои муқобила бо ҳуҷуми Туркия, раҳсипори шимол шудаанд".
Ҳамзамон хабаргузориҳои "Франс-Пресс" ва "Рейтерз" аз музокирот байни курдҳо ва ҳукумати Сурия хабар додаанд. "Рейтерз" ба нақл аз як узви баландпояи яке аз аҳзоби курд навиштааст, ки ин музокирот дар пойгоҳи низомиёни рус дар Сурия, маъруф ба "Ҳумаймим" баргузор шуда ва дар он намояндагоне аз сӯи ҳукумати Башор Асад ва намояндагони "Нерӯҳои Сурияи Демократӣ", ҳузур доштаанд.
Аз сӯи дигар, бархе аз расонаҳои курдзабон гузориш додаанд, ки нерӯҳои ҳукумати Сурия вориди шаҳри Манбиҷ шудаанд, аммо ин хабарҳо ҳанӯз таъйид нашудааст. Шаҳри Манбиҷ дар шимоли Сурия ҷойгир аст ва соли 2016 нерӯҳои курд онро аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" гирифтанд.
Ҳамзамон раҳбарони Фаронса ва Олмон рӯзи якшанбе дар нишасти хабарии муштарак, бори дигар хостори қатъи фаврии амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия шуданд ва нисбат ба паёмадҳои ин амалиёт ҳушдор доданд.
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки "хостаи муштарак"-и ҳар ду кишвар ин аст, ки ин ҳамла бояд поён дода шавад. Оқои Макрон ҳамчунин ибрози нигаронӣ кард, ки вазъ дар минтақа метавонад боиси дубора қувват гирифтани гурӯҳи "Давлати исломӣ" шавад.
Ангела Меркел, нахуствазири Олмон низ аз эҳтимоли овора шудани садҳо ҳазор тан аз сокинони минтақа ном бурд ва хостори қатъи фаврии ин амалиёти шуд. Хонум Меркел ҳамчунин афзуд, ки дар гуфтугӯи телефонии яксоатааш бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ошкоро ба ӯ гуфтааст, ки "бояд ба ин таҷовузи Туркия поён дод".
Чанд соат пеш аз ин нишасти хабарӣ, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, гуфта буд, дар тамосаш бо Ангела Меркел ба тасмими ахири Олмон дар бораи манъи фурӯши аслиҳа ба Туркия эътироз карда ва ба ӯ гуфтааст, "бо вуҷуди таҳдидҳо", амалиёт дар шимоли Сурия қатъ нахоҳад ёфт".
Аз сӯи дигар, Марк Эспер, вазири дифои Амрико рӯзи якшанбе эълом кард, ки Доналд Трамп дастур додааст, ки нерӯҳои амрикоӣ барои дурӣ аз ворид шудан ба як даргирии "бидуни сабаб", аз шимоли Сурия хориҷ шаванд.
Вазири дифои Амрико рӯзи якшанбе ба шабакаи телевизионии CBS гуфт, бо оқои Трамп шоми шанбе гуфтугӯ карда ва тибқи дастури ӯ, қарор аст камтар аз як ҳазор сарбози амрикоӣ шимол-шарқи Сурияро тарк кунанд. Амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия аз чаҳоршанбеи гузошта оғоз шуд ва то кунун даҳҳо тан кушта шудаанд.
Ба гуфтаи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, шумораи ғайринизомиёне, ки дар чанд рӯзи ахир дар минтақа кушта шудаанд, баъд аз зӯҳри якшанбе якшанбе ба ҳудуди 60 тан расид ва дар ин муддат беш аз 13 ҳазор нафар низ овора шудаанд.
Дар бораи талафоти низомиён ва ниманизомиёни ду тараф низ оморҳои мухталиф ироа шудааст. Туркия шумораи кушташудаҳои тарафи муқобилро беш аз 400 нафар эълон кардааст. Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия низ талафоти артиши Туркияро 2 кушта ва талафоти муттаҳидони Туркия (Артиши Озоди Сурия) ро ҳудуди 200 тан эълом кардааст.