Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 таҳдид ба як ҳамноми Сулаймон Қаюмов (ВИДЕО)


Сулаймон Қаюмов аз шаҳри Кӯлоб
Сулаймон Қаюмов аз шаҳри Кӯлоб

Як сокини Кӯлоб мегӯяд, азбаски номи ӯ ҳам Сулаймон Қаюмов аст, баъди қатли Умаралӣ Қувватов дар "Одноклассники" садҳо таҳдид гирифта, маҷбур шудааст, номи саҳифаашро дар "Одноклассники" дигар кунад.

Сулаймон Қаюмов, сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъд аз он ки хабарҳо дар бораи боздошти як ҳамному насаби ӯ дар робита ба қатли Умаралӣ Қувватов дар расонаҳо пайдо шуд, дар саҳифаи "Одноклассники"-яш ҳудуди 200 паёми таҳдидомез дарёфт карда, якбора 500 нафар ба саҳифаи ӯ "меҳмон" шудаанд.

Ин сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб гуфт, шояд тасодуф буд ва ё шояд бо "роҳнамоӣ"-и касе ин афрод ба саҳифаи ӯ роҳ ёфта, ҳатто бо марг таҳдидаш кардаанд. Аммо мусоҳиби мо мегӯяд, "ман Қаюмов Сулаймон Бобоевич ҳастам. 33-солаам. Бо он Сулаймон Қаюмове, ки гӯиё боздошт шудааст, фақат ҳамному ҳамнасабем."

Ӯ субҳи 7 март бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда гуфт, як овозхон асту дар идораи фарҳанги шаҳри Кӯлоб кор мекунад ва аслан бо қазияҳои сиёсӣ сари коре надорад. Ҷаноби Қаюмов афзуд, ирсоли паёмҳо дар саҳифаи "Одноклассники"-яш бегоҳи 6 март сар шуда, танҳо баъд аз иваз намудани акси аввал ва номи саҳифааш қатъ гардидааст.

"То соати 12-и шаб машғули номанависӣ будам. Тасаввур кунед, қариб 200 нома омад," - нақл мекунад Сулаймон Қаюмов аз Кӯлоб. Мусоҳиби мо дар идома гуфт, баъзе аз номанависон аз ӯ дар бораи чигунагии куштор ва ҷуръаташ пурсидаанд.

"Баъзеи дигарашон дашном доданд. Ҳатто таҳдид карданд. Ҳайрон будам. Як ҳолати ғайриинтизор ва ногувор. Пеши обро гирифта мешавад, даҳони мардумро - не. Ба баъзеяш ҷавоб навиштам, дарк карданду маро ба ҳолам гузоштанд. Аммо баъзеяш аслан фаҳмидан намехостанд ва гумон доштанд, воқеан қотил ман ҳастам," - гуфт Сулаймон Қаюмов.

Мусоҳиби мо мегӯяд, танҳо баъд аз он ки номи саҳифаашро аз Сулаймон Қаюмов ба "студия" табдил дод, мавҷи номаҳо қатъ ва асабҳои ӯ низ ором шудаанд. Вай афзуд, ин бори аввал буд, ки дар чунин ҳолат афтодааст ва бисёр нигарон буд, ки бо ӯ чӣ хоҳанд кард.

Сулаймон Қаюмов: Ман он Қаюмов нестам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

XS
SM
MD
LG