Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Кӯлоб: "Кишварҳо ва гурӯҳҳое дар пайи нооромии вазъ ҳастанд"


Абдулғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб.
Абдулғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб.

Шаҳрдори Кӯлоб мегӯяд,кишварҳо ва гурӯҳҳое ҳастанд, ки ҳадафи ноором кардани вазъ дар Тоҷикистонро доранд.

Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб рӯзи душанбеи 28 июл зимни суханронӣ дар масҷиди марказии Имоми Аъзами ин шаҳр пеш аз намози ид гуфт, ки кишварҳо ва гурӯҳҳои бадхоҳе ҳастанд, ки дар пайи ноором кардани вазъ дар Тоҷикистонанд ва онҳо мехоҳанд, ки аз ҳассосияти мардуми Кӯлоб истифода кунанд.

Ӯ дар ин замина ба ширкати ҷавонони кӯлобӣ дар ҷанги Сурия ишора кард ва гуфт, ки ислом аслан дини қатлу куштор нест, аммо гурӯҳҳое фаъоланд, ки ба ҷавонони мо исломро нодуруст шарҳ медиҳанд ва мехоҳанд оташи низоъро дар кишвар аланга зананд. Шаҳрдори Кӯлоб гуфт, "вақте алангаи оташ сар мезанад, дигар пеши роҳи онро гирифтан мушкил аст. Бубинед, вақте бозори Кӯлоб оташ гирифт, то Хадамоти оташнишонӣ ва дигар ниҳодҳои зирабт ба маҳалли сӯхтор расиданд, ки нисфи бозор сӯхт."

Ба ин далел шаҳрдори Кӯлоб бар ин назар аст, ки агар пеши роҳи ҷалбу ширкати ҷавонон дар ҷанги Сурия гирифта нашавад, паёмади он низ номатлуб хоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурия асосан дар ҳайати нирӯҳои мухолифи режими Башор Асад меҷанганд, аз 110 то 200 нафар тахмин мезананд. То кунун дар бораи дар ҷангҳои Сурия кушта шудани дастикам 6 шаҳрванди Тоҷикистон – 3 сокини Кӯлоб, як сокини Восеъ, як нафар аз Исфара ва якеи дигар аз Истаравшан – гузориш шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, дар додгоҳи вилояти Хатлон муҳокимаи парвандаи Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов ва чаҳор шарики ӯро ба гумони ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия идома дорад ва қарор аст рӯзҳои наздӣ ҳукм нисбати ин афрод эълон шавад.

Ин аст, ки Абдуғаффор Раҳмонов аз руҳониён давъат, то ба мардум ва ба хусус ҷавонон асли исломро фаҳмонанд ва ҳамчунин худи мардум низ бояд аз ислом ба хубӣ огоҳ бошанд. Вай хитоб ба мардуми намозгузор гуфт, ки "оромии Тоҷикистон дар дасти худи шумост. Агар ҳар куҷое гурӯҳеро мебинед, ки талоши халалдор кардани сулҳро дорад ва ё ҷавононро ба роҳи нодуруст тарғиб мекунад, зуд ба мақомот хабар диҳед, яъне бетараф набошед."

Ҳарчанд ин барои бори нахуст аст, ки шаҳрдори Кӯлоб дар мавриди вуҷуди кишварҳо ва гурӯҳҳои тахрибкори сулҳу оромӣ дар кишвар сӯҳбат мекунад, аммо аз ин пеш бархе аз мақомоти баландпоя низ аз фаъолияти бархе аз кишварҳо ва гурӯҳҳо барои ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ба хусус Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳамоиши вазорати корҳои дохилӣ дар масъалаи “Муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ ва фасод”, ки рӯзи 19 июн дар Душанбе доир шуд, хитоб ба аҳли толор, ки дар он дар баробари намояндагони ниҳодҳои давлативу интизомии Тоҷикистон намояндагони сафоратҳову созмонҳои байналмилалӣ низ ҳузур доштанд, аз ҷумла гуфт:

"Дар атрофи Тоҷикистон вақтҳои охир бозиҳои бузурги геополитикӣ- идеологӣ рафта истодааст. Таҳти пӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатӣ гоҳо аз шеваҳое кор гирифта мешавад, ки ба мафиати Тоҷикистон хидмат намекунанд. Дар Тоҷикистон бархе аз хадамоти махсус, ки намехоҳам мақоми расмии онҳоро инҷо эълон кунам, бо ҷинояткорон ҳамкорӣ карда, ба онҳо маблағҳои калон медиҳанд. Онҳоро махсус таҳрик медиҳанд, ки алайҳи суботи мо кор баранд, амнияти халқи моро халалдор созанд."


Ҷаноби Ятимов, ки дар ин нишаст ибтидо ба англисӣ суханронӣ кардаву баъдан сӯҳбатҳояшро бо забони русӣ ҳам хулоса кард, аз бурдани номи ягон кишвари мушаххас ва ё хадамоти он худдорӣ варзид. Ӯ танҳо гуфт: "Ин корҳоро кишварҳои бузург анҷом медиҳанд.” Вазири амният хитоб ба созмону хадамаҳои хориҷӣ гуфт, “шумо бояд шарм доред, ки дар Тоҷикистон, дар як кишвари хурде, ки тоза ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, фаъолият дореду ба чунин корҳои нохуб даст мезанед. Магар ки бигӯям: Ай-яй-яй! (Шарматон бод!)"

Ятимов аз ин, ба таъбири ӯ, “дирижёрҳое ки дар пушти оркестр пинҳон шудаанд”, хост, сари худро боло кунанд ва чунон дирижёрӣ кунанд, ки ҳама бубинанд.

Ҳарчанд раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз ягон созмон ё кишвари мушаххас ном набурд, бисёриҳо дар ишораҳои ӯ рӯйдодҳои ахири Хоруғро “шинохтанд.” Қабл аз оғози бӯҳрони Хоруғ хабари мулоқоти мушовири сиёсии дафтари тоҷикистонии Иттиҳодияи Аврупо Иштван Нитрай бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, фармондеҳи собиқи мухолифин дар Хоруғ нашр шуд.

Баъди он ҳаводис дар атрофи сафари сафири Бритониё Робин Орд-Смит ба Хоруғ низ сару садои зиёд барпо шуд ва ҳатто Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумон аз ҳизби ҳоким далели ин сафарро, ки ошноӣ бо вазъи риштаи сайёҳии Бадахшон гуфта мешуд, зери суол бурданд. Бо баҳонаи ноамнӣ дар марзи Афғонистон Орд-Смитро ба ҷои дигар кӯчондани пешгирӣ аз мулоқоти ӯ бо намояндаи ҷомиаи шаҳрвандии Хоруғ низ ба оташи ҳадсу гумонҳо дар бораи вуҷуди “дасти хориҷӣ” дар рӯйдодҳои Бадахшон равғани бештар рехт.

XS
SM
MD
LG