Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи шахсияти ҷавоне аз Истаравшан, ки дар ҷанги Сурия кушта шудааст


 Абдураҳмон, акс аз интернет гирифта шудааст.
Абдураҳмон, акс аз интернет гирифта шудааст.

Мақомоти шаҳри Истаравшан ба таҳқиқи шахсияти ҷавоне шурӯъ кардаанд, ки гуфта мешавад, ахиран дар ҷанги Сурия

Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет аз 11 июн аксҳои ҷавони тоҷике нашр шудааст, ки гуфта мешавад, дар ҷанги Сурия кушта шудааст. Агар ин хабар тасдиқ шавад, Абдураҳмон шашумин тоҷикест, ки дар Сурия ҷон медиҳад.

Аз ин ҷавон Абдураҳмон, сокини ноҳияи Истаравшан ном бурда шудааст. Дар поварақи аксҳое, ки аз замони зиндагӣ ва марги ӯ дар Сурия нашр шудааст, навишта шудааст, ки «Абдураҳмони шаҳид аз Ӯротеппа».

Зоҳиран ин ҷавон 25-26 сол дорад ва дар аксҳое нишон дода мешавад, ки ҳангоми задухӯрд аз сараш захмӣ шуда ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, ин ҷавон ҳангоми задхӯрд дар деҳаи Хшами Сурия кушта шудааст.

Кушта шудани ҷавоне, ки дар шабакаи ҷаҳонӣ аз вай “Абдураҳмон аз Истаравшан” ном бурда шудааст, дуюмин хабари ҳалокати ҷавонон аз вилояти Суғд дар ҷанги Сурия аст.

Вазорати корҳои дохилӣ охири моҳи апрели соли равон хабари дар охири моҳи март кушта шудани Масрур Иброҳимов, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд аз сӯи нерӯҳои давлатии Сурияро аз қавли пайвандони ӯ тасдиқ карда буд.
Вале ин ки ҷавони дуюм дар ҳақиқат Абдураҳмон ном дораду аз Истаравшан аст ва дар воқеъ дар Сурия кушта шудааст, ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

Як корманди бахши ҷустуҷӯи фаврии шуъбаи корҳои дохилии Истаравшан рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, акси Абдураҳмон ба як ҷавони маҳаллӣ, ки мақомот гумон мебурданд, дар Сурия аст, монанд аст, вале инро танҳо баъди таҳқиқ метавон тасдиқ кард, ки оё дар акс дар ҳақиқат ҳамон ҷавони истаравшанист ё не. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт: “Ман аввал бо падару модари он ҷавон вохӯрда суҳбат ва аниқ мекунам, ки дар акс фарзанди онҳо аст ё каси дигар. Баъд аниқ гуфта метавонам, ки ҳамон ҷавони таҳти шубҳаи мо қарордошта аст ё каси дигар?”
Дар ҳамин ҳол, Акбар Маъруфов, мудири шӯъбаи дин дар ҳукумати Истаравшан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари ҳалокати ҷавони истаравшанӣ дар ҷанги Сурияро нав мешунавад. Вай афзуд : “Мо хабар дорем, ки чанд сокини Истаравшан аз Туркия ба Сурия рафтаанд. Аммо онҳо ба чӣ мақсад рафтаанд ва ба чӣ машғуланд, ба мо номаълум аст. Бачаҳо он ҷо ҳастанд, аммо дар бораи дар ҷанг иштирок доштану кушта шудани ин ҷавон ҳоло хабаре надорем. ”

Вале Бахтиёр Насруллоев, аз вакилони дифоъи як гурӯҳи 8-нафарии ҷавонони Истаравшан, ки ахиран додгоҳ онҳоро бо ҷурми узвият дар созмони тундрави динии “Ансоруллоҳ” аз 9 то 9.5 сол ба ҳабс маҳкум кард, мегӯяд, зимни баррасии парванда аз кушта шудани як ҷавони дигар дар Сурия ҳам сухан мерафт: “Лекин он ҷавоне ки аз вай Ислом ном бурданд, аслан шаҳрванди Узбакистон будааст. Вай аз ватанаш гурехта, ба Истаравшан омадааст ва ин ҷо як – ду сол гашта, баъд ба Сурия рафтааст. Баъд хабари кушта шуданаш расидааст. Вале мақомот ҳалокати вайро расман тасдиқ накардаанд

Ҳамчунин, навори дигаре бо номи «Бачаҳои тоҷик дар Сурия» нашр шудааст, ки лаҳзаи тирандозии як гурӯҳ ҷавононро ҳангоми задухӯрде намоиш медиҳад, ки миёни ҳам бо тоҷикӣ сӯҳбат доранд.
Абдураҳмон, акс аз интернет гирифта шудааст.
Абдураҳмон, акс аз интернет гирифта шудааст.
Хабари кушта шудани ҷавони тоҷик бо номи Абдураҳмон дар ҷанги Сурия, дар ҳоле нашр мешавад, ки то имрӯз ҳалокати дастикам 5 тоҷик – 3 сокини Кӯлоб, 1 сокини Восеъ ва 1 зодаи Исфара – дар Сурия тасдиқ шуда аст.

Мақомоти Тоҷикистон шумораи ҷангиён аз Тоҷикистон дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дар Сурияро ҳудуди 200 нафар тахмин мезананд. Дар авоили моҳи март мақомоти умури дохилаи Кӯлоб аз боздошти Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов бо иттиҳоми талоши ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба "ҷиҳод" дар Сурия хабар доданд. Давлат Чолов дар соли 2003 бо ҷурми таҷовуз ба номус ва куштор маҳкум ба зиндон шуда, вале баъди раҳоияш ба тиҷорат пардохтаву силсилаи дӯкону ошхонаҳо доштааст ва барои таъмини нуқтаҳои савдояш ба Туркия равуо мекард. Манобеи Озодӣ мегӯянд, гӯё ӯ аз Туркия муддате ба Сурия сафар кардааст.

Қабл аз он, дар поёни соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи макотиби олии Сурияро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои зидди режими Башор Асад боздошт ва дусолӣ маҳкум ба зиндон карда буд.

То кунун афроде ки бо чунин ҷурм маҳкум шудаанд, маъмулан бар асоси қонунҳои ҳамон кишваре ки алайҳаш ҷангидаанд, муҷозот мешуданд ва далели бо ҳамагӣ 2 соли зиндон “халос” шудани он 5 донишҷӯ низ ҳамин аст.

Аммо рӯзи 21-уми май порлумони Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноии кишвар банди махсусе ворид кард, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар муҷозоти шадидтар таъин мекунад.
Ин ҳам акси Абдураҳмон аст
Ин ҳам акси Абдураҳмон аст
Шумори ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурия, бино ба ҳисобҳо, аз марзи 1000 нафар мегузарад. Танҳо теъдоди ҷангиёни тоҷики ҷанги зидди режими Башор Асад дар ин кишвари дури арабӣ 190 нафар гуфта мешавад. Ҳамин тавр дар матбуот бар иловаи ширкати ҳудуди 200 ҷавони тоҷик дар ҷанги Сурия, ҳамчунин тахминан 150 қазоқ, ҳудуди 70 қирғиз ва садҳо узбак низ гузоришҳо нашр шудаааст. Ҳоло дар Қирғизистон дастикам 25 нафар, бо шумули ду духтар, баъди бозгашт аз Сурия дар боздошт қарор доштаанд.

Аммо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар як вохуриаш дар шаҳри Кӯлоб дар охири моҳи апрел гуфта буд, ки муддати чор соли ахир беш аз 600 ҷавони тоҷик барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки хусусияти ифротӣ доранд, муҷозот шудаанд.
XS
SM
MD
LG