Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабҳои сокит ва хиёбонҳои торики Кӯлоб


Торикии шом сокинони Кӯлобро аз хиёбонҳо дур ва ин шаҳри пуршӯру мағалро ба шаҳри тақрибан беодам ва сокиту ором табдил медиҳад.

Хиёбонҳои беодам, дари бастаи дӯкону фурӯшгоҳҳо ва дигар маконҳои дилхӯшӣ шабона дар Кӯлоб ба як манзараи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, рӯзноманигоре, ки вижагиҳои рафтори сокинони Кӯлобро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, миёни хонаводаҳои ин ҷо шабона ба кӯча набаромадан таблиғ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, мардуми ин шаҳр сайругаштҳои шабонаро дар кӯчаҳо қабул надоранд ва ин корро то ҳадде ор медонанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қутбиддин Нуралиев, сокини 70-солаи Кӯлоб, замони Шӯравӣ бо вуҷуди кам будани аҳолии ин шаҳр шаб мардум сайругашт мекард ва марказҳои дилхушию дӯкону мағозаҳо боз буданд. Ӯ аз маркази дилхушии «Лаззат», таҳти мудирияти Сангак Сафаров, ёд меорад, ки шабонарӯзӣ фаъол будааст. Нуралиев мегӯяд, ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилиҳои рӯзгор дигар мардумро хаста кардааст ва онҳо хоҳиши сайругашти шабона надоранд. Ин марди рӯзгордида мегӯяд, бархилофи замони Шӯравӣ, ки ҳама табъи болида дошта, шабонгоҳ ба тамошо мебаромаданд, ҳозир ҳама дар ғами рӯзгор, рӯзи дароз кор мекунанд.

Ба гуфтаи Нуралиев, тамошоҳои шабона аз хурсандиву вақти хуш мешавад, ки ҳоло мардум онро надорад. Шаҳодат Сафарова, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, шавҳараш дар Русия ҳаст ва ӯву фарзандонаш дар набудани ӯ наметавонанд, танҳо шабгардӣ кунанд. Сафарова мегӯяд, маблағе, ки шавҳараш равон мекунад, базӯр барои рӯзгор мерасад.

Баҳодур, ҷавони дигари маҳаллӣ, адами сайругаштҳои шабонаро ба набудани маконҳои фароғатӣ дар шаҳр марбут медонад. Ӯ мегӯяд, кӯчаҳои Кӯлоб дар сурате шабона пуродам мешаванд, ки кӯчаҳои шаҳр чароғон ва марказҳои хуби дилхӯшию варзишӣ фаъол бошанд. Аммо Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ мегӯяд, дар шаҳр майдони чароғони «Маҷмааи 2700-солагии Кӯлоб» вуҷуд дорад ва дигар нуқтаҳои дилхушӣ ҳам бунёд гаштаанд, вале бинобар муштарӣ надоштан онҳо шабона дарҳояшонро мебанданд.

Дилшод, ҷавони дигар аз Кӯлоб, ба шаҳри сокиту ором табдил ёфтани Кӯлобро дар шаб ба камбизоатии сокинони он бастагӣ медиҳад. Ӯ мегӯяд, дар Кӯлоб ягон корхонае нест, ки дар ду баст ва ё ба таври мунтазам фаъолият кунад ва сокинон ҳам аксаран бекоранд. Дилшод сабаби баста будани дари дӯкону маконҳои дилхуширо дар он медонад, ки мардум пул надоранд.

Дар чанд соли ахир ҷавонони Кӯлоб танҳо баъд аз пирӯз шудани дастаи футболи шаҳрашон -- «Равшан» шабона ба хиёбонҳо рехта, дилхушӣ кардаанд. Боқӣ ҳамаи шабҳои Кӯлоб хомӯшу осуда субҳ мешаванд.
XS
SM
MD
LG