Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз бозигарони "Равшан" дар Кӯлоб ва видеои пирӯзӣ


Садҳо тан аз сокинони Кӯлоб барои истиқболи бозигарони "Равшан", қаҳрамони нави футболи Тоҷикистон, ба кӯчаҳои ин шаҳр баромаданд.

Бозигарони тими "Равшан" баъди ба даст овардани унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 30-юми ноябр ба шаҳри Кӯлоб бозгаштанд.

Ба истиқболи бозигарони даста, ки барои нахустин бор ин унвонро соҳибӣ кардаанд, садҳо тан аз сокинони пиру ҷавони Кӯлоб ба хиёбонҳои шаҳр баромада, ғолибияти дастаашонро бо шӯру ғавғо ҷашн гирифтанд.

Бозӣ барои дарёфти унвони қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб дар рӯзи панҷшанбеи 29-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе бо ҳузури 17 ҳазор мухлис барпо гардид.



Ҳисобро дар дақиқаи 20-уми бозӣ ҳамлагари дастаи "Истиқлол" Фарҳод Тоҳиров боз кард. Баъди 13 дақиқа ҳамлагари "Равшан" Наврӯз Рустамовҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи "Равшан"-ро боз ҳам Наврӯз Рустамов дар нимаи дувум, дар дақиқаи 60-уми бозӣ, ба ҳадаф расонд.


XS
SM
MD
LG