Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собчак ба раҳоии зиндониёни сиёсӣ даъват кард


Ксения Собчак, як шахсияти маъруфи телевизионӣ ва фаъоли мухолифини Русия, ки ҳафтаи гузашта гуфт, омода аст номзадиашро ба интихоботи моҳи марти соли оянда пешбарӣ кунад, аз мақомоти он кишвар даъват кард, ки ҳама зиндониҳои сиёсиро озод кунанд.

Даъват ба раҳоии зиндониёни сиёсӣ

Дар як нишасти матбуотии нахустинаш дар Маскав рӯзи 24-уми октябр Собчак ба хатми таъқиби мардуми бегуноҳ ва озодфикр, даъват кард. Собчак як навори видеоиро бо симои афроди аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ боздоштшуда дар Русия пахш кард, ки дар миёни онҳо филмсози украинӣ Олеҳ Сентсов, раиси собиқи амнияти ширкати нафтии "Юкос" Алексей Пичуга, фаъоли мухолифин Дмитрий Бученков ва коргардони театр Кирилл Себеренниковро дидан мумкин буд.

Ксения Собчак духтари собиқ мири шаҳри Санкт-Петербург аст, ки устоди сиёсии президент Владимир Путин дар солҳои 1990-ум ба шумор меравад. Хонум Собчак рӯзи 19-уми октябр гуфт, ки омода аст дар интихоботи президентӣ иштирок кунад.

Сентсов бо гуноҳи терроризм ба 20 соли зиндон ва Пичугин барои куштор ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудаанд. Бученков барои ҳамла ба полис дар ҷараёни эътирозҳои майдони Болотная дар соли 2012, муҳокима мешавад ва Серебренников барои азхудкунии маблағҳо мавриди ҳабси хонагӣ қарор гирифтааст.

Собчак 35 сол дорад ва дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ҳамчунин раиси ситоди таблиғотии худ Игор Малашенкоро муаррифӣ кард. Ӯ муассиси телевизиони НТВ буда, дар маъракаи интихоботии соли 1996 барои президент шудани Борис Елтсин кӯмак кардааст.

Дар маъракаи интернетии Собчак Виталий Шкляров мутасаддӣ таъин шудааст. Ӯ дар интихоботи маҳаллии моҳи гузашта мушовири сиёсатмадор Дмитрий Гудков буд ва дар гузашта дар интихоботи президентии ИМА барои Бернӣ Сандерс ҳам кор кардааст.

"Путинро падарамро наҷот дод"

Ксения Собчак -- духтари собиқ мири шаҳри Санкт-Петербург аст, ки устоди сиёсии президент Владимир Путин дар солҳои 1990-ум ба шумор меравад. Собчак рӯзи 19-уми октябр гуфт, ки омода аст дар интихоботи президентӣ иштирок кунад.

Ксения Собчак зимни нишасти хабарӣ. Рӯзи 24-уми октябр.
Ксения Собчак зимни нишасти хабарӣ. Рӯзи 24-уми октябр.

Рӯзи 24-уми октябр Собчак ба саволи ин, ки Путин барои ӯ чӣ шахсият аст, чунин посух дод: “Путин барои бархе як диктатор ва мустабид аст. Барои дигарҳо як пешвоест, ки Русияро аз по баланд, карда ҷаҳони русиро ҳифз кард. Барои ман Путин пеш аз ҳама шахсе аст, ки дар як ҳолати хеле сангин ба падарам кӯмак кард. Мешавад гуфт ҳаёти падари маро наҷот дод. Ман инро ҳамеша дар хотир дорам. Барои ҳамин, Путинро ба ҳайси як инсон ман таҳқир намекунам, вале ин маънои онро надорад, ки ман аз ҳама кори Путини сиёсатмадор комилан розӣ ҳастам”.

Вай гуфт, ки ба хотири ҷалби раъйи онҳое ба рақобат ворид мешавад, ки дар интихобот мехоҳанд зидди ҳама номзадҳо овоз диҳанд. Пеш аз он, ки Собчак аз худ ба ҳайси як шахсияти сиёсӣ дарак диҳад, кори ҷамъиятии худро аз муҷригӣ дар барномаҳои телевизионии ҷавонон шурӯъ кард ва ӯро “Перис Ҳилтон”-и Русия меномиданд.

Путин ҳам номзад мешавад?

Пешбарӣ шудани номзадии Собчак дар интихобот расман Владимир Путинро ба чолиш мекашад, ки инак баъди 17 соли раҳбарӣ дар Русия ҳамоно зимоми қудратро дар дасти худ нигаҳ медорад ва тамоми ҷараёнҳои сиёсии дохили кишварро назорат мекунад.

Путин ишора кард, ки барои бори чаҳорум номзадиашро дар интихобот пешбарӣ хоҳад кард, вале ҳанӯз ҳам ба таври расмӣ дар ин бора хабар надодааст. Агар Путин ба интихобот пешбарӣ шавад, бидуни мушкил баранда хоҳад шуд, чун ҳукуматро ҳамаҷониба назорат карда, матбуоти мустақил ва мухолифонро низ дар кишвар хеле заъиф кардааст.

Шикоф дар сангари мухолифон

Бархе изҳори нигаронӣ карданд, ки номзадии Собчак дар сангари мухолифон шикофӣ ворид мекунад. Аз ин пеш Алексей Навалний гуфта буд, ки омода аст номзадиашро дар интихобот пешбарӣ кунад ва дар миёни бахши ҷавони ҷомеа бо фошкориҳои нақшаҳои фасодкориҳои раҳбарияти Русия, обрӯи зиёд касб кардааст.

Вале бо ин вуҷуд, додгоҳҳо дар Русия Навалнийро барои содир кардани ҷиноят муҷозот кардаанд, ки ба андешаи тарафдоронаш, ангезаҳои сиёсӣ дорад. Мақомоти интихоботӣ гуфтаанд, ки доғи судӣ ба Навалний ҳақ намедиҳад, ки дар интихобот ширкат кунад.

Алексей Навалний, аз раҳбарони мухолифони ҳукумати Русия.
Алексей Навалний, аз раҳбарони мухолифони ҳукумати Русия.

Собчак дар суханронии худ рӯзи 24 октябр гуфт, “Алексей Навалний дар панҷ соли охир муваффақтарин тарҳи сиёсӣ дар Русия буд”. Собчак гуфт, агар Навалний дар сабти номи номзадиаш муваффақ шуд, ӯ номзадиашро ба фоидаи Навалний бозпас мегирад.Вай гуфт, ки тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки Навалний барои ширкат дар интихобот сабти ном шавад. Вай гуфт, дар он сурат ӯ омода аст ба тими тарафдорони Навалний бипайвандад.

Рӯзи 22 октябр худи Навалний ба саволи ин, ки оид ба пешбарии номзадии Собчак дар интихобот чӣ назар дорад, сиёсатмадори тоза аз ҳабси маъмурии 15-рӯза озодшуда гуфт, “ҳар кас ҳақи ширкат дар интихоботро дорад”. Вай гуфт, ки бархе номзадҳоро зиёд ва дигарҳоро камтар дӯст медорад. Собчак инчунин гуфт, ки ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки ба ҳайси номзади инфиродӣ ва ё ба намояндагӣ аз ҳизби сиёсӣ, дар интихобот ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG