Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими ҷанозаи Константин Бондаренко – аз иқтисодшиносони маъруфу ҷавони тоҷик – рӯзи 31 январ дар як калисои шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои иштирок дар ин маросим ва бахоксупории ин иқтисоддон дӯстону наздиконро даъват кардаанд. Константин Бондаренко рӯзи 28 январ бар асари илтиҳоби шуш аз дунё чашм пӯшид. Вай ҳамагӣ 38 сол дошт, вале дар ин муддат тавонист ба яке аз чеҳраҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳталаби низоми иқтисодӣ дар Тоҷикистон табдил шавад. Марги ӯ ҳалқаҳои коршиносиву хабарнигорӣ дар Тоҷикистонро такон дод.

Иқтисоддон ва таҳлилгар

Константин Бондаренко бо вуҷуди ҷавонӣ даҳҳо шогирде омода кардааст, ки метавонанд ба хубӣ масоили муҳими иқтисодии кишварро дарку таҳлил кунанд. Ӯ на танҳо чун як иқтисоддони ҳирфаӣ ва таҳлилгари хуб, балки чун як равшангар ва тарғибгари донишҳои нави иқтисодӣ миёни ҷавонон шинохта буд. Аз давраҳои омӯзишии мактаби Бондаренко садҳо ҷавон аз тамоми гӯшаҳои кишвар баҳра бурда, маҳз бо иштирок дар маҳфилу дарсҳои ӯ аз масоили муҳими иқтисодӣ огоҳ шудаанд.

Константин Бондаренко бо вуҷуди ҷавонӣ даҳҳо шогирде омода кард, ки метавонанд ба хубӣ масоили муҳими иқтисодии кишварро дарку таҳлил кунанд.

Яке аз ҳадафҳои аслии Маркази бозори озоди иқтисодии Тоҷикистон, ки аз сӯи Константин Бондаренко дар солҳои 2010 таъсис ёфт, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба масоили муҳиму баҳсбарангези иқтисодӣ буд. Дар доираи ҳамин марказ ҳам ӯ ҳар ҳафта дар як мавзӯъҳои муҳими иқтисодӣ бо ҷавонон мубоҳисаҳо ташкил мекард.

Вижагиҳои мактаби Бондаренко

Ҳамкорони ӯ дар Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯянд, баъди бозгашт аз як нишаст дар мавзӯи бозори озод дар Қазоқистон, Бондаренко дар фикри таъсиси ин марказ дар Тоҷикистон шуд. Марказ ҳам кори худро аз ташкили мубоҳисаҳо бо ширкати ҷавонон ва иқтисоддонону муттахасисони соҳаи бонк шурӯъ кард. Ҳамзамон бо барномаҳои махсус марказ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои шаҳру минтақаҳо дарсҳои иқтисодӣ ба роҳ мемонд.

Азиз Тимуров, ҳоло иҷрокунандаи раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон, мегӯяд, дар дарсҳое, ки Константин барои ҷавонон ташкил мекард, ҳатто нафарони дур аз иқтисод ҳам ба хубӣ масоили иқтисодиро метавонистанд дарк кунанд ва бидонанд, ки иқтисоди ҷаҳон ё Тоҷикистон чӣ мушкил дорад. "Донише, ки дар донишгоҳ ба ҷавонон дода мешавад, аз лексияҳои клуби мо фарқ мекард. Дар инҷо ҷавонон озоданд. Ба онҳо бо тарзи содда масъалаҳои муҳими иқтисодӣ фаҳмонда мешавад. Инҷо аз ақидаҳои мактаби австриягӣ ё мактаби либералӣ аст, ки мо тарафдори он мебошем", - гуфт ӯ.

Азиз Тимуров гуфт, мубоҳиса ва клубҳое, ки Константин тавассути Маркази бозори озоди иқтисодӣ дар Душанбе ва минтақаҳои кишвар байни ҷавонон ташкил мекард, воқеан, ҷолиб мегузаштанд. Вай афзуд, "барои ҷалби диққати ҷавонон ба мавзӯъҳо, ӯ ҳафтаҳои иқтисодӣ ба роҳ мемонд ва филму наворҳоро дар бораи соҳибкорону мушкили онҳо намоиш медод. Шояд ҳамин буд, ки садҳо ҷавону донишҷӯ бо шавқ дар дар маҳфилу лексиҳои ӯ ширкат мекарданд."

Украинитаборе, ки бо тоҷикӣ ҳарф мезад

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

Рустам Гулов, яке аз дӯстон ва ҳамкорони Константин, ки дар барномаҳои мухталиф ва ташкили дарсҳо дар Хуҷанд ҳамроҳ кор кардаанд, мегӯяд, саҳми Константин на танҳо дар боло бурдани донишҳои иқтисодӣ, балки ҳисси ватандӯстии онҳо ҳам бориз аст. “Худаш украинитабор буд, аммо вақте ба забони тоҷикӣ гап мезад, диққати тамоми ҷавононро аз ҳар гӯшаву канори кишвар ба худ ҷалб мекард. Дарсу лексияҳояш дар шакли интерактивӣ ва бозиҳо хеле ҷолибу таъсирбахш мегузашт”,-афзуд Рустам Гулов.

Чаро Бондаренко "Маркази бозори озод" таъсис дод?

Константин Бондаренко дар як сӯҳбаташ 5 соли пеш зимни таъсиси Ҷоми бозори озод ё мубоҳисаҳо дар назди “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” барои ҷавонон гуфта буд, мехоҳад таваҷҷӯҳи ҷавононро ба масоили баҳсбарангези иқтисодӣ мисли суду зиёни иттиҳоди гумрукӣ, ҳаҷму шумораи андозҳо ҷалб кунад.

Ӯ гуфта буд, “мақсади ташкили сабқат, ин оммавӣ сохтани донишҳои иқтисодӣ аст. Ҳамаи фаъолияти ташкилоти мо, аз қабили мизҳои мудаввар, семинару омӯзишҳо низ оммавӣ сохтани донишҳои иқтисодӣ -либералӣ аст. Бондаренко бо таассуф гуфта буд, он маълумоте, ки ҷавонон дар макотиби олии иқтисодӣ мегиранд, чандон ҷолиб нестанд.”

Константин Бондаренко
Константин Бондаренко

Бондаренко дар 38-солагӣ дар тавре гуфта мешавад, дар пайи бемории илтиҳоби шуш аз дунё чашм пушид. Аммо дар ёди ҷавонони иқтисоддон чун як устоди навовару ва таҳлилгарӣ беҳтарин хоҳад монд. Аксар насли нави иқтисоддонҳои тоҷик, ки дар тарбия ёфтани худ чун як иқтисодшинос саҳми Константин Бондаренкоро муҳим медонанд, мегӯянд бо даргузашти ин донишманди ҷавон, иқтисоди Тоҷикистон як олими хеле қавӣ ва навовару соҳибандешаро аз даст дод.

Ҳоло бархе аз дӯстону ҳамкасбони Константин пешниҳод доранд, “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” ба номи Константин Бондаренко гузошта шавад. Константин дар Тоҷикистон ба дунё омада буд. Ӯ солҳои охир дар мактаби олии иқтисодии Украина таҳсил мекард ва моҳи май бояд ба итмом мерасонд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG