Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубл миёни сомониро ҳам мешиканад?


​Иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бо васоили маъмурӣ нигоҳ доштани қурби пули миллии Тоҷикистон ба “пуфак”-е мемонад, ки метавонад як рӯз битаркад.

Қурби рубл дар муқобили доллару евро рӯзи 24 август ба таври аз моҳи феврал ба ин сӯ бесобиқа пойин рафт. Субҳи душанбе, дар оғози кори биржаи асъори Маскав, қурби як доллар аз 71 рубл ва қурби евро аз 81 рубл боло рафт. Нозирони умур коҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳониро як омили асосии чунин уфти башиддати қурби рубли русӣ ва пулҳои миллии кишварҳои дигари содиркунандаи нафт, аз ҷумла тангаи Қазоқистон, дар ҳафтаҳои охир мешуморанд. Нархи як бушка нафти хоми Амрико рӯзи душанбе то 39 доллар ва нархи як бушка нафти Брент то 44 доллар пойин омад. Зимнан, “Сбербанк”-и Русия ҳафтае пеш пешбинӣ карда буд, ки агар нархи Брент ба 45 бирасад, қурби рубл аз 70 мегузарад.

Рубл танҳо дар як моҳи охир қариб 35 дарсади қурбашро гум кард. Тангаи қазоқӣ дар ҳафтаи гузашта баъди ба қурби озод гузаштани ҳукумати Қазоқистон дар як шаб 30 дарсад беқурбтар шуд.

Тоҷикистон кишвари содиркунандаи нафт нест, вале иқтисодаш аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ, бахусус аз Русия хеле сахт вобаста аст. Як омили муҳими таъмини суботи моливу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишвар пулҳоест, ки муҳоҷиронаш асосан аз Русия мефиристанд. Беш аз 90 дарсади ин пулҳо бо рубли русӣ ба Тоҷикистон фиристода мешаванд ва коҳиши қурби рубл, албатта, ба вазъи бозори арзи Тоҷикистон бетаъсир монда наметавонад. Омили дигар ин аст, ки Русия як шарики асосӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бештари харидуфурӯшҳо бо ин кишвар низ бо рубли русӣ сурат мегиранд.

Ба дунболи уфти қурби рубл дар Маскав, рӯзи душанбе арзиши пули Русия дар саррофиҳои Тоҷикистон низ ба суръат аз 99 сомонии рӯзи якшанбе то 94 сомонӣ барои 1000 рубл пойин омад. Қурби доллар баръакс боло рафта, рӯзи 24 август дар саррофиҳои Душанбе ба 6 сомониву 80 дирам харида, 6,83-6,85 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ин дар ҳолест ки Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии долларро барои рӯзи 24 август 6,3047 сомонӣ барои як доллар ва қурби рублро 98,5 сомонӣ барои 1000 рубл муқаррар кардааст.

Бо вуҷуди таҳаввулоти ахир дар бозори асъори паҳнои пасошӯравӣ, Бонки миллии Тоҷикистон – ниҳоди асосии маъсули танзими бозори асъори ин кишвар – рӯзи ҷумъа дар як изҳороти вижа гуфт, беқурбшавии тангаи қазоқӣ ба вазъи сомонӣ “таъсири чашмрас” нахоҳад дошт ва “барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад.” Бонки миллӣ гуфт, ҳамроҳ бо шӯъбаҳояш дар маҳалҳо “дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъорро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст ва ҳам қасд дорад, барои таъмини бозор аз Чин низ ба зудӣ маблағҳои қарзӣ ҷалб намояд.

Вале Блумберг, яке аз бунгоҳҳои мӯътабари таҳлили вазъи иқтисодии ҷаҳон, се рӯз пеш дар пешбиниҳояш пули миллии Тоҷикистонро дар қатори 10 пуле ном бурд, ки дар пайи беқурбшавии танга ба хатари бештари чунин беқурбшавӣ рӯбарӯ мебошанд. Иқтисодшиносони тоҷик низ мегӯянд, ба таври маъмурӣ ва бо интервенсияҳои арзӣ нигоҳ доштани қурби сомонӣ ба пуфаке мемонад, ки ягон рӯз мисли тангаи Қазоқистон метавонад битаркад ва боиси уфти якбора ва дардноки пули миллии Тоҷикистон шавад.

Константин Бондаренко
Константин Бондаренко

Дар бораи таъсири эҳтимолии коҳиши рубли русӣ ба вазъи сомонӣ дар бозори асъор сӯҳбате доштем бо Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон.

Константин Бондаренко: Албатта, афтодани қурби рубл ба қурби сомонӣ таъсир мерасонад, чунки муҳоҷирон пулҳояшонро асосан бо рубл равон мекунанд. Ва ҳаҷми ин пул ба қурби асъори миллӣ дар Тоҷикистон хеле таъсир дорад.

Радиои Озодӣ: Ва сиёсати Бонки миллӣ ба ин таҳаввулотро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Константин Бондаренко: Бонки миллии Тоҷикистон ҳаракат дорад, ки қурби сомониро нигоҳ бидорад. Шояд аз тариқи аз гардиш баровардани як миқдор пули сомонӣ, ё шояд аз тадбирҳои маъмурӣ истифода барад. Мо қурби озод шинокунанда надорем феълан дар Тоҷикистон. Лекин хоҳем-нахоҳем, баъди чанд вақт мо таҳти таъсири ин тағйирот дар бозори асъор мемонем. Фурӯхтани асъори хориҷӣ барои ҳифзи қурби сомонӣ аз сӯи Бонки миллӣ роҳи ҳал нест. Қурб хоҳ-нохоҳ баъди чанде боло хоҳад рафт. Ягон варианти дигар нест. То кадом сатҳ боло меравад ва кай? Ин аст ду саволе, ки ҳаст. Вале яқин аст, ки мо натиҷаҳояшро алакай то поёни сентябр мебинем, чунки мо аз иқтисоди Русия хеле сахт вобаста ҳастем. Албатта, ин вобастагӣ ба ҳадде нест, ки агар қурби рубл 30 дарсад пойин равад, сомонӣ ҳам 30 дарсад қурбашро аз даст диҳад. Сомонӣ шояд 5 ё 10 дарсад гум кунад. Лекин вобастагӣ ҳаст, чунки муҳоҷирони пулашонро асосан ба рубл мефиристанд.

Радиои Озодӣ: Агар дар Тоҷикистон ҳам ба қурби озод гузаранд, қурби он дар муқобили доллар ба чанд метавонад бирасад?

Константин Бондаренко: Ками камаш то 7 меравад. Барои онки мо аз баҳор, аз замони беқурбшавии охирини сомонӣ потенсиали зиёде ҷамъ кардаем барои беқурбшавии навбатии сомонӣ. Ман ҳоло ҳайрон намешавам, агар қурбаш ба 7 бирасад. Ба 8 ҳам бирасад, ҳайрон намешавам. Афсӯс ки мо як пешбинии дақиқ дода наметавонем, чунки маълум нест, ки аз тарафи Бонки миллӣ кадом меъёрҳо истифода мебарад. Вале агар ба қурби озод гузарем, қурби сомонӣ дар муқобили доллар аз 7 мегузарад. Ҳатман то 10 фоиз беқурб мешавад.

Радиои Озодӣ: Сиёсати кунуни Тоҷикистон дар бозори асъор чӣ паҳлуҳои мусбату манфӣ дорад?

Константин Бондаренко: Ин аз як тараф хуб аст.Ба сӯди аҳолӣ аст, аз таваррум пешгирӣ мекунад. Вале аз тарафи дигар, ростӣ, иқтисод ҳоло кор карда наметавонад, чунки дастрасӣ ба асъори хориҷӣ нест. Барои мисол, вақте шумо аз хориҷ маҳсулот ворид мекунед, наметавонед бо пули маҳсулоти хориҷиатон асъори хориҷӣ бихаред. Ва бе асъори хориҷӣ шумо дигар мол ворид карда наметавонед. бояд барои харидани он пули хориҷӣ бихаред. Бе асъори хориҷӣ шумо наметавонад рафта, боз маҳсулот бихаред. Аз ин рӯ, иқтисод дар Тоҷикистон ҳоло ях бастааст. Беҳтар мешуд, агар қурбро сар медоданд. Шояд сомонӣ беқурб шавад, вале равандҳои иқтисодӣ манъ намешуданд. Мубодила ё гардиши маблағҳо низ даркор аст. Агар мо тамоми равандҳои иқтисодиро манъ кунем, тамоми иқтисод таъсири манфӣ мебинад.

Радиои Озодӣ: Ва ин метавонад мисли пуфак ҷамъ шуда- ҷамъ шуда, як рӯз битаркад?

Константин Бондаренко: Албатта, имкон дорад. Мумкин ин хеле сахт биуфтад барои мо. Мисли Қазоқистон, ки айни сиёсати молиро пеш гирифта буданд ва қурбро базӯр нигоҳ медоштанд. Лекин мушкилот ҷамъ шуд- ҷамъ шуду ҳоло, марҳамат, худатон бинед. Дар як шаб 30 фоиз беқурб шуд. Ба назарам, Тоҷикистон ягон алтернативаи дигар надорад. Агар қурби сомониро сар диҳад, доллар дар бозор боз пайдо мешавад. Ҳоло дар кӯча доллар харидан қариб ғайримумкин шудааст. Намефурӯшанд. Қурби доллар дар бонкҳо аз қурби Бонки миллӣ хеле фарқ мекунад. Дар бонкҳо – аз 6,70 сомонӣ сар мешавад, дар Бонки миллӣ – то ҳол 6,30 боқӣ мондааст. Ин хуб нест, чунки тамоми равандҳои иқтисодиро ях занондааст.

XS
SM
MD
LG