Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон камбизоатиро чӣ гуна коҳиш медиҳад?


Коршиносон дар масъалаи расидан ба ҳадафҳои барномаи миёнасуръати рушди иқтисоди Тоҷикистон то соли 2020, аз ҷумла коҳиши мизони фақр, назари яксон надоранд.

Муаллифони барномаи ҳукуматӣ “сенарияи бадтарин”-и рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар се соли оянда 3-4 дар сад ва мизони истеҳсолотро дар ин муддат дар ҳудуди 12 дар сад пешгӯӣ кардаанд. Ин ҳисобҳо бо назардошти суръати кунди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла бӯҳрони Русия, коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон ва ҳам кам шудани мизони сармояҳо пешбинӣ шудааст. “Сенарияи воқеӣ”, ба қавли муаллифон, рушди иқтисодиро то соли 2020 дар ҳудуди 6-7 дар сад ва мизони сармоягузориро ду баробар бештар пешбинӣ кардааст.

Пули интиқолии муҳоҷирон аз Русия якбора кам шуд ва интизор намеравад, ки солҳои наздик вазъ беҳтар шавад.

Яке аз ҳадафҳои муҳим – то соли 2020 то 20 дар сад коҳиш додани мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон будааст. Аз рӯи арзёбиҳои Бонки ҷаҳонӣ, то охири соли 2016 дар кишвар ҳар нафари севум бо камтар за 2,2 доллар дар рӯз зиндагӣ мекард.

Ифротгароиву ҷангҳои хориҷӣ – як паёмади камбизоатӣ

Онҳое, ки ба беҳтарин натиҷаҳои сенарияи рушди иқтисод бовар доранд, мегӯянд, ин ҳама нақшаҳо ҳадаф ё ҳарфи холӣ нест, балки ҳосили таҳлилу тақозоҳои воқеии замон аст. Як корманди бонки байналмилалии мустақар дар Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ҳукумат ҳоло ҷиддан дар фикри зинда кардани иқтисод аст, чун чолишҳои ҷиддии солҳои охир, ба монанди таҳдидҳои амниятиву таваҷҷӯҳи як қишри ҷомеа ба ақидаҳои ифоротӣ онҳоро водор мекунад, чораҳои муассир андешанд.

“Стратегияи бехатарии озуқаворӣ, коммуникатсия ва энергетика се соҳае ҳаст, ки метавонад рушдро таъмин кунад. Дар масъалаи ғизо - ҳоло бозори фурӯши озуқа аз Тоҷикистон ба берун васеъ шудааст. Масъалаи коммуникатсия дар дохили кишвар ва иртиботи миёни шимолу ҷануб, ҳаракати роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар дохил хуб шудааст. Имкони фаъол шудани ҳаракати роҳи оҳан ба самти Эрону Афғонистон ҳам беҳтар шудааст. Дар масъалаи энергетика ҳам Маркази гармидиҳии дуюми Душанбе ба кор даромад ва агар ду агрегати нерӯгоҳи Роғун ба кор дарояд, ҳамаи ҳадафҳои то соли 2020 гузошташуда амалӣ мешаванд", - афзуд мусоҳиби мо.

Ин корманди бонки байналмилалӣ гуфт, омили дигар – хуб шудани робитаҳо бо Узбакистон аст, ки имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҳам табодулро афзоиш ва роҳҳои ҳаракати молу борҳоро боз мекунад. Зимнан, дар чаҳорчӯби ҳадафҳои коҳиши сатҳи камбизоатӣ, мақомот феҳристи ягонаи хонаводаҳои камбизоатро таҳия кардаанд, ки дар ҳудуди 97 ҳазор оила муайян шудааст. Қарор аст, барои онҳо кӯмаки ҳадафмандонаи иҷтимоӣ расонда шавад. Коршиноси ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ таъкид кард, ки ҳукумат ҳоло “масъали кумак ба оилаҳои камбизоатро сахт гирифтааст“, чунки дарк мекунад, аксари онҳое, ки ба ҷангҳои берунӣ ва ақидаҳои ифротӣ ҷалб мешаванд, аз оилаҳои камбизоат ҳастанд.

Скептисизми солим

Як гурӯҳи дигари иқтисодшиносони тоҷик барномаи нави рушд ва мушаххасан ҳадафи коҳиши шумори қишри камбизоати аҳолиро “бодабдаба” ва “ғайриамалӣ” меноманд. Константин Бондаренко, раҳбари “Маркази бозори озод” мегӯяд, баъзе омилҳое ҳаст, ки иҷрои ин нақшаҳоро ғайривоқеӣ мекунад.

Константин Бондаренко.
Константин Бондаренко.

“Як шарти муҳим ин аст, ки иқтисоди Тоҷикистон бо суръати хеле тундтар назар ба солҳои гузашта рушд кунад ва шарти дигар ин аст, ки сокинони маҳаллӣ бояд беҳбуди вазъи иқтисодиро дар тани худ эҳсос кунанд. Пули интиқолии муҳоҷирон аз Русия якбора кам шуд (соли 2013 – 4 миллиард доллар ва дар 9 моҳи соли 2016 – 1,5 миллиард доллар буд) ва интизор намеравад, ки солҳои наздик вазъ беҳтар шавад. Иқтисоди Тоҷикистон барои рушд сарчашмаҳои ҷиддии дохилӣ надорад. Танҳо қарзҳои берунаи чинӣ аст, ки ворид мешавад, вале онҳо ҳам барои тақвияти бахшҳои муайян, асосан саноати маъдани Тоҷикистон равона шудаанд", - афзуд ӯ.

Бондаренко гуфт, вазъи иқтисоди Русия ҳам солҳои наздик беҳтар намешавад. Ин коршинос пешгӯӣ мекунад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои оянда бидуни ҷаҳиш, балки бо суръати нармтар назар ба хостҳои мақомот ҳаракат хоҳад кард.

Сафар Нуров, як узви маҳфили “Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон” дар Фейсбук, менависад, суръати рушди аҳолӣ дар кишвар ҳамоно баланд аст ва ин омил ба бахши иҷтимоии буҷа, аз ҷумла хароҷоти соҳаҳои беҳдошту маориф таъсири мустақим мерасонад. Зимнан, мақомот пешгӯӣ кардаанд, ки то соли 2020 ҷамъияти Тоҷикистон то 10 миллион нафар афзоиш меёбад. Нуров гуфт, нақши муҳоҷирати корӣ дар иқтисоди Тоҷикистон хеле муҳим боқӣ мемонад ва нишонаҳои беҳтар шудани вазъи бозори кор дар солҳои 2017 ва 2018 дар Русия феълан ба чашм намехӯрад.

Ӯ гуфт, “бозори кор дар Тоҷикистон то ҳанӯз ҳамаҷониба ва амиқ омӯхта нашудааст. Дар ҳоле ки 70 %-и аҳолӣ дар манотиқи деҳот ба сар мебаранд, чӣ тавр мешавад сиёсати саноатисозии иқтисодро дар кӯтоҳмуддат ва шароити бӯҳронӣ ҳадаф қарор дод, он тавре ки барномаи рушди ҳукумат мехоҳад”.

Вале ҳама коршиносон таъкид мекунанд, нияти ислоҳ кардани вазъ ва ҳам мушаххас кардани сиёсати рушд дар иқтисод худ аз худ қобили дастгирист ва агар таъсири манфии факторҳои субъективие мисли фасоду бӯҳрони иқтисодии кишварҳои ҳамкори Тоҷикистон коҳиш дода шавад, имкони ба даст омадани натиҷаҳои муайяни рушд вуҷуд дорад.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG