Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён - ғолиби Гран-прии дзюдо дар Остона (8 АКС)


Комроншоҳи Устопириён баъд аз пирӯзӣ бар рақибаш дар Остона (аз тарафи рост)
Комроншоҳи Устопириён баъд аз пирӯзӣ бар рақибаш дар Остона (аз тарафи рост)

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Қазоқистон медали тилло ба даст овард.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 10-12-уми октябр дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Дар ин мусобиқа, ки байни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт, 277 варзишгар аз 36 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Онҳо, инчунин, барои имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 мубориза бурданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 7 варзишгар шомил буд. Онҳо дар сабқати мардон дар чор вазн рақобат карданд.

Комроншоҳ дар вазни то 90 кило, ки ҳамагӣ 25 нафар ширкат дошт, баъд аз се ғалаба бар Милан Рандл (Словакия), Самир Гучапшев (Русия) ва Александр Иддир (Фаронса) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар қувваозмоии ҳалкунанда Асет Ахметҷонов аз Қазоқистонро шикаст дод ва барои ҷойи аввал ба ҷуз медали тилло бо ҷоизапулӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт. Дар ин вазн Александр Иддир аз Фаронса ва Кюҷау Нхабали аз Украина медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Вале паҳлавонони дигари тоҷик - Шӯҳратҷони Фахризода (73 кг), Саидҷамол Алимардонов ва Cафарбек Муродов (ҳарду – 81 кг), Саидҷалол Саидов (-90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Зиёратшо Баротов (ҳарду – беш аз 100 кг) – аз медал бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG