Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Комроншоҳ дар “Тоскулоҳи бузург” аз Шералӣ Ҷӯраев


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ноком шуд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 9-11-уми май баргузор шуд. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм 11-уми май дар даври аввал аз Шералӣ Ҷӯраев аз Узбакистон шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуд. Ғолиби ин қувваозмоӣ дар даври дувум аз Шоҳин Қаҳрамонов аз Озарбойҷон мағлуб гашт. Дар ин вазн, ки 26 нафар мубориза бурданд, Гиём Элмонт (Ҳолланд) ғолиб шуд.

Бояд гуфт, ки «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо мусобиқаи пурнуфуз дар ин риштаи варзиш маҳсуб мешавад. Ин дувумин мусобиқаи ин силсила дар мавсими имсола ба шумор мерафт.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи аввал моҳи феврал дар Пориси Фаронса баргузор шуда буд. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад. Вале ӯ дар даври дувум аз Кю-Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд.

Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳамагӣ чаҳор мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” баргузор мешавад. Мусобиқаи севум моҳи июл дар Тюмени Русия ва мусобиқаи чаҳорум моҳи декабр дар Токиои Ҷопон барпо мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» дар Боку Тоҷикистонро танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ кард. Вай ба ин мусобиқа дар шаҳри Маскав бо раҳбарии Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи дзюдо, омодагӣ дида, ҳамроҳи устодаш ба Боку омада буд.

Дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку беш аз 350 варзишгар аз 41 кишвар, ба монанди Фаронса, Тоҷикистон, Тунис, Молдова, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Имороти Муттаҳидаи Араб, Шветсия, Гурҷистон, Финляндия, Канада ва ғайра ширкат доштанд.

Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн баргузор шуд. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, аз он ҷумла ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 5 ҳазор доллар супурда шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа
Мардон
60 кг

1. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
2. ШИРИНЛИ Вугар (Озарбойҷон)
3. ЛУТФИЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)
3. МИЛУС Софиан (Фаронса)

66 кг
1. ОАТС Колин (Бритониёи Кабир)
2. ХАН-МАГОМЕДОВ Камол (Русия)
3. КИМ Лимвхан (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ПОЛЛАК Голан (Исроил)

73 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. УРАНИ Флорент (Фаронса)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. СКВОРСОВ Виктор (АМА)

81 кг
1. ХУБЕСОВ Алан (Русия)
2. МАРГИАНИ Ушанги (Гурҷистон)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. ВАЛУА-ФОРТЕ Антон (Канада)

90 кг
1. ЭЛМОНТ Гиём (Ҳолланд)
2. ЭНД Ноэл ван’т (Ҳолланд)
3. ГАСИЕВ Мурод (Русия)
3. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)


-100 кг
1. РАКОВ Максим (Қазоқистон)
2. МАММАДОВ Элхан (Озарбойҷон)
3. ҚУРБОНОВ Соиб (Узбакистон)
3. САИДОВ Рамзиддин (Узбакистон)


+100 кг
1. ҶАБАЛЛА Фасиел (Тунис)
2. КРИВОБОКОВ Антон (Русия)
3. НАТЯ Даниэл (Руминия)
3. САИДОВ Ренат (Русия)

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 3 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Ҳолланд бо касби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ҷойи дувум ва мунтахаби Русия бо касби 1 медали тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷойи севумро гирифтанд.
XS
SM
MD
LG