Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистон аз байн рафт, ё ҳанӯз "зинда" аст?


Даргирии нерӯҳои афғон бо ҷангҷӯёни ДОИШ баъд аз ҳамлаи хунин ба маҳбаси Ҷалолобод

Як рӯз пас аз кушта шудани Асадулло Оракзай, масъули ҷосусии гуруҳи "Хуросон", як шохаи ДОИШ дар Афғонистон, Вазорати дифоъ гуфт, ки ин гуруҳ дар кишвар шикаст хӯрдааст. Як вакили порлумони Афғонистон мегӯяд, гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳанӯз ҳам дар ин кишвар “зинда” аст.

Фуод Амон, муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, рӯзи 2-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, шуморе аз аъзои калидии ДОИШ кушта шуданд ва афроди дигари гуруҳ мавриди пайгарди ҷиддӣ қарор доранд. Ӯ афзуд: "Дар маҷмуъ, ДОИШ дар Афғонистон шикаст хӯрдааст. Шумо шоҳид ҳастед, ки дар соли ахир бузургтарин мавзеъву сангарҳояшон бахусус дар шарқи Афғонистон вайрон карда шуд. Афроди калидиву муҳимашон ё боздошт шуданд, ё кушта шуданд. Бештар аз як ҳазор ҷангҷӯяшон бо аъзои хонаводаҳояшон ба нерӯҳои амниятии Афғонистон таслим шуданд. Афроди боқимондаи онҳоро ҷустуҷӯ дорем."

Асадулло Оракзай
Асадулло Оракзай

Дар гуруҳи "Хуросон", бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёну ифротиёни зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Дар гузашта доир ба қатли чанд узви тоҷики ин гуруҳ дар Афғонистон гузориш шудааст.

Раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи 1-уми август бо нашри як баёния гуфт, ки Асадулло Оракзай, масъули ҷосусии гуруҳи "Хуросон"-ро дар як амалиёте куштанд. Раёсат дар баёния Асадулло Оракзай як узви калидӣ ва хатарноки ДОИШ хонда ва гуфтааст, ӯ дар бисёре аз ҳамлаҳо дар Афғонистон даст дорад.

Раёсати амнияти миллӣ дар бораи маҳалли қатли Асадулло Оракзай чизе нагуфтааст, аммо мақомоти вилояти Нангарҳор дар як баёнияе гуфтаанд, ки Зиёурраҳмон, маъруф бо номи Асадулло Оракзай, дар шаҳраки Мавлавӣ Холис дар наздикии шаҳри Ҷалолобод кушта шудааст. Замони қатли Оракзайро ҳам нагуфтаанд.

Гуруҳи ДОИШ дар моҳҳои ахир масъулияти чанд ҳамлаи хунину бомбгузориҳоро дар Афғонистон бар дӯш гирифтааст. Дар ҳамлаи ин гуруҳ ба як таваллудхона дар шаҳри Кобул дар рӯзи 12-уми май даҳҳо тан ва аксарият занону кӯдакони навзод кушта шуданд.

Раёсати амнияти миллӣ дар Афғонистон ҳамчунин гуфт, ки аз ҳамлаҳои ҷангҷӯёни ин гуруҳ ба расонаҳо пешгирӣ кардаанд. Гуруҳи ДОИШ вақтҳои ахир истифода аз бомбҳои магнитиро зиёдтар кардааст, ки дар яке аз онҳо ду корманди Кумисюни мустақили ҳуқуқи инсон дар Афғонистон кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол Ғуломалӣ Афғон, муовини раиси кумитаи дифоъ дар порлумони Афғонистон мегӯяд, гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳанӯз ҳам дар ин кишвар “зинда” аст ва ба ҷалбу ҷазби аъзо идома медиҳад.

Ӯ афзуд: "Гурӯҳи ДОИШ ҳанӯз ҳам фаъолият дорад. Дар вилоятҳое, ки ин гурӯҳ нуфуз надошт, ҳоло ба ҷалбу ҷазби аъзо пардохтааст. То замоне ки ҳомиёни ДОИШ дастгирии онро бас накунанд, фаъолият ва ҷанги гуруҳ идома хоҳад дошт."

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ҳам чанде пеш дар як гузорише дар бораи амнияти Афғонистон гуфт, ДОИШ ҳанӯз ҳам қодир ба ҳамлаҳои калон аст ва умедвор аст, аз байни мухолифони созиши Толибон бо Амрико барои хатми ҷанг тарафдорони бештаре ҷалб мекунад.

Низомиёни Амрико ҳам моҳи июл дар як гузорише гуфтаанд, ки гуруҳи "Хуросон", "ҳамчунон хатаре барои сарбозони Амрико, НАТО ва дигар шарикони мо аст", ҳарчанд аз вилоятҳои Нангарҳору Кунар ронда шудаанд.

Аслам Форуқӣ, раҳбари гуруҳи "Хуросон", ҳалқаи ДОИШ дар Афғонистонро чанд моҳ пештар маъмурони амниятӣ дар Афғонистон дастгир карданд. Раёсати амнияти миллӣ пас аз боздошт гуфт, ки Муҳаммадтанвири Бангладешӣ ва Муҳаммадтоҳири Покистонӣ ду узви муҳими дигари ДОИШ-ро ҳам якҷо бо Форуқӣ дастгир кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG