Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таслим шудани аъзои ДОИШ дар Афғонистон. Тоҷикон ҳам будаанд


Раёсати амнияти миллии Афғонистон моҳи май чанд узви ДОИШ ва Толибонро, ки дар Ҷалолобод дастгир шудаанд, ба хабарнигорон нишон дод.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, таслим шудани аъзои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” суръат гирифтааст ва онҳо ба шумули шаҳрвандони хориҷӣ даста-даста ба мақомот таслим мешаванд.

Дар ин бора мақомоти Вазорати дифоъ ва намояндагони вилояти Нангарҳор - яке аз такягоҳҳои ДОИШ дар Афғонистон хабар додаанд. Дар байни таслимшудагон, ба навиштаи расонаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам будаанд. Ба гуфтаи мақомот, баъзе аз ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон аз паноҳгоҳҳояшон берун шуда ва худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ таслим кардаанд.

Атоулло Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар рӯзи панҷшанбе 15 ҷангҷӯи ДОИШ силоҳҳои худро ба замин гузошта, довталабона худро ба дасти мақомоти интизомӣ супурдаанд. Ӯ афзуд: “Се рӯз пеш 93 нафар узви ДОИШ ба шумули занону кӯдакон таслим шуданд. Қаблан 45 нафари дигар таслим шуданд ва мо метавонем бигӯем, ки ҳудуди 200 ДОИШ-ӣ бо аъзои хонаводаҳояшон бо атфол аз кишварҳои гуногун таслим шуданд.”

Вазорати дифои Афғонистон рӯзи шанбе бо нашри як баёния гуфт, рӯзи 15-уми ноябр дар ноҳияи Ачин дар Нангарҳор 18 узви ДОИШ бо 24 зану кӯдак ба нерӯҳои давлатӣ таслим шуданд ва дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон, Русияву Эрон ҳам будаанд. Маълум нест, чанд нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд. Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, аксарияти таслимшудагон аз Покистонанд ва дар ду ҳафтаи гузашта беш аз 600 узви ДОИШ бо аҳли хонаводаҳояшон таслим шудаанд.

Атоулло Хугиёнӣ гуфт, ки ДОИШ-иёни хориҷиро бар тибқи муқаррарот мумкин аст, ба ватанашон бозпас бифристанд: “Ҳангоми таслим шудани ДОИШ-иҳои хориҷӣ Раёсати амнияти миллӣ тадбир меандешад, бо кишвари онҳо аз тариқи каналҳои дипломатӣ дар тамос мешавад ва қарори ниҳоиро дар бораи бозпас фиристодани ҷангҷӯён қабул мекунад.”

Мақомоти Нангарҳор мегӯянд, ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” зери фишори афзояндаи нерӯҳои давлатӣ ва амалиёти он мондаанд ва аз ин рӯ силоҳ ба замин мегузоранду таслим мешаванд.

Дар чанд ҳафтаи гузашта ҳамчунин дар ноҳияи Ачин дар Нангарҳор байни Толибон ва аъзои ДОИШ даргириҳо ба вуқӯъ пайвастааст ва ба гуфтаи хабарнигорон баъзе ҷангҷӯёни гуруҳи ифротӣ аз тарс таслим шудаанд ва қисме ба вилояти Кунар фирор кардаанд. Толибон дар ин вилоят манотиқи васеъро зери даст доранд.

Убайдулло Шинворӣ, муовини раиси Шӯрои вилояти Нангарҳор мегӯяд, амалиёти нерӯҳои давлатӣ ва хориҷӣ ба зидди ҷангҷӯёни ДОИШ якуним сол аст, идома дорад ва ба зидди ин гуруҳ бархостани Толибон ҳам сабаби ба танг омадани ҷангҷӯёну таслим шудани онҳо шудааст. Суҳайл Шоҳин – сухангӯи Толибон бо ирсоли номаи электронӣ ба Радиои Афғонистони Озод гуфтааст, ки ҷангҷӯёни ДОИШ зери фишори онҳо ба “давлат паноҳ бурданд.”

Шоҳмаҳмуд Миёнхел, раиси вилояти Нангарҳор чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тақрибан 95 дар сади қаламрави вилоятро аз ҳузури ҷангҷӯёни ДОИШ ва Толибон пок кардаанд. Мақомоти Нангарҳор мегӯянд, ки ҷангҷӯёни ДОИШ асосан аз Покистон ба ин вилоят ворид шудаанд.

Дар Нангарҳор Гуруҳи Хуросон, як шохаи ДОИШ ҳузур дорад, ки аъзои он асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, гуруҳе, ки рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи марзии “Султонбод” дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карданд, аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас ба инҷо омадаанд. Дар он рӯз 15 ҳамлавар ва чанд маъмури милиса ва марзбони тоҷик кушта шуданд. Панҷ нафари дигарро дастгир кардаанд.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG