Хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон охирин маҳалли зисти Бахтовар Расулови 19-сола буд. Пайкари овезони ӯро рӯзи 6-уми декабр яке аз ҳамхонаҳояш пайдо кард.
Бахтовар соли дуюм буд, ки дар бахши забонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ мехонд. Ба нақли дӯстон ва ҳам наздиконаш, ӯ он рӯз аз дарс зудтар баргашта, дар милаи парда худро овехтааст. Вай пеш аз ҳодиса ба модараш дар ноҳияи Зафаробод занг зада, қарздор буданашро гуфтааст. Ба гуфтаи падараш, "Бахтовар 8-10 ҳазор сомонӣ қарз дошт".
“Телефонбозӣ кардааст ё футбол, қарздор шудааст. Соли якум нағз хонд. Донишаш нағз буд. Тобистони имсол бо як-ду дӯсти мактабияш бозӣ карда, қарздор шудаанд. Ба модараш занг задааст. Мо гуфтем, пагоҳ ба Душанбе меравем, ҳал мекунем. Шояд падару тағоҳоям фаҳманд, шарманда мешавам гуфта, ҳамин корро кардааст,” – гуфт Шералӣ Расулов, падари Бахтовар рӯзи 8-уми декабр.
Масъулони донишгоҳ ва хобгоҳ ҳодисаро шарҳ надоданд. Дари ҳуҷраеро, ки дар он Бахтовар Расулов бо 5 донишҷӯйи дигар зиндагӣ мекард, мақомот муҳр зада, аз ҳамхонаҳояш баёнот гирифтаанд.
Як манбаи Радиои Озодӣ, ки бо Бахтовар ошно ва аз ҳодиса огоҳ ҳаст, рӯзи 9-уми декабр гуфт: "Пеш аз зуҳр бо модараш каме суҳбат ва ҷанҷол кардааст. Аз дарс рафта, банд харидаву худашро овехтааст.”
Мақомот ҳоло қазияро таҳқиқ доранд, аммо як фарзия ин будааст, ки донишҷӯ бозии букмейкерӣ ё шартбанди варзиширо бохта, қарздор шудааст ва эҳтимол дар ҳолати рӯҳафтодагӣ ба ин амал даст задааст.
Манбаи мо ҳам гуфт, Бахтовар шаби ҷумъа то дери шаб футбол тамошо кард ва бо пешгӯии нодуруст бохтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи намояндагони донишгоҳ, Бахтовар донишҷӯйи фаъол буд ва дониши хуб дошт.
Ин бори аввал нест, ки майлу рағбати ҷавонон ба бозиҳои букмейкерӣ ба бохту қарздорӣ бо фоҷеа меанҷомад. Дӯстдорони ин навъи шартбандиҳо дар миёни донишҷӯён ҳам кам набудаанд.
Иброҳим Бекмуродзода, донишҷӯӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, "ба мушоҳидаи мо, ҷавононро бештар ҷалб мекунанд, то пул ба даст биоранд. Пайомадаш метавонад сабаби худкушии ҷавон шавад. Ӯ пулеро, ки аз дӯсту рафиқи худ гирифтааст, баргардонида наметавонад ва дар ҳамин ҳолат метавонад ба худкушӣ даст занад.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ба гуфтаи равоншиносон, вобастагӣ, эҳсоси ғолибият ва ҳам андешаи дарёфти пул бо роҳи осон ҷавононро ба идораҳои букмейкерӣ мекашад.
Зарина Сафарзода, устоди бахши равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт: "Ин бозиҳо аз ҷиҳати равонӣ таъсири кӯтоҳмуддату дарозмуддат доранд. Пеш аз ҳама вобастагиро ба вуҷуд меорад. Ҳолати равониро ба ҳолати изтиробу стресс гирифтор менамояд. Оқибатҳои иҷтимоӣ ва шахсӣ дорад. Дар ин ҷо ду ҳолат аст, бурд ба бохт. Вақте бохт мешавад, онҳо рӯҳафтода мешаванд ва муносибат бо аъзои оила тағйир мебёбад, яъне низоъ ба вуҷуд меояд."
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанд сол пеш вуруди шахсони то 18-20-соларо ба идораҳои букмейкерӣ ё макони шартбандӣ манъ карда буд. Аммо иҷрои ин дастур назорат намешавад ва ҳамчунин ширкатҳои қимори варзишӣ дар интернет низ зиёд ва беназоратанд.