Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади дар ғор -- Хоҷа Исҳоқи Валӣ ё марди маҳаллӣ?


Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар деҳаи Махшевати ноҳияи Айнӣ солҳо боз таваҷҷӯҳи зоирон аз саросари Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро ба худ ҷалб мекунад. Аммо оё дар дохили ин ғор чӣ асроре нуҳуфтааст?

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ» дар деҳаи Махшевати ноҳияи Айниро ба рӯйхати мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон шомил кардааст. Ин ғор дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр дар баландии кӯҳи Арғаб ҷойгир буда, бо ҷасади ба эҳтимоли зиёд мумиёишудае дар даромадгоҳаш даҳсолаҳо боз ба зиёратгоҳ табдил ёфтааст. Ҷасадро сокинони маҳаллӣ ва аксари муаррихон ба Хоҷа Исҳоқи Валӣ ном як шахсияти маъруфи исломӣ марбут медоданд.

Ғоре, ки то кунун касе то поёнаш нарафтааст, бо ҷасади садсолаҳо дар даромадгоҳаш беосеб дар зеҳни сокинон садҳо мӯъҷиза ва нақлу ривоятҳоро эҷод кардааст. Дар дохили ғор ҳам, ба гуфтаи муаррихон, беш аз сесад ҷасади дигар ҳам вуҷуд дорад. Аммо инро низ бештар ривоят меҳисобанд ва баъзе ба он бовар надоранд.

Эътиқоди сокинон ба мӯъҷизаҳои ин мавзеъ ва шахсияти бузург будани ҷасад замоне бештар шуд, ки дар моҳи июли соли 1999 чархболи марбут ба пойгоҳи Русия гӯё бидуни ҳеҷ садамае дар ин ҷо суқут кардааст.

Ин чархбол бо хоҳиши Ҷамолиддин Комилов, корманди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои бунёди масҷид ба ин мавзеъ масолеҳи сохтмонӣ мебурд. Дар пайи ин садама модар, ҳамсар ва писари 20 солаву духтари 18-солаи Комилов ба ҳалокат расиданд. Комилов бо ду сарнишини рус зинда монд ва ривояте низ ҳаст, ки пас аз ин ҳодиса ҳар ду ронандаи чархбол дини исломро пазируфтаанд.

Суқути чархбол ва мӯъҷизаи зинда мондан

Шоҳиди ин ҳодиса - майори милиса Ҷамолиддин Комилов, ки ҳоло ба ҳайси нозири калони амалӣ-маъмурӣ дар шӯъбаи БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе кор мекунад, бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ шоҳиди даҳҳо мӯъҷиза дар ин мавзеъ будааст, ки на ҳамаи онҳоро ба забон оварда метавонад. Ӯ мегӯяд, замоне, ки бори аввал ба зиёрати ин мавзеъ рафт, садои номаълуме ӯро даъват ба бунёди масҷид кард.

«Замоне ин садоро шунидам, ба атроф нигоҳ кардам, касе нест. Қудрати бунёди масҷид надоштам, вале ба сохтани он талош кардам. Он ҷое, ки масҷид бояд бисозем, ҳеҷ нақлиёте намеравад, аз ин рӯ, бо муроҷиати ман чархболи ғаринизомиеро барои бурдани масолеҳи сохтмонӣ доданд. Вақте мо наздик шудем, бидуни ба куҷо бархӯрдан якбора чархбол аз кор монд ва идорааш номумкин шуд. Бо 800 литр сӯзишворӣ чархбол оташ гирифт ва ман чаҳор аъзои хонаводаамро аз даст додам. Вақте чархбол месӯхт, хостам, вориди он шуда, наздиконамро наҷот диҳам, вале боз ҳамон садое, ки бори аввал масҷид сохтанро амр карда буд, маро аз ин кор боздошт. Як аз сарнишинони рус дасташ шикаста буд, аммо каме пас ӯ гуфт, ки марде омад ва дасташро дуруст карду нопадид шуд. Дар бадани ӯ ҳеҷ осебе боқӣ намонда буд. Ҳар ду мусалмон шуданд.»

Ин мард, ки баробари ёддоварӣ аз он рӯзҳои барои ӯву азизонаш наҳс чашмонаш пуроб мешаванд, мегӯяд, пеш аз парвоз духтар ва ҳамсараш марги худро гӯё медонистанд ва ҳатто ҳамсараш васият кард, ки дар сурати мурдан ӯро ҳамон ҷо бигӯронад ва духтараш низ ба падараш аз сафари бебозгашт сӯҳбат доштааст. Комилов меафзояд, наздикони ӯ дар ин мавзеъ дафн шудаанд ва давоми умр дар гӯши ӯ борҳо овози номаълум дар марҳилаҳои муҳими зиндагӣ садо додааст. Ин мард он ҷо масҷид ва меҳмонхонаи кӯчаке барои зиёраткунандагон бунёд кардааст.

Ҷамолиддин Комилов
Ҷамолиддин Комилов

Суқути чархбол дар ин мавзеъ сӯҳбат аз мӯъҷизаҳо дар атрофи «Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ»-ро бештар кард. Элмурод Ниёзов, сокини деҳаи Махшевати ноҳияи Айнӣ мегӯяд, ҳоло дар чаҳор фасли сол рӯзе нест, ин мавзеъ холӣ аз зиёраткунандагон бошад.

«Дар фасли тобистон рӯзҳое ҳаст, ки то 100 нафар меоянд. Ҳарчанд, ки то ин ҷо панҷ километр роҳи мошингард нест, вале хориҷиён ҳам миёни зиёраткунандагон кам нестанд. Ҳоло шароит ҳаст, дар поёни кӯҳ хоб мекунанд, лекин на ҳама имкони ба боло рафтанро доранд, зеро роҳ то он ҷо аз пайраҳи хатарноке убур мекунад.»

Хоҷа Исҳоқи Валӣ ё марди маҳаллӣ?

Таваҷҷӯҳи сокинон ба ин шахсият, ки аз ӯ Хоҷа Исҳоқи Валӣ, ном мебаранд, дар ҳоли афзоиш аст, аммо то ҳанӯз ҳеҷ пажӯҳиши вижаи илмӣ дар ин замина сурат нагирифтааст. Давлатшоҳ Муродов, устоди риштаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддини Айнӣ мегӯяд, ҳоло ӯ тасмим дорад, пажӯҳиши вижае дар мавриди ҷасади даромадгоҳи ин ғор ва дохили он анҷом диҳад.

Ин муаррихи тоҷик, ки тамоми навиштаҳо дар мавриди «Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ»-ро ҷамъоварӣ кардааст, ба хулосае омадааст, ки ин ҷасади беруни ғор ва ҷасадҳои дохили он дар замони ҳуҷуми арабҳо пайдо шудаанд.

«Дар китоби «Таърихи Табарӣ» маълумоте оварда шудааст, ки айёми шикасти шӯриши Деваштич беш аз 100 оилаи сарватманд ба Бутамон паноҳ ёфтанд. Ин ақидаро таърихшинос Юсуфшоҳ Яъқубов дар китоби «Ёдгориҳои болооби Зарафшон» баъди таҳлили ҳуҷҷатҳои бойгонии Деваштич ҷонибдорӣ кардааст. Аз чунин ранг гирифтани воқеаҳои асри 8 дар водии Зарафшон ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ғор яке аз оилаҳои гурезаи маҳаллӣ пинҳон шуда ва аз гуруснагӣ ба чунин ҳолат гирифтор шудаанд.»

Асрори "Ғори Хоҷа Исҳоқи Валӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Аз миёни аксари назарҳо Муродов ин андешаро бештар ба ҳақиқат наздиктар медонад. Аммо Ҳамза Камол, таърихшиноси дигари тоҷик бар ин бовар аст, ки ин мард Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, домоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки «ҳангоми таъсиси як давлати сӯфиёна алайҳи Шоҳрух – Мирзои Темурӣ исёни сӯфиёнро роҳбарӣ намуда, захмӣ гаштааст. Муридон муршиди худро дар чунин вазъ ба ҳоли худ нагузошта, онро ба ғори кӯҳсори бехавфи Фон овардаанд, ки минбаъд боиси парастишу эҳтироми атрофиён гардидааст.»

Аҳрор Мухторӣ, таърихшиноси дигари маъруф ин ҷасадро ҷасади Спитамон ном бурдааст, ки ҳангоми ҳамлаи Искандари Макдунӣ бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш ин ҷо кушта шудааст. Назарҳое ҳам ҳаст ки эҳтимол инҳо гурӯҳи сӯфиҳо будаанд, ки тарки неъматҳои дунё намуда, ҳангоми ибодат дар ин ҷо бо ҷаҳони дигар пайвастаанд.

Дар ҳамин ҳол, Давлатшоҳ Муродов, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, ин ҳама ҳарфҳо бар пояи ривояту тахминҳо навишта шудаанд, ки ҳақиқати ками илмӣ доранд. Ӯ мегӯяд, Хоҷа Исҳоқи Валӣ араб буд, аммо чеҳраи ин одам ва мӯйҳои ӯ комилан ба мардуми араб монандӣ надорад. Аммо мардуми маҳаллӣ мӯътақиданд, ки ин шахсият Хоҷа Исҳоқи Валӣ ҳаст ва онҳо ҳеҷ ҳарфу далели дигареро дар ин бора қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG