Пайвандҳои дастрасӣ

Парастиши мазорҳо


МОҲИ ХУДОВАНД

Дар ин рӯзҳо ба кас ҳолати аҷибе даст медиҳад. Худро хеле қавӣ ва сабук ҳис мекунӣ ва умуман ҳиссиёти одам тоза аст. Ҳатто ҳавое ки нафас мекашем, гӯё таъму таркиби дигар дорад. Ва шом, вақти ифтор, таъом бӯю маззаи дигар ва аҳли хонаводаат дар сари дастархони ифтор низ симову сурати дигар доранд. Моҳи рамазонро ба сар мебарем. Бо ҳама машаққат ва зебоиву покизагию раҳму парҳезу гузашту қаноату иродаву муноҷоту муҳаббаташ. Ҳисси дигар ин аст, ки дар моҳи шарифи рамазон суръати зиндагии ҷисмонии шумо коҳиш меёбад ва баракс зиндагии рӯҳонии шумо ба ҷои аввал мебарояд. Ин моҳи худост ва кас аз ҳама чиз фориғ мешавад, то ба худо рӯй орад.
1 миллиорду 300 миллион нафар дар рӯйи замин беш аз ду ҳафта аст, рӯзадоранд. Рӯза ва ё худдорӣ аз обу таъом дар динҳои масеҳӣ, яҳудия ва буддоӣ низ вуҷуд дорад. Ҳадафи он дар ҳамаи динҳо бо ҳам шабеҳ аст ва ҳамаи онҳо бо иди шукӯҳманд ба поён мерасанд. Аммо дар масеҳият, ки рӯза 40 рӯз будааст, бо афзоиши таваҷҷӯҳ ба озодии шахс, шумори рӯзҳо ва муносибати мардум ба он гуногун шудааст. Сархатиби Масҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе, Ҳамдуллои Раҳимзод мегӯяд, моҳи рамазон барои мусулмонон аз он лиҳоз муҳим аст, ки моҳи нузули китоби муқаддаси Қурон мебошад. Ҳикмати асосии ин моҳ, мегӯяд ӯ, омӯзиши парҳезгорӣ, пирӯзӣ бар нафс ва тақвияти ирода аст.

ПАРАСТИШИ МАКОН

Парастиш як хислати умумибашарист, аммо мардумшиносон менависанд, барои тоҷикон чанд чиз мавриди парастиши хосанд. Инҳо -- модар, мазор, дӯст ва асп. Албатта, дар сатҳи дуюм боз даҳҳо чизи дигари мавриди парастиш вуҷуд доранд. Ҳар парастиш қурбонӣ мехоҳад, аммо беш аз ҳама мазор аст, ки мардумро водор мекунад, гоҳо бо ҳамаи аҳли оила садҳо километр роҳи мушкилро тай намуда, ба обидае расад ва як мол ҳам орад, то он ҷо хун кунад. Ҳамкорам дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат мегӯяд, ба назари коршиносон дар ноамниву бадбахтиҳо саҷда ба мазорҳо зиёд мешавад ва мардум аз онҳо ба захми худ даво меҷӯяд. Вай мавзӯъи нақши мазорро дар фарҳанги равонии мардуми Тоҷикистон бо муаллифи ду асар аз таърихи мазорҳои кишвар, доктор Ҳамза Камол ва адибаи тоҷик Шаҳрия баррасӣ мекунад. Ҷаноби Камол мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон 246 мазор боқӣ мондааст. Вале ин шумора дар солҳи 1920 ба 700 адад мерасид. Шаҳрия мегӯяд, аслан намефаҳмад, чаро мардум бояд мазорҳоро зиёрат кунанд ва ё гову мол дар он ҷо забҳ кунанд, дар ҳоле ки ин фақат як худфиребист. Камол мегӯяд, як хислати хуби мазорҳо ин аст, ки дар атрофи онҳо табиат ҳифз мешавад. Касе наметавонад шохи дарахтонро бибурад, моҳиёнро бигирад ва ё хокрӯбае ба наздики он маконҳо афканад.

ДАРАХТОНИ ЛАТТАБАНД

Давраҳое ки рӯзагирӣ манъ буд, зиёрати мазорҳо ҳам мамнӯъ буд. Одамон пинҳонӣ, аксаран шабона аз маконҳои муқаддас мерафтанд ва субҳ дар шохи дарахтон латтапечҳои нав пайдо мешуд. Мақомоти вақт ин одатро ба ислом нисбат медод. Ҳоло ҳангоме ки хонаи мардум чандон обод нест, мазорҳо ба маконҳои ободу хурраме табдил меёбанд. Оё аз чӣ мардум ба онҳо бовар дорад? Оё сидқан бовар дорад ва ё тарки одат амри муҳол. Ҳамкорам Нилуфари Собир бо ин суолҳо ба раҳгузарони кӯчаҳои Душанбе муроҷиат кард. Посухҳо гуногунанд, аммо аксарият мегӯянд, ба ҳақиқат ва шафоъати мазорҳо бовар доранд. Як хонум гуфт, ин ҳамаро чизе беш аз афсона намешуморад. Ва як ҷавон гуфт, дар дини мубини ислом зиёрати амокини муқаддас вуҷуд дорад, вале аз рӯҳи мазорҳо хостани шафоъат ширк аст. Ба ақидаи ӯ, ин ширкиёт ё аз замони тоисломӣ омадааст ва ё хурофотест, ки мардум худ эҷод кардааст.

ДАНДОНҲОИ МИСЛИ ШИР

Эътиқод ба мазору маконҳои муқаддас гардишҳои булаҷабе дорад. Масалан, чӣ мешавад гуфт, вақте мардум ба марқади касе ибодат мекунад, ки рабте ба бузургони дину ирфон надошт ва ё ҷоеро қадамгоҳи касе меноманд, ки ҳаргиз пой ба он остон нагузошта буд. Ва оё метавон ба ривоятҳое бовар кард, ки аз ҳақиқат дида бештар ба афсона монанданд. Масалан, бонуе аз падараш шунидааст, ки Ҳазрати Шамси Табрезӣ ба диёри онҳо омадаву як ҳазрати маҳаллӣ он эшонро писханд задааст ва "чормағзбоз" номидааст. Шамси Табрезӣ як дег оши худоиро дар як дона чормағз ҷой кардааст. Инро зане дар сӯҳбат бо ҳамкорам Абдураҳими Умарзод мегӯяд. Аммо як нафари дигар мегӯяд, бо чашмони худ валиеро дидааст, ки дар даҳанаи ғор дузону нишастаасту дандонҳояш монанди шир сафед будаанд.

МУАММОИ БУРХИ ВАЛӢ

Чанде пеш дар Тоҷикистон аз нав дар робита ба шикастани ҳайкали Ленин мардумоне оби дида карданд.
Дар як деҳаи кӯҳӣ ҳанӯз ҳайкали Ленин ҳаст, ки шахсе ҳар рӯз гирди онро об задаву мерӯбад. Ва бо он ки бисёре аз аҳли деҳа ба ҷои дигар кӯчидаанд, вай намехоҳад аз мояи саҷдаи худ дур равад.
Ин дар омади гап, вале намунаи Бурхи Валӣ шубҳаеро ба миён меорад, ки рӯзе зиёратгоҳи Равзаи Ленин ҳам пайдо хоҳад шуд.
Ин гузоришро ҳамкори дигари мо, Сайёфи Мизроб, аз сафар ба минтақаи Кӯлоб таҳия кард. Вай андешаҳои мардумро ҷамъ овард ва бо коршиносон дар миён гузошт. Онҳо бархе одатҳои марбут ба мазору макони муқаддасро бозмондаи зардуштия ва ё динҳои ибтидоии ашёпрарастӣ номиданд. Яке аз онҳо гуфт, худ қурбонии ин парастиш аст, зеро дар кӯдакӣ ӯро назри як мазор кардаанд. Ва фикр мекунед, Бурхи валӣ чӣ маънӣ дорда. Маълум мешавад, бурх ба маънои отшакада ва аз зардуштия аст ва валӣ танҳои авлиё, аз ислом. Ва боз ҳам ақидаҳо гуногун буданд. Бархе парастиши мазорҳоро суннати миллӣ ва зарурӣ ва бархи дигар хурофоти зидди мантиқ номиданд. Аммо як файласуф гуфтааст, миллате ки саҷдаро фаромӯш мекунад, зинда нахоҳад монд. Ва дигаре гуфтааст, саҷда бояд самимӣ, ҳақиқӣ ва пурмӯҳтаво бошад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG