Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин пирӯзии “Хайр” дар Ҷоми "Баҳористон"


Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин даври Ҷоми “Баҳористон» дар Қайроққум пирӯз шуданд.

Дар мусобиқаи футбол барои Ҷоми Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи “Осоишгоҳи Баҳористон», ки рӯзи сешанбеи 13-уми январ дар шаҳри Қайроққум оғоз ёфт, шаш даста ширкат дорад.

Ба иттилои Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва ҳайати эҳтиётии «Жетису» (Талдиқӯрғон, Қазоқистон), ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, барои Ҷоми “Осоишгоҳи Баҳористон» то рӯзи 25-уми январ мубориза мебаранд.

Мусобиқа аз як давра иборат буда, ҳар як даста панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва ифтихорномаи ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон», инчунин бозигарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи порсола дастаи “Истиқлол”, ки дар ҳамаи панҷ бозиаш пирӯз шуда буд, ғолиб омадааст.

Ҷоми «Баҳористон» дирӯз, 13-уми январ, бо бозӣ байни дастаҳои «Эсхата» ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) шурӯъ шуд. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби ҷавонон бо ҳисоби 4-2 хотима ёфт. Дар бозии дигар “Хайр” ба дарвозаи ҳайати ҷавонони “Жетису” шаш голи беҷавоб зад. Бозии охирини даври аввал байни «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо ҳисоби мусовии 2-2 ба поён расид.

Ҷоми«Баҳористон». Даври 1-ум

«Эсхата» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – 2:4

Голҳо: Саидҷон Шарифов, 20 (0:1). Саидҷон Шарифов, 23 (0:2). Ҷӯрабой Исоев, 36 (1:2). Отабек Каримов, 40 (1:3). Кароматулло Саидов, 44 (1:4). Сӯҳроб Сабуров, 78 (2:4).

«Жетысу-2» – «Хайр» – 0:6

Голҳо: Баҳодур Шарифов, 54 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 62 (0:2). Маҳмадалӣ Содиқов, 66 (0:3). Шарафҷони Раҷабзода, 72 (0:4). Ҷаҳонгир Хайров, 81 (0:5). Баҳодур Шарифов, 84 (0:6).

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:2

Голҳо: Эраҷ Раҷабов, 32 (1:0). Фирӯз Бобиев, 48 – аз пеналтӣ (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 52 (1:2). Аҳтам Назаров, 56 (2:2).


Тақвими бозиҳои Ҷоми «Баҳористон»:

Даври 1-ум

13 январ (сешанбе)

«Эсхата» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – 2-4

«Жетису» – «Хайр» - 0-6

«Истиқлол» – «Хуҷанд» - 2-2

Даври 2-юм

16 январ (ҷумъа)

10.00 – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – «Хуҷанд»

12.00 – «Жетису» – «Эсхата»

15.00 – «Хайр» – «Истиқлол»

Даври 3-юм

20 январ (сешанбе)

10.00 – «Жетису» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)

12.00 – «Хуҷанд» – «Хайр»

15.00 – «Эсхата» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

23 январ (ҷумъа)

10.00 – «Хайр» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)

12.00 – «Истиқлол» – «Жетису»

15.00 – «Хуҷанд» – «Эсхата»

Даври 5-ум

25 январ (якшанбе)

10.00 – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – «Истиқлол»

12.00 – «Жетису» – «Хуҷанд»

15.00 – «Эсхата» – «Хайр»

XS
SM
MD
LG