Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА як зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА як зина поин рафт ва бо 215 имтиёз дар мақоми 136-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки имрӯз, 8-уми январ, нашр шудааст, бо 215 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ ҷойи 136-умро касб кардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (ҷойи 139-ум), Туркманистон (ҷойи 147-ум) ва Қирғизистон (ҷойи 152-юм) боло ҷойгир шудааст. Мунтахаби Украина, ки дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст, дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 25-ум қарор дорад. Баъдан Русия мақоми 31-ум ва Узбакистон мақоми 71-умро касб кардаанд.

Мунтахаби Олмон дар феҳристи нави ФИФА бо 1725 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1538 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1450 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд. Дар байни даҳгонаи беҳтарин, инчунин, Белгия (1417), Ҳолланд (1374), Бразилия (1316), Португалия (1160), Фаронса (1160), Испания (1142) ва Уругвай (1135) ҷойгир шудаанд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ як зина поин шуд (ҷойи 20-ум). Дар ин қора тими миллии Эрон (51) пешқадам аст. Мунтахаби Ҷопон (54) дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ (69) дар ҷойи севум мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

XS
SM
MD
LG