Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадиҷа Исмоилова ҷоизаи алтернативаи Нобелро гирифт


Хадиҷа Исмоилова
Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори озарӣ ва се ҳуқуқдону ҳомии ҳуқуқи башар ҷоизаи Right Livelihood Award-ро соҳиб шуданд, ки онро алтернативаи ҷоизаи Нобел мехонанд.

Хадиҷа Исмоилова, рӯзноманигори бахши озарии Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми майи соли гузашта аз зиндоне дар Боку раҳо шуд.

Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки чанд сол боз ба таҳқиқи далелҳои фасод дар хонаводаи раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев машғул аст, нахустин хабарнигори озарии барандаи ҷоизаи Бунёди Right Livelihood Award (Столҳолм) аст. Ин Бунёд Хадиҷа Исмоиловаро “барои шуҷоат ва пойфишорӣ барои иораи далелҳои қонуншиканӣ дар мақомоти олии ҳукумат” ба ҷоиза лоиқ донистааст.

Хадиҷа Исмоилова: "Муборизаро идома хоҳам дод"

Баъд аз нашри хабар, Хадиҷа Исмоилова рӯзи 26-уми сентябр дар Твиттер навишт, дарёфти ҷоизаи алтернативаи Нобелро барои худ шараф мехонад. Хабарнигор ба ҳамаи онҳое, ки ин солҳо аз ӯ пуштибонӣ кардаанд, изҳори сипос намудаааст.

Вакилони дифоъ хонум Етнеберш Нигусие (Ҳабашистон), Колин Гонсалез, муассиси шабакаи дифоъ аз ҳуқуқи мардуми осебпазири ҳиндувони Амрико ва додситонии федеролии ИМА Роберт Билотт ҳам сазовори ҷоиза шудаанд. Аммо қарор аст, ки фақат се нафар – Хадиҷа Исмоилова, Етнеберш Нигусие, Колин Гонсалез маблағи ҷоиза 3 миллион крони шведӣ ($374,000)-ро байни худ тақсим кунанд.

Ба Роберт Билотт фақат ифтихорнома дода мешавад. Барои дарёфти ҷоизаи Right Livelihood Award 102 нафар аз 51 кишвари олам пешбарӣ шуда буданд. Ҷоиза соли 1980 ба хотири сармоядори шведу олмонӣ Якоб вон Екскул таъсис шуда буд, ки ба ӯ ҷоизаи Нобелро надоданд.

Хадиҷа Исмоилова, рӯзноманигори бахши озарии Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми майи соли гузашта аз зиндоне дар Боку раҳо шуд. Ӯ барои таҳқиқоташ роҷеъ ба даромадҳои ғайриқонунии хонаводаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва наздикони вай зиндонӣ шуда буд.

Исмоилова дар моҳи декабри соли 2014 боздошт шуд ва соли 2015 додгоҳе дар Боку ӯро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар он замон гуфтанд, ки мақомот бо ин роҳ аз Исмоилова барои ошкор кардани мавридҳои фасодзадагии аъзои оилаи президент Илҳом Алиев қассос мегиранд ва ин боздошт ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG