Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук: Ниҳоди пуркунанда ё холикунандаи буҷаи Тоҷикистон?


Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Дар ҷаласаи моҳи майи 2019
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Дар ҷаласаи моҳи майи 2019

Дар Тоҷикистон корманди Хадамоти гумрук будан як имтиёз ва баёнгари доро будани шахс аст. Коршиносони мустақил ин ниҳодро бахши фасодзадатарин дар сохтори ҳукумат меноманд. Худи кормандони гумрук ба ин баҳогузорӣ чандон мувофиқ нестанд ва ба ин назаранд, ки камбудҳои соҳа кайҳо бартараф шудааст.

Азиз (ном тағйир дода шудааст), корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон, чанд сол пеш дар сафи онҳое уфтод, ки ихтисор ва барканор шуданд. Ӯ дар ин ниҳод 10 сол дар чанд бахши минтақавӣ ва дар ду постгоҳи марзӣ кор кардааст.

Ҳар кас чӣ қадаре, ки метавонад, мегирад ва ҳатто ба назар мерасад, ки аз ҳисоби ришва ба болоҳо ҳам меравад. Вале ҳарфи муҳим доштани далел аст, ки дастрасӣ ба онҳо бисёр мушкил аст.

"Замоне ки мехостам, ба гумрук ба кор биравам, аз ман барои вазифаҳое аз панҷ ҳазор доллар ва болотар аз он хоста буданд. Бароям муҳим буд, ки вориди низом шавам ва худам пеш биравам ва равобитро ба роҳ бимонам. Бароям муяссар шуд, ки то ҷойе ин корҳоро бикунам, аммо чун ягон пуштибони қавӣ надоштам, ихтисор шудам", -- нақл кард ӯ.

Ҳамсуҳбати мо ба суоли ин ки оё барои вазифааш пуле пардохт кард, посух надод, аммо гуфт, солҳои ахир бар асоси озмунҳои шадид ба кор қабул мекунанд ва усулан ба кор пазируфта шудан дар Хадамоти гумрук хеле тағйир ёфтааст.

Салоҳият ва воқеият

Хадамоти гумруки Тоҷикистонро 22-юми январи соли 1992 таъсис доданд. Ба дӯши ин ниҳод ҳам танзими фаъолияти иқтисодии берунӣ ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, силлоҳ, ҳамлу нақли ашёи дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ гузошта шудааст.

Дар баробари тақвияти ниҳодҳои давлатӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, кушода шудани марзҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ, Хадамоти гумрук ба яке аз ниҳодҳои пурнуфуз табдил шуд.

Дар 29-умин соли таъсисаш саҳми ин ниҳод дар ҳаҷми умумии пардохтҳои молиётиву ғайримолиётӣ ба буҷаи кишвар то 30 дарсад боло рафтааст. Дар баробари ин, интиқодҳо аз Хадамоти гумрук ҳам бар асари сатҳи баланди фасод, боло рафтааст.

"Ин ки ин яке аз ниҳодҳои фасодзадатарин дар кишвар аст, ба ҳама маълум аст. Ба ин тақрибан ҳамаи кормандон: аз корманди қаторӣ то сардор сару кор мегиранд. Ҳар кас чӣ қадаре, ки метавонад, мегирад ва ҳатто ба назар мерасад, ки аз ҳисоби ришва ба болоҳо ҳам меравад. Вале ҳарфи муҳим доштани далел аст, ки дастрасӣ ба онҳо бисёр мушкил аст", -- мегӯяд шореҳи иқтисодӣ.

Омор ба сифати арқом

Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Далели асосии мунтақидони фаъолияти гумруки Тоҷикистон ин вуҷуди тафовут (фарқ) дар омори пешниҳодӣ бо шарикони асосии тиҷорат – Чину Узбекистону Русия ва ғайра аст. Бори аввал дар ин маврид соли 2013 гуфта шуд. Он замон маълумоти Вазорати тиҷорати Чин тақрибан 2,5 маротиба бештар аз маълумоте буд, ки омори Тоҷикистон медод.

Аз он замон то кунун вазъ чандон тағйир накардааст, вале дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ин тафовутро ба қоидаҳои гуногуни ҳисобгирии гумрук ва ҳамчунин ба молу колои транзитии Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон, марбут медонанд.

Чанде пештар дар расонаҳо гуфта мешуд, ки дар Хадамоти гумрук таҷрибаи бидуни расмиёти лозим ҳамлу нақл кардани молу коло вуҷуд дорад, ки аз ин буҷаи кишвар зарар мебинад ва усули рақобати солим дар бозор халалдор мешавад.

Президент хабар дорад

Шаҳбоз Раҷабзода
Шаҳбоз Раҷабзода

Аз ҳама мавриди пурсарусадо иттифоқе буд, ки бо сардори 32-солаи терминали "Душанбе-1" Шаҳбоз Раҷабзода уфтод. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар моҳи майи соли 2019 расман ба фасод муттаҳам кард ва талаб кард, пулҳои ғораткардаашро аз давлат, ки ба берун бурдааст, баргардонад. Аммо Раҷабзода аз сӯйи президент бахшида шуд ва бино ба маълумоти ҳанӯз тасдиқношуда дар ҳукумат мансаби дигар гирифтааст.

Дар ҳамон маҷлис раисҷумҳур раҳбарии ниҳодро дар беамалӣ мутаҳҳам кард ва гуфт, ки кормандон миёни худ гузаргоҳҳои марзиро тақсим кардаанду ба таври худ ҳамлу нақли молу колоро назорат мекунанд.

"Ду роҳи қочоқи молу коло вуҷуд дорад:

  • Вақте мошин меояд, камераҳо ба навор мегиранд. Рақамҳои давлатиро мекушоянду онро дар мошини дувуму сеюм насб мекунанд. Дар воқеъ, ду мошин омадааст, вале як мошин сабти ном мешавад.
  • Вақте мол ба гузаргоҳи марзӣ меояд, кормандон бо соҳиби мол тавофуқ мекунанд, арзишро кам нишон медиҳанд ва нархро чӣ хеле хоҳанд, ҳамон тавр мегузоранд”, -- гуфт он замон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи вай, ҳамаи ин қочоқ “бо дастгирии мансабдорони баландпояи Хадамоти гумрук сурат мегирад”.

Бар пояи интиқодҳои президент, дар ин ниҳод тафтишҳо гузаронида шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 корманд барканор ва 36 нафари дигар ба мансабҳои поинтар бурда шуданд.

"Вазъ ба таври решаӣ иваз шуд"

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти иттилои расмӣ аз Хадамоти гумрук дар бораи фаъолияти он натиҷа надод. Аммо ба гуфтаи корманди пешини бахши хадамоти матбуоти ин ниҳод Нурулло Шарипов мушкилот дар ин ниҳод ҳал карда шудааст. "Ҳоло ин сохтор, сарфи назар аз мушкилоти ҳамагирӣ хеле хуб корҳояшро пеш мебарад. Баъди тафтиши ҳукумат, шахсони номувофиқ аз кор барканор шуданд ва ҳоло мешавад гуфт, ки дар Хадамоти гумрук танҳо ва танҳо профессионалҳо кор мекунанд", -- таъйид мекунад Шарипов.

Ҳамин гуна назарро дар бораи Хадамоти гумрук вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дорад.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

“Намешавад гуфт, ки дар низоми гумруки мо мушкил нест. Мушкилот вуҷуд дорад ва дар бораи онҳо ба мо мардум муроҷиат мекунанд ва аз тамаъҷӯйии кормандони гумрук шикоят мекунанд ва мо инро дар ҷаласаҳо ба раҳбари ин хадамот мерасонем. Вале дар маҷмуъ раҳбарии Хадамоти гумрук нишондодҳои хубе доранд, агар ба ин бингарем, ки чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ гузорише медиҳанд ва ғайра. Мушкил дар шахсони ҷудогона аст, ки аз низом суистифода мекунанд ва ба фасод даст мезананд”, - бовар дорад вакил.

Ҷиноят ва ҷазо

Дар чанд соли оахир барои қочоқ чандин корманди Хадамоти гумрук барои солҳои зиёд зиндонӣ шудаанд. Коршиносони мустақил шубҳа доранд, ки ин муборизаи системавӣ бо фасод бошад. “Ҳар касеро барои фасод маҳкум мекунанд, пеш аз ҳама далели дигар дорад: шояд коргар нолозим шудааст ва давру барашро мекобанд, ки чӣ гуна мешавад ӯро ҷазо дод”, - шарҳ долд як шореҳи иқтисодӣ, ки бо сабабҳои амниятӣ нахост, номаш зикр гардад.

Мувофиқи омори расмии Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар соли 2019 ба сегонаи фасодзадатарин бахшҳои Тоҷикистон маориф, тандурустӣ ва Кумитаи давлатии замин ворид шуда буданд. Хадамоти гумрук дар шумори онҳо набуд.

XS
SM
MD
LG