Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ду маъмури пешини гумрук. Додгоҳ шикояти наздиконро рад кард


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони бонкҳову Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз. Моҳи майи соли 2019.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду маъмури пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистонро бо гуноҳи қочоқи мол аз 6 то 10 сол зиндонӣ кардааст. Шомилҷон Наботов ва Муҳаммаднозим Нозимов моҳи майи имсол, баъди тақрибан ду ҳафтаи танқидҳои раиси ҷумҳур аз шеваи кори маъмурони Хадамоти гумрук, дастгир шуда буданд.

Ҳукми онҳо моҳи октябр содир шудааст. Додгоҳи Душанбе рӯзи 25-уми ноябр шикояти пайвандони онҳоро қонеъ накард ва аз ҳукми аввал ҳимоят намуд. Наздикони маъмурони маҳкумшудаи Хадамоти гумрук гуфтанд, "ҳукм вазнин аст ва бояд бознигарӣ шавад".

Маълум нест, қонуни афв нисбат ба ин афрод татбиқ шудааст, ё не.

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Додгоҳи шаҳри Душанбе ҷузъиёти ҳукмро ошкор накарданд. Як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, Муҳаммаднозим Нозимов ва Шомилҷон Наботов ба он гунаҳкор шудаанд, ки гузаштани як мошини пур аз либосро аз Узбекистон сабт накардаанд. Онҳо дар гузаргоҳи марзии Истаравшан дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон фаъолият доштанд.

Вакили мудофеи Муҳаммаднозим Нозимов рӯзи 28-уми ноябр гуфт, нафари зери ҳимояташ баъди он дастгир шуд, ки мақомоти интизомӣ 23-юми майи имсол дар Душанбе як мошини боркашро боздоштанд. "Мошин аз Узбекистон либос овардааст, вале онро дар гузаргоҳи гумрукӣ ҳуҷҷатгузорӣ накардаанд",-шарҳ дод мусоҳиби мо.

Ба гуфтаи вакил, бо иттиҳоми даст доштан дар ин кор мақомот шаш нафар, аз ҷумла се корманди Хадамоти гумрук, ду ронанда ва як шаҳрванди Узбекистонро дастгир карда буданд. Дертар шаҳрванди Узбекистон, ду ронанда ва як корманди Хадамоти гумрук бо ҷарима озод шудаанд. Муҳаммаднозим Нозимов ва Шомилҷон Наботов ба зиндон маҳкум гардиданд. Дар ҳоле ки, ба иддаои пайвандонаш, "55 ҳазор сомонӣ зарареро, ки тафтишот муайян кард, пурра пардохтааст".

Абдулазиз Нозимов, падари Муҳаммаднозим Нозимов мегӯяд, писарашро пурра бегуноҳ намедонад, "аммо ҳукми додгоҳ хеле сангин аст".

Мусоидат ба гузарондани мол аз марз бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ҳолати ягона дар низоми гумрукии Тоҷикистон нест. Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук, тобистони имсол дар нишасти хабарӣ гуфт, пештар се мошин аз Чин ба Тоҷикистон ворид шуда, аммо кормандони гумрук молҳои дохили онро пурра ҳуҷҷатгузорӣ накардаанд. Коре, ки ба барканории се мақоми гумрук дар вилояти Бадахшон анҷомид.

Як мавзӯи суҳбати президенти Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти гумрук дар моҳи май низ ҳамин буд. Вай Шаҳбоз Раҷабзода, сардори дидбонгоҳи гумрукии Душанберо ба хилофкорӣ, аз ҷумла хариди чанд хонаву мошин ва сафарҳои зиёди хориҷӣ дар муддати тақрибан ду соли кораш айбдор кард, вале гуфт, ҷавониашро ба назар мегирад ва ҷазо намедиҳад. Чунин бархӯрд вокунишҳои зиёдро ба бор овард. Аз як тараф баъзе аъзои ҷомеа аз чунин тарзи танқиди раиси ҷумҳур ситоиш карданд, баъзеи дигар гуфтанд, набояд одамонро интихобӣ ҷазо дод.

Сипас сарусадо дар бораи гӯиё дар бемористон будани Шаҳбоз Раҷабзода ва ё соҳиби мақоми нав шудани ӯ пайдо шуд, вале касе расман тасдиқ ё рад накард.

Дар ин миён санҷиш ва барканории 36 корманди раёсати минтақавии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, дар наздикии марз бо Узбекистон, ҷанҷолбарангез шуд. Кормандони пешини Хадамоти гумрук иддао доранд, ки дар натиҷаи аттестатсия ё санҷиши, ба гуфтаашон ғайришаффоф, онҳо "ноодилона аз кор ронда шудаанд". Мақомот мегӯянд, онҳо ба пурсишҳо ҷавоби пурра надоданд ва ба вазифаҳои худ муносиб набуданд.

Фасоди молӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши гумрук гапи нав нест. Пайрав Чоршанбиев, шореҳи масоили иқтисодӣ мегӯяд, фасод дар Тоҷикистон системавӣ шудааст ва барои аз байн бурдани он иродаи сиёсӣ зарур аст.

"Барои мисол, Гурҷистон яке аз кишварҳои фасодзадаи пасошӯравӣ буд. Саакашвили омад ва дар як шаб чӣ қадар одамро боздошт намуданд. Дар як шаб ҳамаро тоза карданд. Агар хоҳанд, ин корро кардан мумкин аст. Лекин дар инҷо масъала, ба фикрам, тамоман дигар аст. Он баромадҳое, ки аз минбарҳои баланд мешавад, бо амал ягон наздикӣ надоранд",-мегӯяд Чоршанбиев.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар баробари Кумитаи андоз яке аз ниҳодҳои муҳим барои пур кардани буҷаи кишвар аст. Коршиносон мегӯянд, ҳар қадаре кор дар ин бахш шаффоф сурат гирад, ҳамон андоза буҷа фоида мебинад. Вале дар панҷ соли ахир кам шудани даромадҳои гумрукӣ ин ниҳодро ангуштнамо кардааст ва дар ин муддат ду дафъа раиси хадамотро иваз карданд.

Шарҳҳоро бинед (14)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG