Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи "ошкоро"-и Ҷон Керрӣ бо Владимир Путин


Вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ, дар нахустин сафараш ба Русия баъд аз оғози бӯҳрони Украина, аз нақзи оташбас дар Украина "нигарониҳои амиқ" баён намуд ва ба "зарурати фаврӣ"-и ҳамкорӣ бо Маскав даъват кард.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, ҳамаи тарафҳо дар низои Украина бояд ба нақзи созишнома оташбас, ки моҳи феврал дар Минск ба имзо расид, арҷ гузоранд ва Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо бояд дар ҳолати "иҷрои комил"-и ин қарордод таҳримҳои зидди Русияро сабук кунанд.

"Агар ва ҳангоме ки (созиши) Минск пурра иҷро шавад, рӯшан аст, ки ИМА ва ИА ба ғундоштани таҳримҳо сар кунанд", гуфт Керрӣ рӯзи 12 май пас аз як дидори чаҳорсоата бо президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри курортии Сочӣ, соҳили Баҳри Сиёҳ.

Аз оғози бӯҳрони Украина ин аввалин сафари Керрӣ ба Русия буд ва ӯ аз нақзи оташбас дар Украина "нигарониҳои амиқ" баён намуд ва ба "зарурати фаврӣ"-и ҳамкорӣ бо Маскав дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷанги давомдори байни Киев ва ҷудоихоҳони мавриди пуштибонии Русия даъват кард.

Пеш аз мулоқот бо Путин Керрӣ бо вазири корҳои хориии Русия Сергей Лавров гуфтушуниде дошт, ки низ чаҳор соат идома ёфт.

Керрӣ гуфт, нигарониҳои амиқи Вашингтонро аз вазъ дар шарқи Украина ва идомаи ҷангҳои пароканда бо нақзи созишнома оташбас баён доштааст. Вай ҳушдор дод, ки "такияи ҳар кадоме аз тарафҳо ба нерӯ "пайомадҳои фавқулода харобкорона хоҳад дошт".

Ғарб ва Киев ҳамчунин Русияро айбдор мекунанд, ки таъмини ҷудоихоҳонро бо силоҳ ва нерӯ идома медиҳад, аммо Маскав ин иттиҳомро рад мекунад. Ҳарду, Вашингтон ва Бруссел дар вокуниш ба илҳоқ ё аннексияи Қрим аз тарафи Русия ва ҳимояти он аз ҷудоихоҳони шарқи Украина Русияро ҳадафи таҳримҳо қарор додаанд. Гуфта мешавад, дар низои шарқи Украина аз оғози даргириҳо дар моҳи апрел то ҳоло 6100 нафар кушта шудаанд.

Лавров пас аз гуфтушунид бо Керрӣ гуфт, Маскав ва Вашингтон розӣ шуданд, аз қадамҳое худдорӣ кунанд, ки ба робитаҳои байни ду кишвар рахнаи бештар мезананд. Вай афзуд, ин гуфтушунид ба тафоҳуми беҳтаре байнии Маскав ва Вашингтон роҳ кушодааст.

Керрӣ дар сафҳаи худ дар Twitter навишт, ки "бо Путин ва Лавров сари масъалаҳои Украина, Сурия ва Эрон гуфтугӯи ошкоро дошт ва муҳим аст, ки хатти робита байни ИМА ва Русия барои расидагӣ ба масъалаҳои фишороварандаи ҷаҳонӣ боз монад".

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия ба хабарнигорон гуфт, музокироти байни Керрӣ ва Путин "боз ва ба ҳадди кофӣ дӯстона" буд. Вале, афзуд ӯ, мулоқот ба натиҷаи муҳиме сабаб нагашт.

XS
SM
MD
LG