Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Ғарб дар миёни бовар, нобоварӣ ва таҳримҳои нав


Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ дар масъалаи эътимод ба ваъдаҳои Эрон ба аъзои Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида гузориш дод.

Вазири корҳои хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ аз қонунгузорони Иёлоти Муттаҳида хост, ҷӯёи таҳримҳои нави зидди Эрон набошанд, зеро ин иқдом метавонад, созиши қудратҳои ҷаҳонӣ бо Теҳронро барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон, ки чанде пеш дар Женева баррасӣ шуд, халалдор кунад. Дар паёме ба Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагон Амрико, Ҷон Керрӣ гуфт, “мо хоҳиш мекунем, барои музокиракунандагон ва коршиносони мо фурсат ва шароит дода шавад, то кори худро ба поён расонанд.”

Вай дар бораи пешрафтҳои ин раванд гуфт: “Мо барномаи онҳоро боздоштем ва ғанисозии 20-дарсадаро манъ кардем, фурсати онҳоро коҳиш додем ва бо он ки ба самти гуфтугуҳои ниҳоӣ меравем, дарро боз намудем. Акнун музокироти ниҳоӣ дар ҳамбастагӣ бо ҳама шарикони мо сурат хоҳад гирифт ва ҳама чизе, ки мо мекунем, бояд ба Исроил амнияти бештаре орад, ҷаҳонро амнтар кунад, нагузорад, ки таҳдиде ба иморот, Арабистони Саудӣ ва минтақа мумкин гардад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
Линки мустақим


Ҳамзамон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, агар созиши эҷоди бовар, ки моҳи гузашта ба имзо расид ва иҷрои он бояд шаш моҳ давом кунад, ноком гардад, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида худ аз Конгресс хоҳад хост, то таҳримҳои наве зидди Эрон ҷорӣ гардад.

Ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар ин кумитаи бонуфузи Маҷлиси намояндагон суолеро матраҳ карданд, ки то куҷо созиши 24-уми ноябри Женева хоҳад тавонист, дар ивази бекор шудани бархе аз таҳримҳо барномаи ҳастаии Эронро маҳдуд кунад. Баҳси таҳримҳои нав вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷаводи Зарифро водор кард, ҳушдор диҳад, ки ҳама гуна таҳримҳои нав ин созишро аз байн хоҳанд бурд.

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида, ки зери назорати Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, охири моҳи июли соли равон бо 400 раъйи мувофиқ ва 20 мухолиф бастаи нави таҳримҳои зидди Эронро қабул карда буд. Ин қонун содироти нафти Эронро қариб комилан манъ ва вуруди сармояро ба ин кишвар, ки гуфта мешавад, барои барномаи ҳастаӣ харҷ мегардад, ба маротиб коҳиш дод. Аммо сенати Амрико, ки таҳти назорати демократҳост, қисман бо талошҳои ҳукумати президент Обама кашолкорӣ кард.

Зуҳури Керрӣ дар баҳси Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагон Амрико дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки мақомоти баландпояи Эрон дар Вена аз пешрафт дар иҷрои қарордоди миёндавраӣ суҳбат карданд. Изҳороти онҳо дар ҳамоише садо дод, ки дар он ҳайатҳои Эрон, Иёлоти Муттаҳида, Чин, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия, Иттиҳоди Аврупо ва Бунгоҳи Байнулмилалии Неруи Ҳастаӣ ҷузъиёти созишномаро баррасӣ мекунанд.

Дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, чунин ҷузъиёт, ки то ҳанӯз рӯшан нашудаанд, бояд пеш аз оғози марҳилаи иҷро муайян шавад. Ин аз ҷумла тартиб ва шароити кори бозрасони ҳастаиро дар назар дорад, ки бояд хосияти таслиҳотӣ ё осоишта доштани барномаи ҳастаии Теҳронро муқаррар кунанд.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ахиран имкони дастрасӣ ба созиши ниҳоӣ ва фарогир бо Эронро кам ҳисобид ва гуфт, шанси муваффақият 50 ба 50 ё ҳатто бадтар аст. Бо вуҷуди ин, Обама аз дипломатия ҳамчун беҳтарин роҳи пешгирӣ аз силоҳи ҳастаи Эрон ҳимоят кард.

Эрон рад мекунад, ки ба таври пинҳонӣ сари барномаи силоҳи ҳастаӣ кор мекунад.
XS
SM
MD
LG