Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азамат - дӯсти қазоқи Ҷоҳар Тсарнаев гунаҳкор шинохта шуд


Шаҳрванди Қазоқистон Азамат Тажаяков дар Амрико дар халал расондан ба ҷараёни тафтиши ҳамлаи террористии Бостон гунаҳкор шинохта шуд. Интизор меравад, ҳукми Тажаяков рӯзи 16 октябр эълон шавад.

Рӯзи 21 июл 12 узви ҳайати мунсифаи додгоҳи шаҳри Бостони Амрико шаҳрванди 20-солаи Қазоқистон Азамат Тажаяковро дар эҷоди халал дар роҳи тафтиши ҳамлаи террористонии моҳи апрели соли 2013 дар хатти марраи марафони Бостон гунаҳкор шинохт. Тибқи гузориши нашрияи Boston Globe, ба Азамат Тажаяков барои мамониат ба ҷараёни тафтишот ҷазои ҳадди аксар – то 20 соли зиндон – ва бо иттиҳоми тавтиа ё “маслиҳати пешакӣ” то 5 соли дигари зиндон таҳдид мекунад. Нашрияи бритониёии Guardian навишт, Азамат Тажаяков метавонад ба 5 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи 250 000 доллар маҳкум шавад.

Ҷоҳар Тсарнаев
Ҷоҳар Тсарнаев

Рӯзи 15 апрели соли 2013 бар асари таркишҳо дар хатти марраи марафони Бостон 3 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд. Дар анҷоми ин таркиш бародарон Темурлан ва Ҷоҳар Тсарнаевҳо, ки аслан аз чечентаборҳои Қирғизистонанд, айбдор мешаванд. Темурлан 3 рӯз баъд аз таркиш ҳангоми таъқиб дар даргирӣ бо пулис кушта шуд, вале бародари хурдии ӯ Ҷоҳар дар боздошт қарор дорад.

Азамат Тажаяков аз дӯстони наздики Ҷоҳар Тсарнаев буда, тафтишот мегӯяд, ин донишҷӯи собиқи донишгоҳи Массачусетс ва дӯсти ӯ Диас Қодирбоев се рӯз баъд таркиши Бостон як борхалтаи ҳомили маводи оташафрӯз(пиротехника) ва ноутбуке, ки ба дӯсти умумии онҳо Ҷоҳар Тсарнаев таалуқ дошт, нобуд кардаанд.

Азамат Тажаяков дар ҷараёни тафтишот ва муҳокимаи парвардааш худро бегуноҳ меномид. Падари ӯ Амир Исмагулов, як соҳибкор аз шаҳри Атирау ва вакили собиқи маслиҳати ин шаҳр низ ба бегуноҳии Азамат исрор меварзад. Вакилони Тажаяков рафтори ӯ дар рӯзҳои баъди таркиши Бостонро натиҷаи содалавҳона гӯл хӯрдани вай мехонанд.

Диас Қодирбоев (аз чап)
Диас Қодирбоев (аз чап)

Аммо додситонҳо, бино ба гузоришҳои матбуотӣ, исрор мекарданд, ки ҳарчанд ташаббуси аз хобгоҳ берун бурдани ноутбук ва борхалтаи Ҷоҳарро Диас Қодирбоев бар дӯш гирифт, вале Азамат Тажаяков низ медонист, ки чӣ мегузарад ва дар ин “маслиҳати пешакӣ” барои кумак ба Тсарнаев ширкат кард. Аммо адвокатҳо мегӯянд, Тажаяков надида буд, ки он шаб Қодирбоев бо он борхалтаву ноутбук чӣ кор кард. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи онҳо, Азамат Тажаяков аз кардаву нокардааш пушаймон аст ва дар ҷараёни тафтишот бо мақомот ҳамкорӣ кардааст.

Дар ниҳоят ин донришҷӯи собиқи қазоқро ба даст доштан дар нест кардани далелҳои шайъӣ, аз ҷумла борхалтаи Тсарнаев гунаҳкор шинохтанд. Дар мавриди нест кардани ноутбуки мутааллиқ ба гумонбари асосии таркиши Бостон иттиҳоми зидди Тажаяков лағв шудааст. Интизор меравад, ҳукми Тажаяков рӯзи 16 октябр эълон шавад.

Бино ба гузоришҳо, мошини BMW ки дар шуморааш расман “Terrorist №1” навишта шуда буд ва Темурлан Тсарнаев дар наворе савори он дар кӯчаҳои Бостон зоҳир мешавад, дар асл ба Азамат Тажаяков ва Диас Қодирбоев тааллуқ дошт.

Мурофиаи парвандаи худи Ҷоҳар Тсарнаев, танҳо омили зиндамондаи ҳамлаи террористии Бостон, қарор аст, моҳи ноябр оғоз шавад. Мурофиаи парвандаи Диас Қодирбоев алоҳида доир хоҳда шуд. Интизор меравад, ин додгоҳ моҳи сентябр шурӯъ шавад. Боз як дӯсти дигари Ҷоҳар – Робел Филлипоси амрикоӣ – ба додани баёноти бардурӯғ айбдор шуда, ба ӯ то 16 соли зиндон таҳдид мекунад. Филлипос, ки ӯ ҳам бо Тсарнаев дар донишгоҳ шинос шудааст, дар ивази 100 000 доллар пули гарав дар ҳоли ҳозир дар озодӣ ба сар мебарад.

Ашӯрмамад Миралиев
Ашӯрмамад Миралиев

Ба ҳамдастӣ дар таркишҳои Бостон як чеченитабори дигари амрикоӣ бо номи Иброҳим Тодашев низ айбдор мешуд, ки ӯ бо Темурлан Тсарнаев дӯстӣ дошт. Тодашев баъдан дар ҷараёни бозпурсӣ ҳалок шуд, вале дар моҳи сентябри соли 2013 расонаҳои Амрико аз боздошти донишҷӯи тоҷике бо номи Ашӯрмамад Миралиев дар аёлати Майами хабар доданд. Гуфта мешуд, ки Миралиев дӯсти Тодашев буд ва бо иттиҳоми таҳдид ба қурбонии ҷиноят ё хабаррасони мақомот боздошт шудааст. То ҳол маълум нест, ки парвандаи ӯ то куҷо расидааст

XS
SM
MD
LG