Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш сол гаравгони модар ва дар як утоқи тангу ифлос.ВИДЕО


Надежда Борсукова бо Диана Иванова

Дар Қазоқистон муҳокимаи як зане оғоз ёфт, ки ба гуфтаи муфаттишон кӯдаки худро 6 сол дар хона нигаҳ дошта ва боре ҳам иҷоза надодааст, ки берун равад. Парвандаи ӯ ҷомеаи Қазоқистонро такон дод.

Парвандаи Диана Иванова рӯзи 30-уми январ дар додгоҳи шаҳри Алмаато паси дарҳои баста сурат оғоз ёфт. Дианаи 14-сола дар ҳузури модараш Анна Иванова нақл кард, ки чӣ гуна 6 соли умрашро фақат дар хона сипарӣ мекард.

Латукӯбҳои бераҳмонаи модару бибиро ба ёд овард, ки як дафъа то бистарӣ шуданаш дар шӯъбаи эҳёгарии шифохона анҷом ёфт. Диана баъди тасодуфе аз асорат раҳо шуд ва ӯро яке аз дугонаҳои модар ба фарзандӣ гирифт. Ҳоло дар мактаб таҳсил мекунад.

Парвандаи модари ӯ бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқи кӯдакон то ба додгоҳ рафт. Диана Смайлова, раиси Бунёди “Хомуш набош”, яке аз онҳоест, ки дар муҳокима ҳузур дошт. Ӯ ба телевизиони “Настояшее Время” гуфт:

Духтарро бозпурсӣ карданд, далерона ба суолҳои додрас ҷавоб дод. Аз зиндагиаш ҳоло қаноатманд ва хушҳол аст. Модараш Надяро бисёр дӯст медорад. Ба ӯ чизе лозим нест. Сиҳату саломат аст, ҳеҷ ҷояш дард намекунад, дар мактаб ҳам бо баҳои аъло мехонад.”

Ифшои асрори ваҳшатнок

Достони Диана бори аввал соли 2011 ба гӯши мардуми Қазоқистон расид. Баъд аз онки ӯро ба шифохона оварданд. Ӯро бо асобағал бибиаш зада маҷруҳ кард. Бибиро аз ҳаққи муошират бо Диана маҳрум ва сипас ба Русия ихроҷ карданд.

Модар 6 сол духтарашро дар хона дар асорат нигаҳ дошт
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:48 0:00

Баъд аз ҳамин ҳодиса Диана бо модар танҳо монд, вале зиндагиаш беҳбуд наёфт. Ба мактаб намерафт, рӯи фарш мехобид. Ҳар вақт меҳмон меомад, ӯро дар ҷевон пинҳон мекарданд. Аммо асрори модар ифшо шуд. Надежда Борсукова, яке аз дугонаҳои деринаи модари Диана аз вазъи бади зиндагии ӯ бохабар шуда барои ӯ маводи ғизоӣ овард ва Дианаро дид.

“Ёдам ҳаст, ки дар рӯи фарш, латаву курпаҳо парешон буданд, ногаҳ чизе ҷунбид ва ман тарсидам ва ҳамон аввалин бор руи Дианаро дидам” – мегӯяд, Надежда Борсукова.

Дар ятимхона аҳволашро бадтар мекунанд

Модараш, ки мегуфт, ки Диана дар Русия дар назди бибиаш аст ва дарс мехонад, ба дугонааш дурӯғ гуфт, ки ӯро чанде пеш ба хона овардааст. Надежда Борсукова ба худ гуфт, ки духтари ноболиғ набояд дар чунин шароит бимонад. Ӯ гӯё ҳатто шунидааст, ки модар мехоҳад, аз ин духтар халос шавад. Анна Иванова ба дугонааш ваколатнома навишт, ки метавонад, духтарашро ба фарзандӣ бигирад.

Надежда Борсукова
Надежда Борсукова

“Ман бояд кудакро наҷот медодам, чун вақте дидам, гуфтам, набояд дар чунин шароит зиндагӣ кунад. Баъдан маро шавҳарам, ки худаш дар ятимхона бузург шудааст, маро ташвиқ кард, ки Дианаро ба хона биёрем, фақат ба ин шарт, ки бо мо бимонад. Ба ятимхона наравад, чунки бо ин рӯяш дар онҷо ҳолаш бадтар мешавад” – гуфт, Надежда Борсукова.

Манзур аз рӯи Диана, харгӯшлаб будан ва ҳам даҳону бинии духтар аст, ки дар натиҷаи латукӯби модару бибӣ каҷ шудаанд. Диана як бор хостааст, ки аз тариқи балкони хона гурезаду бо кудакон дар берун бозӣ кунад, аммо аз табақаи саввум афтодааст. Ҳамаи ин ҳодисаҳоро дар додгоҳ нақл кардааст. Барои чунин муносибати золимона мумкин аст, модарашро то 10 сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

Гузориш бо забони русӣ инҷост

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG