Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболҳо аз интихоботи Афғонистон


Шумориши оро дар яке аз ҳавзаҳо
Шумориши оро дар яке аз ҳавзаҳо

Натиҷаҳои интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳанӯз эълон нашудаанд, вале мақомоти афғону кишварҳои Ғарб аз худи ҷараёни раъйдиҳӣ дар ин кишвари ҷангзада хуш истиқбол мекунанд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, интихобот “боз як нуқтаи атфе дар роҳи масъулияти комил барои кишвари худро ба дӯш гирифтани афғонҳо шуд.” Таҳвили қудрат ба раисиҷумҳури нав дар Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки нирӯҳои ҷангии эътилофи кишварҳои ғарбӣ бояд то поёни соли 2014 аз ин кишвар берун кашида шаванд.

Барак Обама дар изҳороташ интихоботи Афғонистонро “барои таъмини ояндаи демократии Афғонистон муҳим” номид. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар изҳороти алоҳидае гуфт, “миллионҳо зану марди афғон имрӯз бо азму шавқ пеши сандуқҳои раъйдиҳӣ рехтанд.”

Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг интихоботи Афғонистонро ҳамчун “як лаҳзаи таърихӣ” тавсиф кард ва аз мардуми он кишвар хост, то анҷоми шумориши оро “хештандорӣ ва ҳусни эҳтиром” нишон диҳанд. Бритониё баъд аз Амрико аз лиҳози шумори нирӯҳояш дар ҳайати эътилоф дар Афғонистон дуюм аст.
Истиқболҳо аз интихоботи Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00
Линки мустақим

Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли паймони низомии НАТО, ки чанд сол боз фармондеҳии нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро бар ӯҳда дорад, аз “иштиёқ”-и интихобкунандагон ва “хидмати олӣ”-и нирӯҳои амниятии афғон дар рӯзи интихобот ситоиш кард. Шӯрои Амнияти СММ дар изҳороте таъкид кард, ки бо вуҷуди таҳдиду тарсдиҳии гурӯҳҳои тундраву террористӣ “мардуми афғон бо як шавқ раъйи худро дод.”

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон бо хушбинии мӯҳтотона гуфт, ин интихобот “метавонад як лаҳзаи таърихӣ шавад, агар мо аз ин ҳаққи истифода кунем, агар ин гузариш ба демократия шавад.” Эштон ҳамчунин аз “ҳамаи ончи ки барои омодагӣ ба интихобот барояш талош шудааст” истиқбол кард.

Ҳомиди Карзай ҳангоми раъйдиҳӣ
Ҳомиди Карзай ҳангоми раъйдиҳӣ
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ дар як паёми телевизионӣ аз мардум ситоиш кард, ки бо вуҷуди ҳавои бад ва таҳдидҳои Толибон аз ҳаққи худ барои таъини ояндаи кишвар истифода бурданд: “Миллати Афғонистон имрӯз як намоиши бузурге аз мардумсолории худро ба ҷаҳон пешкаш кард. Дар борон, дар хунукӣ ва бо эҳтимоле, ки ҳамалоти террористӣ дошт, хоҳарону бародарони мо аз саросари Ватан, аз саросари хоки азизи мо дар интихобот ширкат карданд ва кишвари азизи худро сарфароз ва комёб сохтанд.”

Ҳомиди Карзай, ки дар соли 2002 бар асоси тавофуқоти бадастомада дар музокироти Бонн раҳбари муваққати Афғонистон шуд ва дар интихоботҳои солҳои 2004 ва 2009 ҳарду давраи мумкини панҷсолаи раёсаташро пушти сар гузошт, бар асоси Қонуни асосии Афғонистон дигар ҳаққи ширкта дар интихоботи рӯзи 5 апрелро надошт. Барои расидан ба курсие, ки баъди Карзай холӣ мешавад, 8 номзад вориди корзор шуд. Вале бисёриҳо шонси пирӯзии се нафари онҳо – вазирони собиқи хориҷа Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Залмай Расул ва вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзайро болотар мешуморанд.

Интизор меравад, натоиҷи аввалияи интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 24 апрел эълон шавад. Агар ҳеҷ кадоме аз номзадҳо дар даври аввал беш аз 50 дарсади ороро ба даст наорад, ду номзаде ки орои аз ҳама бештаррро соҳиб мешаванд, рӯзи 28 май дар даври дувум рақобат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, дар интихоботи рӯзи 5 апрел 58 дарсад, ё тақрибан 7 миллион аз 12 миллион нафари соҳиби ҳаққи раъй дар Афғонистон ширкат кардаанд.
Навбат барои раъйдиҳӣ дар вилояти Ҳилманд
Навбат барои раъйдиҳӣ дар вилояти Ҳилманд
Бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон, ки гуфта буданд, интихоботи рӯзи 5 апрелро ба ҳам хоҳанд зад, дар давоми рӯзи шанбе дар бораи кадом ҳамлаи бузурге гузориш нашудааст. Аммо вазири дохилаи Афғонистон Муҳаммадумар Довудзай гуфт, дар беш аз 100 ҳамла ё қасди ҳамла, ки дар 24 соати охир сабт шудааст, 20 нафар, аксар аз нирӯҳои амниятии Афғонистон, кушта шуданд.

Саттор Саодат, раҳбари Дафтари шикояти интихоботии Афғонистоон гуфт, алакай даҳҳо шикоят дар бораи тахаллуфот дар ҷараёни раъйгирӣ ба дасти ин ниҳод расидааст. Интихоботи соли 2009, ки бо пирӯзии Карзай анҷом ёфт, ба гуфтаи нозирон, бо тахаллуфи зиёд гузашт. Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки ба даври дувум роҳ ёфта буд, ҳатто ба нишони эътироз ба тахаллуфоти интихоботӣ номзадиашро пас гирифт ва Карзайро дар сабқат танҳо гузошт.
XS
SM
MD
LG