Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳадафи сафари Каримов ором кардани Путин аст"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳури Узбакистон дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ рӯзи якшанбе вориди Маскав мешавад.

Боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки ин ду кишвар марҳалаи мушкилеро дар муносиботи худ паси сар мекунанд. Бо истифода аз вазъи Афғонистон ва хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз ин кишвар Узбакистон ҳоло бештар ба Ғарб, ба вижа ба Амрико рӯ овардааст ва чунин “рафтор”-и Узбакистон ба Русия писанд нест.

Аз сӯи дигар, баъд аз чунин боздидҳо дар гузашта мушоҳида шудааст, ки Русия ва Узбакистон бо маслиҳати якдигар “нақшаҳое”-ро барои кишварҳои минтақа, аз қабили Тоҷикистону Қирғизистон низ баррасӣ кардаандКамолиддин Раббимов-таҳлигари умури минтақаии муқими Фаронса фазоеро, ки мулоқоти ду ҷониб дар пасманзари он сурат хоҳд гирифт, ин гуна шарҳ дод:


Раббимов: Медонед, байни Каримов ва Путин ба андозаи кофӣ гуфтугӯи мушкил сурат хоҳад гирифт. Бори охир онҳо 4 июни соли гузашта, дар фурудгоҳи Тошканд мулоқот карда буданд. Он вақт Путин силсилабоздидҳои чаҳоррӯзаи худро аз кишварҳои Осиёи Миёна анҷом медод ва вай боздидашро аз Тошканд оғоз кард. Баъд аз ду ҳафтаи ин боздид ғайримунтазира Узбакистон аз узвияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хориҷ шуд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки Каримов ба Путин дар бораи муносиботи наздик ва ҳамкориҳои стратегӣ ваъда дода буд. Ин тасмими Узбакистон барои Русия комилан ғайри интизор буд. Баъд аз чанд муддати дигар Узбакистон саҳмияҳои бахши узбакистонии ширкати МТС-и Русияро беэътибор эълон кард. Ин зарбаи сахте ба манофеи молии Русия буд, барои он ки раҳбари МТС ҷаноби Евтушенко, ба маълумоти мо, дӯсти наздики Путин аст. Баъд аз ин арзиши саҳмияҳои МТС дар ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза поин рафт. Ин зарбаи сахти иқтисодӣ буд”
.
Озодӣ: Ба ҳар ҳол мавзӯҳои мушаххасе ҳаст, ки ҷонибҳо ба он бештар таваҷҷуҳ кунанд?

Раббимов: Ҳоло мумкин аст дар робита ба чанд мавзӯъ сӯҳбат кунанд. Яке аз онҳо роҷеъ ба МТС, чунки Путин ин масъаларо матраҳ мекунад. Масъалаи
Камолиддин Раббимов
Камолиддин Раббимов
дуввум ҳамгироии корхонаҳои Русия дар Узбакистон хоҳад буд. Ширкатҳои ҳавоии Русия наметавонанд дар Узбакистон пулҳои худро бо доллар табдил кунанд. Арзиши умумии онҳо тақрибан 50 миллион долларро ташкил медиҳад. Инҳо ду-се масъалаи иқтисодӣ мебошанд. Вале ман фикр мекунам, ки масъалаи аслӣ масъалаи геополитикист. Узбакистон босуръат ба Амрикову НАТО наздик мешавад. Каримов аз вазъ дар Афғонистон истифода кард, то ки бори дигар самтгирии худро тағир диҳад. Вазифаи Каримов ин аст: бояд Русияро мутмаин созад, ки Узбакистон душмани Русия нахоҳад буд, балки ҳадафҳои муҳими худро дунбол мекунад. Ин аст вазифаи мушкиле, ки дар баробари Каримов дар ин боздид қарор дорад.

Озодӣ: Медонед, Русия дар гузаштаҳо аз Узбакистон ба унвони кишвари муҳими минтақа барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода кардааст. Фикр намекунед, ки ин бор ҳам Путин барои Каримов дар мавриди ҳамсоягонаш ҳамин гуна “нақшаҳо” дорад?

Раббимов: Он қадр, ки ман маълумот дорам, Каримов талаб хоҳад кард, ки тарҳҳои Русия дар Қирғизистону Тоҷикистон баста шаванд. Соли гузашта, баъд аз он, ки Узбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хориҷ шуд, билофосила Русия ваъда кард, ки дар сохтмони ниругоҳҳо ва таъсисоти дигар дар Қирғизистону Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Акнун Узбакистон ба таври расмӣ дархост хоҳад кард, ки расидагии фаннӣ ё экспертиза анҷом бигирад. Ҳатто тарафи дигари масъала низ ҳаст. Агар натиҷаҳои расидагӣ ба нафъи Узбакистон набошад, дар он сурат Узбакистон мехоҳад, ки ҳақи вето ба даст орад, то битавонад аз идомаи сохтмони ин иншоот пешгирӣ кунад. Вале ин тарафи масъала ҳоло ба Русия писанд нест. Ин яке аз шеваҳои классикии бархурд ба масъала аст ва аз қарни гузашта боқӣ мондааст, яъне кишварҳои севвум аз ин роҳ ба масъала таъсир мегузоранд”.

Озодӣ: Фикр мекунед, ки Путин ва Каримов роҷеъ ба ин масъалаҳо забони муштарак меёбанд?

Раббимов: То чӣ андоза онҳо “забони якдигарр”-ро меёбанд, ин суол аст. Барои он, ки билофосила гардиш ба сӯи Русия имконпазир нест. Барои ҳамин Каримов чӣ мехоҳад? Каримов мехоҳад, ки муқовимати Русияро коҳиш ва ҳамзамон роҳи худро давом диҳад. Вай ҳамеша ин корро кардааст. Вақте, ки бо Русия наздик мешавад, аз Ғарб то андозае парҳез мекунад. Масалан, вазири корҳои хориҷаи вай (Ислом Каримов) ё мақомоти дигари ҳукумати вай зуд зуд аз Бруссел ва Вашингтон боздид мекунанд. Ҳоло худи вай аз Маскав боздид мекунад ва бо ин кор мехоҳад Маскавро ором кунад, вале сиёсати ғарбгароёнаи худро пеш барад”.
XS
SM
MD
LG