Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 соат барои ҳимоят аз иттиҳоми ҷиноёти ҷанг


Радован Караҷич дар додгоҳи Гаага
Радован Караҷич дар додгоҳи Гаага

Додгоҳи ҷиноёти ҷанги Югославияи собиқ ба раҳбари сиёсии Босния Радован Караҷич барои ҳимоят аз мавқеи худ фурсат додааст.

Раҳбари сиёсии давраи ҷанг, серби босниягӣ Радован Караҷич, ки дар куштори дастаҷамъонаи мусалмонҳои Босния муттаҳам мешавад, тамоми иттиҳомоти алайҳи худро дар додгоҳи ҷиноёти ҷангӣ рад кард.

Караҷич дар ростои 10 иттиҳоми ҷиддӣ, аз ҷумла куштори дастаҷамъонаи мусалмонҳои Босния дар Сребреница, соли 1995, ки 8 ҳазор қурбонӣ дорад, қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки кушташудаҳо ҳамагӣ мардҳо буданд. Аммо Қараҷич дар додгоҳ ба ҳимоят аз худ гуфт, “ҳеҷ гоҳ ба кӯчактарин эҳтимоли ин гуна беҳраҳмӣ роҳ надодааст, чӣ бирасад ба беҳраҳмиҳои бузургҳаҷм”.

Додситонҳои додгоҳи ҷиноёти ҷанги Югославияи собиқ ҳамчунин Караҷичро дар гулӯлаборони пойтахти Босния, шаҳри Сараево масъул медонанд. Ин ҳодиса солҳои 1992-97 дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Сараево дар иҳотаи нирӯҳои сербҳои Босния қарор дошт.

Аммо Караҷич ба додгоҳ гуфт, ӯ бояд на муттаҳам, балки барои талошҳои сулҳпарваронааш ситоиш шавад. “Ба ҷойи муттаҳам кардани ман дар иттифоқоте, ки замони ҷанг рух дод, ман лоиқи ҷоиза ҳастам, чун бо имконоте, ки дар тавони як инсон ҳаст, тавонистам аз ҷанг ҷилавгирӣ кунам”, - гуфт ӯ.

Додгоҳи ӯ соли 2009 оғоз ёфт ва моҳи май дар баррасии параванда танаффус эълон шуд. Караҷичи 67-сола барои ҳимояти худ дар додгоҳ 300 соат вақт дорад, ҳарчанд ӯ тақозо дорад, ки ин рақам то 600 соат боло бурда шавад.

Раҳбари собиқи Босния Радован Караҷич соли 2008, 13 сол баъди аввалин иттиҳоми ташкили бераҳмии аз ҳад беш дар ҷараёни ҷанги Босния ва гурезогурез аз таъқиби додгоҳи байналмилалӣ боздошт шуд. Ба ҳангоми боздошт Караҷич 63 сол дошта, 11 сол дар фирор буд. Тафтиш мушаххас кард, ки вай қиёфаашро тағйир дода, дар Белград ба сар мебурд. Караҷич, ки ришу мӯйсари дароз монда буд, ба ҳайси табиби мардумӣ фаъолият мекард. Ҳангоме ки Караҷичро бори аввал баъди боздошт ба назди қозии додгоҳ ҳозир намуданд, вай аз ҳамкорӣ бо додгоҳ сарпечӣ кард. Ӯ гунаҳкор буданашро на тасдиқ ва на такзиб кард ва додгоҳ ин сарпечии ӯро ҳамчун инкори ҳамаи иттиҳомот ҳисобид.

Собиқ раҳбари низомии Босния, серби босниягӣ Радко Младич, ки бо Караҷич ҳамкории танготанг дошт, соли равон мавриди мурофеъа қарор гирифт.



XS
SM
MD
LG