Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди хона як сабаби асосии талоқ дар Тоҷикистон будааст

Як пажӯҳиши муҳаққиқон дар Тоҷикистон нишон додааст, яке аз сабабҳои асосии ҷудоии хонаводаҳои зиёд дар кишвар надоштани хонаи хусусӣ будааст. Таҳқиқотро соли 2025 кормандони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография анҷом додаанд ва маълум шудааст, ки сабаби аввал омода набудан ба издивоҷ сабаби талоқ аст ва сипас бехонагӣ.

Муҳаққиқони тоҷик маълум кардаанд, ки 67 дар сади оилаҳо бинобар издивоҷи барвақт, масалан дар 18, 19 ва ё 20- солагӣ ва бинобар ноомодагӣ ба зиндагии муштарак ҷудо мешаванд.

Аммо як иллати дигар ва он ҳам муҳим хонаи хусусӣ надоштани ҷуфтҳои ҷавон будааст, ки ҳамроҳ бо волидайну оилаҳои масалан бародар зиндагӣ мекунанд. Бештар аз 23 дар сади носозгориҳо, ки бо талоқу аз ҳам пошидани оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон меанҷомидааст, маҳз ба сабаби хона надоштани зану шавҳар ҷавон будааст.

Таҳқиқ нишон додааст, ки бештар аз 26 дар сади оилаҳо дар Тоҷикистон ба сабаби муноқишаву ҷангу даъво байни худи зану шавҳари ҷавони ноомода ба хонаводадорӣ аз ҳам ҷудо мешудаанд. Дахолати волидайн ва ё падару модар ба зиндагии ҷавонон ҳам сабаби талоқ дар Тоҷикистон будааст ва он тақрибан 26 дар садро ташкил медодааст.

Ба гуфтаи Оҷонсии омори Тоҷикистон, соли 2025 дар кишвар тақрибан 8500 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд, ки тақрибан 6 дар сад камтар аз соли 2024 аст.

Пажӯҳиш дар бораи тамоюлҳои издивоҷу ҷудоӣ дар Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Ҳасан Исломов, яке аз муҳақиқони Институти иқтисод ва демография анҷом шудааст, нишон додааст, ки тамоюлҳои талоқу издивоҷ дар кишвар тағйир меёбанд.

Масалан солҳои 90 агар ҷавонон зуд издивоҷ мекарданд, солҳои баъдӣ синни издивоҷ боло рафт, вале дар се-чаҳор соли ахир дигарбора рӯ ба поён овардааст. Таҳқиқот дар мавзӯи "Ҷанбаҳои иқтисодию демографии талоқ" нишон додааст, ки аз соли 2010 то соли 2023 синни издивоҷ дар кишвар то як сол поин омадааст.

Дар умум пажӯҳишҳои гуногун нишон додаанд, ки агар дар гузашта ҷомеаи суннатии тоҷик бо устувории оилаҳояш фарқ мекард, ҳоло ҳар соат дар гӯшаву канори кишвар як ё чанд оила аз ҳам ҷудо мешаванд. Ба гуфтаи донишмандон, ин танҳо як мушкили иҷтимоӣ нест, балки зарбаи сахт ба иқтисоди кишвар ва ояндаи насли наврас аст.

Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки сабабҳои иқтисодӣ дар ин ҷо нақши калидӣ доранд, надоштани хонаи хусусӣ, зиндагии муштарак бо волидайн ва дахолати аъзои дигари оила ба зиндагии ҷавонон, бекорӣ ва нотавонии мард дар таъмини ниёзҳои аввалияи рӯзгор.

Дар Тоҷикистон 11 сол пеш Консепсияи рушди оиларо қабул кардаанд, ки ба гуфтаи ҳукумат ҳадафи он муҳофизати оила ҳамчун як рукни асосии ҷомеа аст. Дар ҳамин санад омадааст, ки паст шудани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оиладорӣ, ки сарчашмаи дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром аст, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо заиф кардааст.

Аммо ба қавли донишмандон, қабули санад кофӣ нест ва барои монеъ шудан ба афзоиши талоқу ҷудоӣ дар Тоҷикистон, сатҳи саводи ҳуқуқии ҷавонон пеш аз издивоҷ боло бурда шавад, дастгирии давлатӣ барои оилаҳои ҷавон дар масъалаи хона ва ҷойи кор бештар гардад, марказҳои машваратӣ барои оила ва марказҳои машваратии равонӣ дар шаҳру ноҳияҳо зиёд бошанд.

Солона дар Тоҷикистон на камтар аз 70 ҳазор ақди никоҳ сабт мешавад ва ё оилаи нав ба вуҷуд меояд. Дар бисёре аз таҳқиқот дар бораи аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон омадааст, агар решаҳои иқтисодии ин мушкилот, масалан муҳоҷирати зиёди корӣ ҳал нашавад, хатари ҷудоӣ ҳамчунон гиребонгири оилаҳо ва ҷуфтҳои тоҷикро ба ин зудиҳо сар намедиҳад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG