Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Карзай аз ҳузури 1300 ҷангии хориҷӣ дар марз бо Тоҷикистон


Ҳикмат Халил Карзай
Ҳикмат Халил Карзай

Як дипломати аршади афғон мегӯяд, дар амалиёти тасарруфи шаҳри Қундуз беш аз 1300 ҷангии хориҷӣ, аз ҷумла ҷангиён аз Тоҷикистон, ширкат доштаанд.

Ҳикмат Халил Карзай, муовини вазири хориҷаи Афғонистон рӯзи 15 ноябр дар як анҷуман дар Кобул гуфтааст, танҳо дар амалиёти тасарруфи шаҳри Қундуз дар поёни моҳи сентябр беш аз 1300 ҷангии хориҷӣ ширкат доштаанд. Карзай гуфт, “ин ҷангиён аз Покистон, Тоҷикистон, Чин ва кишварҳои дигар омадаанд” ва марбут ба гурӯҳҳои гуногуне, чун Ал-Қоида, “Давлати исломӣ”, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва Ҳаракати исломии Узбакистон мебошанд.

Ба гуфтаи дипломати аршади афғон, “ҳадафи ниҳоии ин гурӯҳҳо Афғонистон нест. Ҳадафи ниҳоии аксари ин гурӯҳҳо аҳдофи минтақавӣ ва ҷаҳониест, ки онҳо дунбол мекунанд.”

Ҷангиёни Толибон дар поёни моҳи сентябр барои чанд рӯз шаҳри Қундуз, маркази маъмурии вилояти низ бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатии Афғонистон танҳо баъди чанд рӯзи амалиёти густурда ва ҷалби нирӯҳои ҳавоии Амрико ва НАТО муяссар шуд, то ҷангиёни Толибонро аз ин шаҳри аз нигоҳи стратегӣ муҳим берун андозанд.

Ҳикмат Карзай - амакбачаи раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомиди Карзай - гуфт, муқобила бо таҳдиди ҷангиён дар минтақа набояд танҳо рӯи шонаҳои Афғонистон гузошта шавад ва кишварҳои дигари минтақа низ бояд дар ин ҷабҳа дасти Кобулро бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Тахори Афғонистон мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ рӯзи 14 ноябр билохира вулусволии Хоҷағор дар марз бо ноҳияи Фархори Тоҷикистонро таҳти назорати комил овардаанд, вале вулусволии низ бо Фархор ҳаммарзи Дарқад ҳанӯз дар дасти ҷангиён боқӣ мондааст.

Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор рӯзи 16 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Хоҷағор рӯзи шанбе дар пайи набардҳои шадид ба дасти нирӯҳои давлатӣ омад: “Чанд қарияҷот дар дасти ҷангиён боқӣ монда буд, ки рӯзи шанбе комилан ҳамаашро аз Хоҷағор берун андозтанд. Аммо ҳанӯз ҷиҳати шурӯъи амалиёт дар ҷабҳаи Дарқад тасмимгирӣ нашудааст ва ин вулусволӣ то ҳол пурра дар дасти Толибон аст.”

Ҷангиёни Толибон рӯзи 28 октябр вулусволии Дарқадро бо маркази маъмуриаш ва беш аз нисфи қаламрави вулусволии Хоҷағорро тасарруф карданд. Мақомоти Тахор мегӯянд, дар ин минтақа ҷангиёне фаъолият доранд, ки дар пайи пешравии нирӯҳои давлатӣ дар вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Чордараи вилояти ҳамсояи Қундуз ба ин самт ақиб нишастаанд. Дашти Арчӣ ва Чордара, ки қариб 8 моҳ таҳти назорати Толибон қарор доштанд, дар поёни моҳи октябр дубора ба дасти нирӯҳои давлатӣ гузаштанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Толибон тайи 8 моҳи султаашон бар Дашти Арчиву Чордара дар ин қаламрав як низоми, ба гуфтаи худашон, “шариатӣ”-и ҳукуматдориро ҷорӣ карда буданд. Онҳо аз ҷумла пулису дигар идораҳои худро таъсис дода, аз соҳибкорон ва деҳқонон ҳатто андоз меситонданд. Аз ҷумла Толибон аз кишоварзон андози ушр, яъне даҳяки ҳосили солонаи заминҳои кишти онҳоро талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, вулусволи Имом Соҳиб, ҳафтаи гузашта гуфт, 40 дарсади қаламрави ин вулусволии низ ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳам дар дасти Толибон қарор дорад.

Амонуддин Қурайшӣ, вулусволи Имом Соҳиб ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, шумори ҷангиён то 1500 нафар буда, онҳо дар ҳамагӣ аз ду то панҷкилометрии маркази вулусволӣ сангар гирифтаанд: “Мо борҳо ба мақомот гуфтем, ки ҳузури давомдори инҳо дар соҳа боиси тақвияташон мешавад. Инҳо ибтидо заиф буданд, вале вақте давомдор монданд, бачаҳои велгарду бекор ба инҳо пайвастанд. Як теъдод инсонҳои камақл, ки ба Ватан ишқу алоқа надоштанд, ба хотири шӯҳратталабӣ, ба хотири чӯлу чаповулу ба хотири ғаниматгирӣ ба инҳо пайвастанд ва сафи инҳо тақвият ёфту зиёд шуд.”

Амонуддин Қурайшӣ мегӯяд, хатти ҷабҳа байни нирӯҳои амниятӣ ва ҷангиён аз рустоҳои атрофи маркази Имом Соҳиб, аз ҷумла аз рустоҳои Ҷӯи бегам, Қирғиз, Ангурбоғ, Алифбердӣ, Нағмабозор, Қӯрғонтеппа, Навобод, Гулбаст ва Бузкаш мегузарад.

Видео аз Имом Соҳибро инҷо бубинед:

40 дар сади минтақаи Имом Соҳиб дар ихтиёри Толибони афғон будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00


Мақомоти вилоятҳои Қундузу Тахор мегӯянд, ҷангиёни Толибон дар ҷабаҳоти ин ду вилоят бо гурӯҳҳои дигари тундрав, аз ҷумла “Давлати исломӣ” ва Ҳаракати исломии Узбакистон якҷо меҷанганд ва дар сафи онҳо ҷангиёни хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Узбакистону Тоҷикистон хеле зиёданд. Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор мегӯяд, сокини Душанбе Нусратуллоҳ Кенҷаев, ки мехост ба “Давлати исломӣ” бипайвандад, дар ҳафтаи гузашта маҳз дар вулусволии ҷангзадаи Хоҷағор дастгир шуд.

Ҳузури афзояндаи гурӯҳҳои ҷангии шарики Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ кайҳо боз мояи нигаронии кишварҳои ин минтақа, ба хусус Тоҷикистон шудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, ки рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мураккаби ҷуғрофӣ ҳифозаташ мушкил аст. Масъулияти ҳифозати ин марзи тӯлониро аз соли 2005, дар пайи хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия, худи марзбонони тоҷик бар ӯҳда доранд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар авоили моҳи октябр дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Сочи гуфт, даргириҳо бо ҷангиёни Толибон алакай 60 дарсади манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистонро фаро гирифтаанд ва ин Душанберо сахт нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG