Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷик дар Тахор бо гумони ҳамкорӣ бо "Давлати исломӣ" боздошт шуд


Раёсати амнияти миллии Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасд дошт ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бипайвандад, боздошт кардааст.

Муҳаммадоқо Довуд, мақоми амниятии вилояти Тахор, рӯзи 12 ноябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ боздошти як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасди пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ин вилояти шимоли Афғонистонро дошт, тасдиқ кард. Генерал Довуд гуфт: "Ин нафар бо номи Нусратуллоҳ ва исми хонаводагиаш Кенҷаев аст. Ӯро мақомоти амниятии Тахор дастгир карданд ва барои таҳқиқоти бештар ба Кобул интиқол додаанд."

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон рӯзи 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "сафорат ҳанӯз иттилои расмие аз сӯи мақомоти Кобул дар мавриди боздошти ин нафар нагирифтааст, чунки дирӯз мақомоти Афғонистон бо тазоҳуроти алайҳи сарбурии гаравгонҳо саргарм буданд ва имрӯз дар ин кишвар рӯзи истироҳат аст. Аммо имкон дорад, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо чунин иттиҳоме дастгир шуда бошад, чунки қаблан ҳам аз вилоёти шимол дар бораи ҳузури ҷангиёни тоҷикистонӣ дар ҷангҳо дар сафи гурӯҳҳои тундрав хабарҳо ба даст мерасид."

Раёсати амнияти миллии Афғонистон низ рӯзи 12 ноябр бо нашри хабарномае гуфт, ки Нусратуллоҳ Кенҷаев, фарзанди Шариф, сокини шаҳри Душанбеи Тоҷикистон аз тариқи интернет ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷалб шуда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин сокини Тоҷикистон аз тариқи Эрон ба ҳадафи омӯзишҳои низомӣ ва пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" вориди Афғонистон шуда ва тасмим дошт бо вуруд ба вулусволии Дашти Арчии Қундуз аз тариқи вулусволии Хоҷағори Тахор, дар фаъолиятҳои ҷангӣ иштирок кунад.

Дар навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва лаҳзаҳои бозпурсии ин шаҳрванди Тоҷикистонро нишон медиҳад, Кенҷаев мегӯяд, ки муддати як солу ду моҳ дар Русия кор карда ва ҳудуди як сол аз тариқи интернет бо як раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон бо номи Муовия тамос доштааст. Нусратуллоҳ Кенҷаев мегӯяд, Муовия низ шаҳрванди Тоҷикистон ва тоҷик аст, вале мушаххасан аз кадом қисмати Тоҷикистон будани ӯро намедонад.

Навори бозпурсии Нусратуллоҳ Кенҷаев дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Кенҷаев мегӯяд, ки ӯро Муовия барои ба ном "ҷиҳод" ба Афғонистон даъват кард ва Нусратуллоҳ ҳам ин даъватро пазируфта, вале ба даъваткунандааш гуфтааст, ки ба пул ниёз дорад, то ба Афғонистон биёяд. Бино ба эътирофи ӯ, афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" барояш ба ҳисоби бонкие, ки ба номи "Александр" боз карда буд, 20 ҳазор рубл, муодили чизе бештар аз 300 доллар фиристодаанд ва ӯ дар пайи ин аз тариқи Озарбойҷон вориди Эрон шудааст.

Нусратуллоҳ дар навори бозпурсиаш мегӯяд, ки пас аз муддате иқомат дар Эрон бо ҳавопаймо вориди Афғонистон шуда ва афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ду шумора барояш додаанд, то ба хотири пайвастан ба ин гурӯҳ ба онҳо дар тамос шавад.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, аввал ба Кундуз рафта, вале ӯро дубора ба Тахор фиристодаанд, то ба Дашти Арчӣ биравад, аммо нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошташ кардаанд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки қисматҳои бузурге аз Сурияву Ироқро тасарруф ва дар ин манотиқ эълони "хилофат" кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба рақибон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондан ё гӯрондани асирон ном баровардааст. "Давлати исломӣ" ҳоло талош дорад, то дар Афғонистон, аз ҷумла дар вилоятҳои шимоли ин кишвар, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон ҳаммарзанд, ҷои по пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG