Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Кобул 8 нафар кушта ва 25 тани дигар захмӣ шуданд.ВИДЕО


Субҳи рӯзи 3-юми май таркиши сахте маркази шаҳри Кобул --пойтахти Афғонистонро ларзонд. Ин таркиш тақрибан соати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллии Афғонистон дар ҳавзаи нуҳуми амниятии Кобул -- ҷое, ки сафорати Амрико, Додгоҳи олии Афғонистон ва вазорати тандурустии он кишвар воқеъ мебошанд, рух додааст.

Хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ аз қавли масъулони амниятӣ мегӯяд, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ будааст ва шахси ҳамлавар савор бар мошини навъи "Toyota Corolla" ба корвони нерӯҳои хориҷӣ ҳамла бурдааст. Ба гуфтаи Наҷиб Дониш, сарпарасти дафтари сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон, дар ин ҳамла 8 нафар кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд. То ба ҳоле ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Дар миёни захмиёни ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул, се низомии амрикоӣ низ ҳастанд.

Cухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ капитан Билл Салвин гуфтааст, ки дар ин ҳамла се низомии амрикоӣ захмӣ шудаанд. Мошинҳои корвони нерӯҳои эътилоф қисман тахриб шуда ва тавонистанд ба пойгоҳи худ баргарданд. Ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳали ҳодиса, чанд мошини ғайринизомиён дар ҳодиса қисман тахриб шудаанд.

Шоҳидон гуфтанд, ки хун ва либосҳо дар маҳали ҳодиса мушоҳида мешавад. Наҷиб Дониш гуфт, ки "мо тафсилотро дертар эълон мекунем." Сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон гуфт, ки имкон дорад шумораи қурбониён бештар бошад, аммо нагуфт, ки қурбониёни ин ҳамла мардуми бумӣ ҳастанд ва ё сарбозони хориҷӣ."

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Ҳамлаи маргбор дар Кобул дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳи тундрави Толибон дар Афғонистон чанд рӯз қабл аз оғози амалиёти баҳории худ хабар дод. Ин гурӯҳ рӯзи 27 апрел бо нашрия як эъломия гуфт ки ба нерӯҳои афғон ва эътилофи байналмилӣ ҳамла хоҳад кард. Баъд аз он, ки раҳбари пешини ин гурӯҳи Ахтармуҳаммад Мансур дар як ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон кушта шуд, амалиёти баҳории имсолаи Толибон "Мансурӣ" номгузорӣ шудааст.

Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон мехонад, дар як эъломия гуфтааст, ки амалиёти имсола аз амалиётҳои солҳои гузашта фарқ дорад ва он ҳам ҷанбаи сиёсӣ ва ҳам низомӣ хоҳад дошт. Қабл аз эълони оғози ин амалиёт, дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Балх беш аз 140 нафар кушта шуданд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шудааст.

XS
SM
MD
LG