Пайвандҳои дастрасӣ

“Кабирӣ дар мавриди сабқати президентӣ ҳанӯз тасмим нагирифтааст”


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба таҳлилгарони пажӯҳишгоҳи Chatham House (Лондон) роҷеъ ба вазъи сиёсии кишвараш гузориш дод.

Рӯзи душанбе, 26 ноябр Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилалии Chatham House, дар шаҳри Лондон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳлилгарон ва донишмандони бритониёӣ мулоқот кард. Мавзӯи нишаст “Сиёсат ва субот дар Тоҷикистон” будааст. Дар ин нишаст рӯйдодҳои моҳи июли Хоруғ, шароити сиёсии кишвар, таҳкими қудрат дар Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 баррасӣ шудааст.

Ҷеймс Никсӣ, раҳбари барномаҳои таҳқиқотии Авроосиёи Пажӯҳишгоҳи Chatham House дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мулоқот дар ҳузури тахминан 25 нафар наздик ба як соат ҷараён дошт. Вай гуфт, қабл аз даъват ба Chatham House барои ширкат дар мизи гирд, ҷаноби Кабирӣ дар як конфронс дар шаҳри Эксетери Англия роҷеъ ба Исломи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ сӯҳбатҳо кардааст.

  • Дар ҷараёни мизи гирди мо ӯ роҷеъ ба рушди сиёсӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ва дурнамоҳои соли оянда назар дод, - мегӯяд оқои Никсӣ. – Агар дар маҷмӯъ бигӯем, вай роҷеъ ба хатарҳои беруна ва дохилӣ ба дини ислом дар Тоҷикистон ва дар сиёсати Тоҷикистон назари худро баён кард. Вай инчунин як миқдор роҷеъ ба таҳдидҳо ба ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам сӯҳбат кард.

Ҷаноби Никсӣ мегӯяд, як бахши умдаи сӯҳбатҳои ҷаноби Кабирӣ, ки ба забони англисӣ ҷараён дошт, ба мавзӯи интихоботи дарпешистодаи президентии Тоҷикистон ихтисос ёфт. Ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё Кабирӣ роҷеъ ба эҳтимоли ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 чизе гуфт, Никсӣ баён дошт, ки ба гуфтаи Кабирӣ, ӯ дар ин замина ҳанӯз тасмиме нагирифтааст.

Ҳамсӯҳбати мо аз Пажӯҳишгоҳи Chatham House ҳамчунин гуфт, Кабирӣ дар масъалҳои дигар, аз ҷумла ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон, равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо ва мавқеи Ислом дар кишвар маълумот дод. “Назари вай ин аст, ки на ҳама таҳаввулот, ки дар кишвараш мегузарад, мусбат аст ва ӯ ҷонибдори ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон аст. Айни замон, вай нагуфт, ки Тоҷикистон наздик ба шикаст аст ва ё ба инқилоб даъват мекунад”, мегӯяд Никсӣ.


Ин дуюмин мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо таҳлилгарони англис дар пажӯҳишгоҳи Chatham House аст, ки ин навбат аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Бритониё ва сафорати ин кишвар дар Душанбе ташкил шудааст. Ба иттилои Никсӣ, ҷудо аз ин мулоқотҳо ва конфронси шаҳри Эксетер Кабирӣ бо сиёсатмадорони алоҳидаи Бритониё низ мулоқот кардааст. Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо даъвати Донишгоҳи Эксетер дар Инглистон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG