Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости то 2 соат дароз кардани танаффуси рӯзи ҷумъа


Бар асоси тарҳе, ки ҳамакнун ба парлумони Қирғизистон ворид шудааст, аз мақомоти он кишвар хоста мешавад, танаффуси рӯзи ҷумъаро ду соат таъин бикунанд.

Ба парлумони Қирғизистон тарҳи қонуне ворид шудааст, ки тамдиди танаффуси нимарӯзӣ дар рӯзи намози ҷумъаро аз соати 12:30 то 14:30 пешбинӣ мекунад. Бештари вакилони парлумони Қирғизистон мегӯянд, ки ин тарҳи қонун ба хотири ҳимоят аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ таҳия шудааст.

Аммо мухолифони ин тарҳ зикр мекунанд, ки Қирғизистон кишвари дунявист ва кишвари дунявӣ на бар пояи муқаррароти динӣ, балкӣ бар асоси қоидаи шаҳрвандӣ танзим мешавад.

Идораи мусалмонон ё муфтиёти Қирғизистон аз ин тарҳи қонун ҳимоят мекунад. Муовини муфтии Қирғизистон Акимҷон Эргашов гуфтааст, ки диндорон бояд қоидаҳои мазҳабиро риоя кунанд. Ҳарчанд водор мешаванд, ки дар ин кор қонунҳоро вайрон кунанду аз раҳбарҳояшон барои таъхир сарзаниш шунаванд ва дар ниҳоят ҷойи кор ва маблағро аз даст диҳанд. "Бо қабули ин тарҳи қонун қоидаҳо ба ҳам мутобиқ мешаванд," – афзудааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳое дар мавриди намози ҷумъа сар задааст. Бисёриҳо бар инанд, ки дар корхонаҳои давлатӣ утоқҳои намозхонӣ вуҷуд доранд ва барои адои намоз кофӣ ҳастанд. Бахусус, ки ба қавли мухолифони тарҳи нав, баъд аз нимарӯзӣ вакилони парлумон ва мақомоти қирғизро дар ҷойи корӣ пайдо кардан мушкил аст.

Ҳоло дар Қирғизистон ва кишварҳои ҳамсояаш, мисли Тоҷикистон, дар рӯзи ҷумъа ҳамагӣ як соат барои нисфирӯзӣ танаффус дода мешавад. Ин танаффус соати 12 оғоз ёфта, соати 13 ба поён мерасад. Аммо намози ҷумъа соати 13 сар мешавад ва то бист дақиқа ё ним соат идома хоҳад кард.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон то ҳол барои танаффуси дусоатӣ дар рӯзи ҷумъа баҳс вуҷуд надорад, вале дар гузашта аз иштироки оммавӣ дар намози ҷумъа дар кишвар интиқод шуда буд. Дар охирҳои соли 2014 хабарнигори тоҷик ва ҳоло вакили Маҷлиси Душанбе Гулнора Амиршоева дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки дар нимарӯзи ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷойи корашон пайдо бикунад ва пешниҳод карда буд, “ба ҷои кӯфтани пешона дар замин, беҳтар аст, дар кор серталош бошед.”

Ин ҳарфҳои Амиршоева бо вокунишҳои тунди рӯҳониён рӯбарӯ шуд ва мақомот низ гуфтанд, ки дар адои намози ҷумъа маҳдудият пешбинӣ нашудааст. Аммо, баъдан, дар моҳи октябри соли 2015 баъзе аз расонаҳо хабар доданд, ки ҳузури хизматчиёни давлатӣ дар намозҳои ҷумъа дар Тоҷикистон манъ шудааст.

Барои адои намози ҷумъа дар масоҷиди Тоҷикистон теъдоди зиёди сокинон ҷамъ меоянд ва вуруди онҳо ба масоҷидро нерӯҳои пулис назорат мекунанд. Пеш аз хондани ин намоз сархатибон ҳудуди як соат ба мардум мавъиза мегӯянд ва асосан хостҳои онҳо дар бораи гироиш нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои мамнӯъ маҳз дар ин мавъизаҳо садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG