Ду хабарнигори шабакаи телевизионии WDBJ7 ҳангоми гузориш аз ҷойи ҳодиса дар аёлати Вирҷиния, воқеъ дар шарқи ИМА, кушта шуданд. Ба иттилои масъулини шабакаи телевизионӣ, хабарнигорон Элисон Паркер ва Адам Уорд субҳи рӯзи 26 август ҳангоми сӯҳбати зинда дар минтақаи Бедфорд мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ин ҳодиса дар дохили як маркази тиҷоратӣ ҳангоми мусоҳиба бо як масъули маркази тиҷоратӣ рух дод. Дар навори видеоие, ки ба Интернет роҳ ёфт, дидан мумкин аст, ки ҳангоми сӯҳбати Элисон Паркер бо як зан садои батакрори тир шунида мешавад, занҳо аз тарс садо баланд мекунанд. Камераи наворбардорӣ дар ниҳоят ба замин меафтад.
Хонуме, ки дар ин мусоҳиба иштирок мекард, ҳамчунин маҷрӯҳ шуда, бо ҳолати сангин ба бемористон интиқол ёфт, вале ҷароҳатҳои ӯро безарар арзёбӣ мекунанд. Қотили эҳтимолии журналистони телевизиони WDBJ – собиқ корманди ин шабака Вестер Фланаган аст, ки гӯё дар ин бора паёме ба шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол кардааст. Гуфта мешавад, ки худи ӯ ба ҳангоми содир кардани куштор ин саҳнаҳоро ба телефони мобили худ сабт карда ва тавонистааст пеш аз маргаш он сабтҳоро паҳн кунад.
Чанд соат баъди ин ҳодиса, вақте полис мошини ӯро дар як шоҳроҳе таъқиб мекард, Фланаган ба худ тир холӣ кард ва баъди муддате дар бемористон ҷон дод. Телевизиони ABC News гузориш дод, ки номае тавассути факс дастрас кардааст, ки эҳтимолан фиристандаи он ҳам Фланаган буд. Дар ин нома гуфта мешавад, ки ин марди сиёҳпӯст талош кардааст қасди куштори ҷамъии имсола дар Чарлстонро бигирад. Дар ҳодисаи моҳи июн як марди сафедпӯсте вориди як калисои амрикоиҳои африқоитабор шуда, нӯҳ нафарро аз тири силоҳ ба қатл расонд.
Баъзе расонаҳои ғарбӣ менависанд, ки Вестер Фланаган соли 2013 аз телевизиони WDBJ ронда шуд. Гӯё ӯ аз муносибати бади ҳамкорон шикоят дошт, як шахси аз зиндагӣ норозӣ ва афсурда буд. Дар робита бо куштори журналистон президент Барак Обама шадидан изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки ин натиҷаи осон будани дастрасӣ ба силоҳ дар Амрикост. Талошҳои ӯ ва аъзои дигари ҳизби демократ барои манъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба силоҳ дар ИМА натиҷа надодааст. Мақомот дар Амрико эътироф мекунанд, ки дар ин кишвар ҳар сол шумори қурбониёни кушторҳо аз силоҳи озод бештар назар ба қурбониҳои терроризм будааст.
Элион Паркер 24 ва Адам Ворд 27 сол доштанд.
Ман ҳайрон ҳамин Радиои озодӣ дар ҳама ҷой агентҳои худро дорад, ина ҳамин воқеара аз куҷо бохабар шуда бошад? Хайр ин муаллими таълими ҷисмонӣ ҳамин аҳвол бошад, аз муаллими забон ва адабиёт чӣ гина баъд.
Охир шумо бр срхтакориҳо таҷрубаи бой доредку. Сабуктар ғалтад гуфта, гиреду якбора касали рӯҳи эълонаш кунед. Гапу хабар камтар..
Озоди метарси ки коментое ки ҳақиқатан чоп намекунед хайр бас кунед аз уҳдааш намебароед кадом вахте ки ҳақиқатро менависам чоп намекунед ин худаш чи гап бас аст эээ аз бовариам баромадед
Барои баъзе нафарҳое, ки мегӯянд тақдираш ҳамин будааст...... Шахсан ман шоҳидам,ки дар совхози Туркманистони Вахш дар соли 2003 як нафар аз дифтерия мурд. Духтурҳои красни крест ба вай уколи пенисилли прокоаини 4 миллиона доданд гуфтанд нағз мешӣ. Фелдшер дорура худам мегузаронам гуфта болои столаш монд. Касалида накард дорура касали баъди 5 руз мурд!!! Ба фикри шумо тақдираш ҳамин будааст, яъне фелдшер ҳеҷ гуноҳе надорад???
Бар бехудоҳову аттеистҳо дилам месузад. Дар ин дунё моддиётгаро ҳастанд эшон! Ҳама чизро бо тарозуи ақлу, адлу инсоф не, бо тарозуи ҳирсу молу пул мизон мекунанд! ИНсон бояд соҳиби дин бошад, фарқ надорад ки вай масеҳист, мусулмон ё буддоӣ.. ҳарчӣ бошад. Агар инсон аз аз худо натарсид, ба ҳама кори зишту гӯшношунид қодир аст! Айбро дар ислому масеҳияту дигар адён наҷӯед, беҳтараш гиребони худ бибӯед!!!