Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи вижаи Муҳаммад Расулоф барои "Донаи анҷири маобид"


Муҳаммад Расулоф. Фаронса, 25-уми майи 2024
Муҳаммад Расулоф. Фаронса, 25-уми майи 2024

Коргардони машҳури эронӣ, Муҳаммад Расулоф, дар ҷашнвораи синамои Канн барои "Донаи анҷири маобид" ҷоизаи вижа гирифт.

Ин филм дар бораи як вакили мудофеъст, ки дар пайи эътирозҳо алайҳи ҳукумат зиндагии аъзои хонаводааш вайрон шудааст.

Расулофи 51-сола ҳангоми дарёфти ҷоиза дар шаҳри соҳилии Канни Фаронса гуфт, дилаш ба гурӯҳи таҳиягарони ин филм месӯзад, ки дар Эрон в азери фишори идораи истихборот ҳастанд.

Муҳаммад Расулоф рӯзи 13-уми майи имсол хабар дод, ки тавонистааст пинҳонӣ Эронро тарк кунад. Додгоҳ ӯро барои “рафтори зидди амнияти миллӣ” гунаҳкор дониста, ба ҳашт сол зиндон ва шаллоқ (тозиёна) маҳкум карда буд.

Анҷумани синамогарони мустақили Эрон дар баёнияе гуфта буд, ҳукми Муҳаммад Расулоф нишон медиҳад, ки “қонун дар дастгоҳи қазоии Ҷумҳурии Исломӣ танҳо абзоре барои интиқомгирӣ аз мухолифон аст.”

Ин коргардон дар соли 2020 барои достонаш дар бораи ҳукми қатл ва зулм дар Эрон ҷоизаи олии ҷашнвораи синамои Берлинро соҳиб шуда буд.

XS
SM
MD
LG