Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти муштараки Чин ва Тоҷикистон


Тоҷикистон ва Чин нахустин бор рӯзи душанбеи 27-уми октябр як амалиёти муштараки зидди қочоқи маводи мухаддирро оғоз намуданд, ки то 21-уми ноябр ҷараён меёбад.

Тоҷикистон ва Чин рӯзи душанбеи 27-уми октябр як амалиёти муштараки зидди қочоқи маводи мухаддирро оғоз намуданд. Ба иттилои хабаргузории давлатии Чин, Синхуа, ин амалиёт, ки то 21-уми ноябр дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминӣ ҷараён меёбад, аз тарафи як ситоди муштараке сарварӣ хоҳад шуд, ки дар Дафтари Амнияти Ҷамъияти Минтақаи Мухтори Шинҷону Уйғур таъсис ёфтааст.

Хабаргузорӣ мегӯяд, ду кишвар тавонистаанд, ки дар ин муддат механизмҳои табодули иттилоъ ва ташкили ҳамоҳангии нерӯҳои амниятии худро ба вуҷуд оранд. Яке аз ҳадафҳои амалиёти муштараки Тоҷикистон ва Чин ошкор ва боздошт кардани қочоқбарон ва тоҷирони маводи мухаддир аст.

Ду кишвар аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буда, ба ғайр аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби он ҳамчунин созишномаҳои дуҷониба ба имзо расондаанд.

Охири моҳи августи соли равон вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар Пекин бо раиси Хадамоти амнияти Чин Менг Ҷянжу ва вазири амнияти оми Чин Гуо Шенгкун дидору гуфтушунид дошт ва дар ин нишастҳо масъалаи таҳкими робита миёни ниҳодҳои интизомии ду кишвар баррасӣ шудааст.

Амалиёти муштараки Чин ва Тоҷикистон зидди қочоқ ва тиҷорати маводи мухаддир дар ҳоле оғоз шудааст, ки тобистони соли равон дар вилоряти мухтори Шинҷону Уйғури Чин бар асари ошӯбҳо даҳҳо нафар кушта шуданд. Ин вилоят яке аз минтақаҳои барои Чин мушкил аст, зеро созмону гурӯҳҳои пинҳонкори он барои ҷудоии он аз Чин мубориза мебаранд. Онҳо ҳукумати Чинро масъули поймол шудани ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ мешуморанд. Манобеи давлати Чин мегӯянд, дар ин ҷо гурӯҳ ва созмонҳои тундрави исломӣ амал мекунанд ва пайваста суботро дар ин ҷо баҳам мезананд.

Вилояти Шинҷон-Уйғур бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз буда, ақаллияти бузургтарини қавмиаш уйғурҳоянд, ки забонашон аз хонаводаи забонҳои туркист. Дар минтақаи Тошқӯрғони вилояти Шинҷон тақрибан 70 000 тоҷикҳо низ ба сар мебаранд, ки ба лаҳҷаи сарикӯлӣ ҳарф мезананд.

XS
SM
MD
LG