Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи байналмилалии Гаага ба Ҷон Болтон посух дод


Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар вокуниш ба изҳороти тунди рӯзи гузаштаи мушовири амнияти милии Амрико Ҷон Болтон гуфт, ки ин ниҳод фаъолияти худро бидуни ҳеҷ тағйир идома медиҳад.

Болтон гуфт, ки агар ин додгоҳ ба таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон машғул шавад, нисбати мақомоти ин додгоҳ таҳрим ҷорӣ мекунад.

Адолат ин шаҳомату дороӣ нест, ин зербинои ҳуқуқи башар аст. ​

Додгоҳи воқеъ дар Гаага, ки ба таҳқиқи ҷиноятҳои марбут ба наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҷангӣ машғул аст, бо пахши изҳороте рӯзи 11 сентябр гуфт, ки фаъолияти ин додгоҳи мустақил бо пуштибонии 123 давлат идома мекунад. Дар изҳорот, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки “ин як додгоҳи пойбанд ба ҳуқуқ ва қонун, фаъолияти худро бидуни тағйир ва бар пояи принсипи тантанаи қонун” идома медиҳад.

Болтон: Мақомоти Додгоҳи байналмилалиро таҳрим мекунем

ИМА таҳдид кард, ки агар Додгоҳи байналмилалии ҷиноёти ҷангӣ бо таҳқиқи иттиҳомоти эҳтимолии ҷиноёти ҷангии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон машғул шавад, мақомоти ин додгоҳ дар Гаагаро таҳрим мекунад.

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии президент Доналд Трамп рӯзи 10 сентябр гуфт, Додгоҳи байналмилалии воқеъ дар Ҳолланд барои ИМА, Исроил ва дигар муттафиқонаш “ғайри қобили пазириш” ва “комилан хатарнок” аст. Зимни як суханронӣ дар ҷамъияти муҳофизакорони федеролисти Вашингтон Болтон гуфт, ки додгоҳи байналмилалии Гаага “аз ҳама назар барои мо тамом шуд”.

"Мақомоти додгоҳро таҳрим мекунем"

Болтон гуфт, ки ҳама гуна таҳқиқи эҳтимоли содир шудани ҷинояти ҷангӣ аз ҷониби низомиёни амрикоӣ ваё мутахассисони соҳаи иктишоф дар ҷанги Афғонистон “комилан беасос ва ғайри қобили тавҷеҳ” мешавад.

Ӯ ҳушдор дод, ки “агар додгоҳ мо, Исроил ваё дигар муттафиқи ИМА-ро суроғ кард, мо ором наменишинем”.

Мушовири амнияти милии ИМА гуфт, ки агар мақомоти додгоҳи байналмилалӣ зидди як амрикоӣ иқдом кунад, Вашингтон омода аст, ки ҳама гуна таҳримҳои молӣ ва ҳам иттиҳомоти ҷиноиро болои онҳо ҷорӣ кунад. “Мо додрас ва додситонҳои ин додгоҳро аз ҳақи вуруд ба ИМА маҳрум мекунем. Маблағҳои онҳо дар хоки ИМА мавриди таҳрим қарор мегиранд ва худи онҳоро бар асоси низоми додгустарии ИМА муҳокима мекунем”, гуфт Болтон. Ӯ инчунин гуфт, ки ҳама ширкат ё давлате, ки барои анҷоми таҳқиқи ҷиноӣ зидди амрикоиҳо ба Додгоҳи байналмилалии Гаага кӯмак мекунанд, бо айни чунин муҷозот рӯбарӯ мешаванд.

Ноябри соли 2017 як додситони Додгоҳи байналмилалии Гаага дархост кард, ки дар робита бо иттиҳоми содир кардани ҷинояти ҷангии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон, ба вижа дар робита бо озори боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Болтон гуфт, ки то имрӯз на Афғонистон ва на дигар давлате, ки фаъолияти Додгоҳи байналмилалиро эътироф кардааст, барои анҷоми чунин таҳқиқот дархост надодааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, расман ин додгоҳ метавонад дар ҳар лаҳза чунин таҳқиқотро шурӯъ кунад.

"Бигузор худ аз худ аз байн равад"

Болтон ба тасмими ахири раҳбарияти Фаластин муроҷиат кард, ки муҳокимаи мақомоти Исроилро дар Додгоҳи байналмилалӣ дархост кард. Болтон гуфт, ки ИМА тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишвар ва ҳам муттафиқонаш дар баробари ин додгоҳ ҳифз шавад.

Ӯ гуфт, ки Амрико бо ин додгоҳ ҳамкорӣ намекунад ва ҳеҷ кӯмаке ҳам ба ин додгоҳ ироа нахоҳад кард. “Мо ба додгоҳи байналмилалӣ ҳамроҳ нахоҳем шуд ва бигузор ин сохтор худ аз худ аз байн равад”, гуфт ӯ.

Вокуниш дар Афғонистон

Дар вокуниш ба изҳороти Болтон раиси комиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон Симо Самар гуфт, ки интиқоди Болтон боиси эҷоди як муҳити беҷазоӣ дар кишвари ҷангзада мешавад. Ӯ гуфт, ки “адолат ин шаҳомату дороӣ нест, ин зербинои ҳуқуқи башар аст”. ​

Рӯзи 10 сентябр Вашинштон эълон кард, ки дафтари Созмони озодихоҳи Фаластин дар Вашингтонро мебандад. Сабаби ин иқдом - талоши раҳбарияти Фаластин барои ба додгоҳи байналмилалӣ додани Исроил мебошад.

Ҳезер Ноерт, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки Созмони озодихоҳи Фаластин дар амри эҳтиром ба сулҳу дигар арзишҳо нахост бо ҳукумати ИМА ҳамкорӣ кунад.

Таҳти раҳбарии президенти собиқ Ҷорҷ Буш ИМА созиши таъсиси Додгоҳи байналмилалиро, ки соли 2002 таъсис шуд, имзо накард. Ин додгоҳ бо ҳадафи ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорони ҷанг, онҳое, ки ҷиноятҳои зидди башарият содир кардаанд ваё даст ба наслкушӣ задаанд, таъсис шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG